Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарнамоии Филармонияи Ню-Йорк дар Пйонгянг


Имрӯз дар Кореяи Шимолӣ нахустин консерти оркестри амрикоии Филармонияи Ню-Йорк баргузор мешавад. Ҳунарнамоии мазкур, ки дар Пйонгянг ҷараён мегирад, бо пахши сурудҳои миллии ҳарду кишвар шурӯъ шуд. Дар барномаи консертӣ эҷодиёти Риҳард Вагнер, Антонин Дворжак ва Ҷорҷ Гершвин садо хоҳад дод. Консерти мазкур ба таври зинда тавассути телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ намоиш дода мешавад. Дар дохили толори консертӣ парчамҳои миллии ҳарду кишвар барафтохта шудааст. Мудири мусиқии Филармонияи Ню-Йорк Лорин Маазел изҳори умедворӣ кард, ки намоиши ҳунарии онҳо дар самти наздикшавии ИМА ва Кореяи Шимолӣ саҳм хоҳад гузошт. Ин ду кишвар миёни ҳам равобити дипломатӣ надоранд ва муддатҳо буд барномаи ҳастаии Пйонгянг чун омили аслии мухолифатҳои миёни ду кишвар арзёбӣ мешуд.
XS
SM
MD
LG