Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Райс ба сиёсати нармтар нисбат ба Тибет


Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс аз давлати Чин даъват кард, дар қиболи Тибет аз як сиёсати бештар “қобили қабул” кор бигирад. Райс ҳамчунин хостори шурӯъи гуфтугӯи Пекин бо Далай Лама шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати дар ғурбат қарордоштаи Тибет мегӯяд, дар ҷараёни эътирозҳои ахири зидди Чин дар Тибет 135 нафар кушта ва беш аз 1 300 тибетӣ боздошт шудаанд.

Чин ҳалокати танҳо камтар аз 20 нафар дар ошӯбҳои Тибетро эътироф карда, мегӯяд, бар он ошӯбҳо тарафдорони Далай Лама раҳбарӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG