Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли хабарнигори ББС дар Афғонистон


Дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон як хабарнигори радиои ББС ҳадафи тир қарор гирифт. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, хабарнигор Абдусамад Рӯҳонӣ рӯзи шанбе нопадид шуд ва рӯзи якшанбе ҷасади вай бо нишонаи тири туфанге, ки ба сараш холӣ шудааст, ошкор гардид. Сухангӯи Толибон даст доштани ҷангиёни шӯриширо дар ин ҳодиса рад кард. Дар ҳоли ҳозир Ҳилманд аз вилоёти пурхушунати Афғонистон арзёбӣ мешавад, ки бовар меравад, ҳудудан нисфи афюни ҷаҳонро тавлид мекунад. Рӯҳонӣ дуюмин хабарнигоре аст, ки соли ҷорӣ дар Афғонистон кушта мешавад.
XS
SM
MD
LG