Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин боздиди Бердимуҳаммадов аз Озарбойҷон


Имруз нахустин боздиди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон аз Озарбойҷон оғоз мешавад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид раҳбарони ин ду кишвар масъалаи эҳдоси лулаи нафти Дарёи Хазарро баррасӣ кунанд. Муносиботи Туркманистону Озарбойҷон солҳои ахир ба сабаби баҳсҳо роҷеъ ба мансубияти чоҳҳои нафтӣ дар Дарёи Хазар сард шуда буд. Ба ин сабаб 7 соли пеш Туркманистон сафири худро аз Озарбойҷон фаро хонд. Сафир моҳи марти соли ҷорӣ дубора ба кори худ баргашт. Ҳоло ҷонибҳо хостори эҳдоси лулаи нафти моварои Хазар ҳастанд. Ин лула хориҷ аз қаламрави Руссия мегузарад ва аз он Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ҷонибдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG