Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 зан – дар порлумони нави Тоҷикистон. "Сиёсат ҳамоно симои мардона дорад". ВИДЕО, САДО


Дар натиҷаи интихоботи порлумонии якуми март, 15 зан дар Маҷлиси Намояндагон соҳиби курсӣ шудаанд. Теъдоди бонувон ин дафъа дар порлумон се нафар бештар аст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳафтуми март дар суханроние бахшида ба Рӯзи Модар гуфт, "ин нишонаи эътирофи мақому манзалати зан аз ҷониби шаҳрвандон ва давлату Ҳукумат мебошад". Мунтақидон мегӯянд, аксари ин занҳо намояндаи ҳизби ҳоким ҳастанд ва мисли солҳои пеш ҳузури онҳо дар ҷаласаҳои порлумон кам мемонад.

Яке вазири пешини меҳнат, дигаре раиси собиқи Кумитаи занон

Сурайёи Шуҷоат, хабарнигор ва таҳлилгари масоили занон, гуфт, занони вакил вориди саҳнаи сиёсати бузург ҳастанд, вале ба бовари ӯ, "бархеҳо баъд аз анҷоми муҳлати вакилӣ соҳиби мансаб мешаванду... мераванд".

Вай ҳамзамон гуфт, бонувони вакил дар порлумони Тоҷикистон дар ҳоле метавонанд барои расидагӣ ба мушкили занҳо даст ба кор шуда, қонунҳои муҳимро қабулу амалӣ кунанд, ки таҷриба ва дониши худро истифода баранд.

"Сумангул Тағойзода, вазири пешини меҳнат вориди порлумон шуд, ки мушкили муҳоҷирон ва оилаҳои онҳоро хуб медонад. Идигул Қосимзода, раиси собиқи Кумитаи занон метавонад, мушкили даҳҳо хонаводаи ҷавонро ҳал кунад", -- шарҳ дод ӯ.

"Ҳузури занон дар Маҷлис бо суръати суст пеш меравад"

Дар Тоҷикистон ҳузури бонувон дар порлумон дар 25 соли гузашта аз се дарсади соли 1995 ба 24 дарсад дар соли 2020 афзоиш ёфтааст. Вале муҳаққиқони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар пажӯҳише бо номи "Ояндаи баробар" (Equal Future), ки рӯзи 6-уми март нашр шуд, мегӯянд, афзоиши ҳиссаи бонувон дар ниҳодҳои қонунгузори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо суръати суст пеш меравад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Теъдоди занон дар порлумони Тоҷикистон бештар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Муҳаққиқони СММ мегӯянд, агар тамоюли афзоиши шумори бонувон дар порлумони Тоҷикистон идома ёбад, то соли 2030 ин кишвар метавонад шумори мардону занонро дар ҳайати маҷлис тақрибан баробар кунад. Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки ба фарқ аз Арманистону Қирғизистон ва Узбекистон, ки барои бонувон дар маҷлис аз 25 то 30 дарсад "квота" муқаррар карда шудааст, дар Тоҷикистон чунин имтиёз вуҷуд надорад.

Занону духтарони тоҷик чӣ мушкил доранд?

Набуди ҷойи кор, монеа барои омӯзиш, хушунати хонаводагӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва раванди афзояндаи муҳоҷират аз мушкили асосии занону духтарони тоҷик гуфта мешавад.

Занони вакил мегӯянд, онҳо ба тавоноии худ ва барои баррасиву ҳалли чунин мушкилот бовар доранд. Гавҳар Шарофзода, раиси пешини Кумитаи забон ва вакили порлумон, рӯзи 6-уми март гуфт, афзоиши шумораи вакилон аз ҳисоби бонувон имкон медиҳад, мушкилоти онҳо дар порлумон бештар матраҳ шавад. “Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи занон дар муҳити хонавода ва ба таҳсил ҷалб кардани духтарон талош хоҳем кард”, -- афзуд ӯ.

Таҳлилгарон мегӯянд, сиёсати ҳукумат дар мавриди бонувон ва ё ҷалби ҷиддии онҳо ба корҳои давлатӣ ва масоили баробарии ҷинсӣ таҷдиди назар мехоҳад. Дар акси ҳол иддаои роҳкушоӣ ба рушди бонувон дар сатҳи шиоре мемонад, ки ҳамасола такрор мешавад.

“Сиёсат ҳамоно симои мардона дорад”

Миряна Сполярич Эггер, ёвари раҳбари UNDP ва раҳбари барномаҳои СММ барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, “занҳо бояд дар тасмимгириҳои сиёсиву иқтисодӣ таъсири чашмрас дошта бошанд”. Ӯ мегӯяд, баробарии ҷинсиятӣ гарави рушди фарогир ва босубот мебошад, вале бино ба изҳороти Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, “сиёсат ҳамоно симои мардона дорад”.

15 зан дар ҳайати нави порлумони Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим

Дар изҳороти ин ташкилот омадааст, занҳои хоҳишманди анҷоми фаъолиятҳои сиёсӣ бо табъиз, бартарии мардон, маблағгузории нокофӣ, нобоварӣ дар сиёсат, матбуот ва ҷомеа рӯбарӯ ҳастанд. Илова ба ин, падидаҳое ба монанди хушунат нисбат ба бонувони сиёсатмадор, аз ҷумла, хушунати интернетӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Эггер мегӯяд, барои таъмини ҳузури бештари занон дар сиёсат корҳои зиёде анҷом бояд дод, аз ҷумла, дар бахши қонунгузорӣ ва сиёсат, сармоягузорӣ ба баробарии ҷинсиятӣ, муқобила бо қолабҳои иҷтимоӣ ва ҳама гуна шаклҳои табъиз.

Қурбонзода: Мушкил дар худи занҳост

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи занон ва оила, мегӯяд, ҳукумат барномаҳои зиёдеро барои ҷалби занону духтарон ба сиёсат рӯйи даст дорад, “вале баъзан худи занон бо сабабҳои оилавӣ талоши бештаре ба харҷ намедиҳанд. Баъзе аз занон вақте як кӯдак таваллуд мекунанд, дигар аз кор мераванд ва таваллуди фарзанд баҳона мешавад, ки онҳо фаъол набошанд.”

Бори аввал аст, ки дар ҳайати 63-нафарии вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 15 бону ворид мешавад. Панҷ нафари онҳо ба воситаи феҳрасти ҳизбӣ ва бақия бо пешниҳод ва мусоидати ҲХДТ мандати вакили порлумонро соҳиб шудаанд.

Интизор меравад, яке аз бонувони вакил ба симати муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.

Дар интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки 1-уми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, беш аз 200 номзад аз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамин тавр тариқи худпешбарӣ ширкат карданд. Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва панҷ ҳизби дигар натиҷаҳои интихоботро пазируфтанд, аммо ҳизби сотсиал-демократ натиҷаҳоро қабул накард ва онро тақаллубӣ хонд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG