Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рузноманигор дар севвумин солгарди Андиҷон боздошт шуд


Дар рузҳои севвумин солгарди руйдодҳои хунини Андиҷони Узбакистон рузноманигор Носир Зокиров ду руз дар боздошт қарор дошт. Мақомоти интизомӣ вайро дар нақзи ба истилоҳ "тартиботи ҷамъиятӣ" боздошт кардаанд. Носир Зокиров дар гузашта барои бахши узбакии радиои Озодӣ кор мекард. Вай дар моҳи маи соли 2005 аз ҷумлаи нахустин рузноманигороне буд, ки дар бораи руйдодҳои хунини Андиҷон ба радиои Озодӣ гузориш дод. Ҷефрӣ Гедмин-раиси Радиои Аврупои Озод, Радиои Озодӣ дар робита бо ин боздошт гуфт, таҳқири рузноманигор Носиров аз суи мақомоти Узбакистон фақат бо севвумин солгарди Андиҷон мусодиф нест ва возеҳ аст, ки боздошти ин ҳафта беасос буд ва талоши дигари Каримов буд, то рузноманигоронеро битарсонанд, ки ҳақиқатро ба мардум мерасонанд.
XS
SM
MD
LG