Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум Амрикоро ба дипломатия даъват кард


Дар сеюмин рӯзи сафараш ба Иёлоти Муттаҳида Попи Рум Бенедикти 16 дар варзишгоҳи бейсболи шаҳри Вошингтон маросими ибодат доир мекунад, к интизор меравад дар он 45 ҳазор нафар ширкат намоянд. Попи Рум ҳамчунин ба раҳбарони донишгоҳу мактабҳои католикӣ паём фиристода бо роҳбарони панҷ мазҳаби ғайрикатоликӣ мулоқот хоҳад кард. Рӯзи чаҳоршанбе Бенедикти 16 бо раиси ҷумҳури Амрико мулоқоти хусусӣ дошт. Қабл аз ин мулоқот дар як маросими расмии истиқбол дар Кохи Сафед Попи Рум аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки низоъҳоро аз тариқи дипломатияи байнулмилалӣ ҳаллу фасл кунад ва аммо ӯ аз ҷанг дар Иро ёдовар нашуд.

XS
SM
MD
LG