Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи хушунат ё талаби талоқ? Мардҳо бераҳм шудаанд, занон ҳақталош. ВИДЕО


Занони тоҷике, ки мегӯянд, аз ҷониби шавҳарон хушунат шудаанд

Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар Хатлон бар ин назаранд, ки аксари занҳо хушунату зуроварии шавҳаронро барои талоқ нагирифтан солҳо пинҳон медоранд. Аммо, ба гуфтаи онҳо, солҳои ахир падидае шакл гирифтааст, ки занҳо ин қолабро мешикананд ва аз хушунати шавҳарон ба мақомот шикоят мекунанд.

Гулрафтор, номи шартии зани 40-сола ва модари ду фарзанд аз Кушониён аст, ки мегӯяд, нуҳ сол хушунати шавҳарро таҳаммул кард, вале билохира ба созмонҳои ҷаъмиятӣ барои кӯмак муроҷиат кард.

Ӯ гуфт, пайваста мавриди латукуби шавҳар қарор дошт, вале ба хотири аз ҳам напошидани хонавода инро таҳаммул мекард.

“Ба хонаводаи худам низ намегуфтам, вале дигар тоқатам тоқ шуд. Як ҳафта шуд, ки мехоҳам талоқ гирам”,-гуфт ӯ.

Видеоро ин ҷо бубинед

Кумаки ҳуқуқӣ ба занони азиятдидаи Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Дар чеҳраи ин зан осори латукӯб дида мешуд. Ӯ гуфт, ки ин осори зарбҳои шавҳараш аст.

Назари шавҳари ӯ маълум нест ва дақиқ кардан, ки осори ин зарбҳо аз куҷо пайдо шудааст, феълан ғайриимкон аст.

Аксари мардони тоҷик, баръакс, занҳоро ба он муттаҳам мекунанд, ки бекории онҳоро ба назар намегиранд ва пайваста талабҳои берун аз тавони молии онҳо мекунанд. Решаи хушунатро мардон дар он медонанд, ки занҳо дар вазъияти бекорӣ ва бепулӣ онҳоро асабонӣ мекунанд.

Як зани 50 сола, ки аз созмони ҷаъмиятии “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар кӯмак пурсидааст, рад намекунад, ки решаи ҷанҷоли ӯ бо шавҳараш барои ҷиҳози хона буд.

Ӯ мегӯяд, занҳо танҳо барои ободии манзили зист ва ояндаи кӯдакон талош мекунанд, вале мардон онҳоро дарк намекунанд.

Дар Тоҷикистон аксари занҳо хонашинанд ва таъмини рӯзгор бар души мардон аст.

Ин зан мегӯяд, дар ҳамаи хонавода баҳс мешавад, вале баҳс аз хушунат фарқ дорад. Ӯ гуфт, дигар зиндагии пур аз хушунатро таҳаммул намекунад ва аз шавҳараш талоқ мегирад.

“Дар дилам ба шатта мезанад ва буғиям мекунад. Ҳама ҳамсояҳо ин ҳолатро дидаанд”,-гуфт ин зан.

Заноне, ки ба созмонҳои ҷамъиятӣ барои кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд, тасмим доранд, аз шавҳарони худ ҷудо шаванд, вале нияти ба додгоҳ кашидани онҳоро надоранд. Онҳо мегӯянд, танҳо ба хотири доштани фарзандони муштарак ин корро намекунанд.

Равоншиносони маркази “Ғамхорӣ” мегӯянд, занон аз хушунати равонию ҷисмонӣ ва гоҳо шаҳвонӣ шикоят мекунанд. Рухшона Шоимова, равоншиносе, ки бо занон кор мекунад, гуфт, “бо онҳо машварати инфиродӣ мегузаронем ва занро аз ҳолати рӯҳафтодагӣ мебарорем".

Ин созмон барои занҳои хушунатдида шуғлҳои гуногунро пешниҳод мекунанд, то ҳолати афсурдагии онҳоро рафъ кунад.

Дар як моҳи ахир наздики 90 зан ба ин созмон муроҷиат кардааст ва бештари онҳо гуфтаанд, ки мавриди хушунати шавҳарон қарор гирифтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG