Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокимро пирӯзи интихобот, ҳизби мухолифро шикастхӯрда эълон карданд. ВИДЕО, ИНФОГРАФИКА


Бахтиёр Худоёрзода

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумониро эълон кард ва ҳамонгуна, ки интизор мерафт, ҳизби ҳокимро пирӯз эълон намуд. Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон бо тақрибан ним дарсади раъй ба порлумон роҳ наёфт ва раҳбаронаш гуфтанд, ки ин натиҷаро намепазиранд.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссия рӯзи 2-юми март дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз миёни беш аз 4 миллион раъйдиҳанда бештар аз нисфи онҳо ба тарафдории Ҳизби халқии демократӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд.

Ӯ афзуд, дар интихобот бештар аз 86 дар сади мардум ширкат кардаанд.

Эълони натиҷаҳои интихобот. Садои Бахтиёр Худоёрзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
Линки мустақим

Ба ин тартиб, аз рӯйи феҳрасти ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соҳиби 47 курсӣ дар порлумон шуд.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар порлумони гузашта соҳиби 5 курсӣ буд, тавонист ду курсии дигарро аз худ кунад. Раиси ҳизб Рустам Латифзода аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Восеъ пирӯз эълон шуд.

Натиҷаҳои ибтидоии интихобот:

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон тавонист, соҳиби 5 курсии порлумон шавад. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳарчанд натавонист аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ марзи панҷ дарсадиро гузарад, аммо ду номзади ин ҳизб дар ҳавзаҳои якмандатӣ ғолиб эълон шуданд.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо ба даст овардани беш аз панҷ дарсади раъй ҳақ пайдо кард, дар порлумон як намояндаи худро дошта бошад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар порлумон фақат як курсӣ дошт, ҳамин курсиашро ҳифз кард. Ҳарчанд раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, умед дошт 4 курсии порлумон аз онҳо мешавад. Ба тарафдории ин ҳизб беш аз 5 дарсади мардум раъй додаанд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолифи давлат, 0.32 дар сад раъйи мардумро ба даст овардааст ва ба порлумон роҳ наёфтааст.

Эълони натиҷаҳои интихобот аз забони Бахтиёр Худоёрзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизб, ки изҳори умедворӣ, кард, ба порлумон роҳ меёбанд, баъди эълони натиҷаҳо, поёни нишасти хабариро мунтазир нашуд ва толорро тарк кард.

Зоиров пеш аз эълони натиҷаҳои интихобот ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳизбаш порлумонӣ ҳам нашуд, онҳо дар ин маъракаи сиёсӣ тавонистанд, ҳизбашонро ба мардум бештар муаррифӣ кунанд. Зоиров афзуд: "Бубинед, то моҳи декабр моро чӣ қадар мардум мешинохтанд ва ҳоло чӣ гуна маъруфият дорад."

Натиҷаҳои чаҳори интихоботи порлумонии гузаштаро дар инҷо бинед:

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 нахустин интихоботе аст, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби умдаи мухолифи давлат баргузор шуд.

Дар интихобот шаш ҳизби хурди дигар аз ҷумла ҳизби мухолифи сотсиал-демократии Тоҷикистон ширкат карданд. Ин ҳизб ба сабаби надоштани пули кофӣ, маҷбур шуд, аз феҳрасти ҳизбӣ на 8, балки 5 нафарро ба мақоми номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад. Гаравпулии интихоботӣ тақрибан 600 долларро ташкил медиҳад.

Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии Раҳматулло Зойиров, сиёсатмадори шинохта дар интихоботҳои гузашта натавонистааст, садди 5 дарсадиро убур карда, ба порлумон роҳ ёбад. Ҳизб мегӯяд, ки интихоботҳо шаффофу одилона сурат нагирифтаанд ва вакилонашро ба порлумон роҳ надодаанд.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд. Таққаллубкорӣ, аз ҷумла раъйдиҳии оилавӣ, пур кардани қуттиҳои раъй ва шумориши нодурусти раъйи мардум дар тамоми интихоботҳои гузашта вуҷуд доштааст.

Эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Созмони мазкур бар хилофи тамоми солҳои пешин, имсол ҳайати хурди нозиронро ба Тоҷикистон фиристод, чун ба гуфтаи созмон бо назардошти муҳити пеш аз интихобот зарурате барои фиристодани нозирон вуҷуд надошт. Раҳбари ҳайати нозирон гуфт, арзёбиҳо аз ҷараёни раъйдиҳиро то чанд ҳафтаи оянда нашр мекунанд.

Бахтиёр Худоёрзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки интихобот шаффофу одилона баргузор шудааст ва онҳо шикояте дар бораи қонуншиканӣ нагирифтаанд.

Порлумони Тоҷикистон аз 63 курсӣ иборат аст. Вакилони порлумонро дар панҷ сол як бор интихоб мекунанд ва то кунун аксари курсиҳоро раиси ҳизби ҳоким дар даст доштааст. Дар Маҷлиси намояндагоне, ки ваколаташ ба поён расид, Ҳизби халқии демократӣ 51 курсӣ дошт.

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, порлумон яке аз се шохаи ҳокимият аст, ки бояд мустақил бошад, вале мухолифон мегӯянд, ин ниҳод пойбанди ҳукумат аст ва ҳар қонуне, ки аз сӯи ҳукумат пешниҳод мешавад, бе баҳси ҷиддӣ қабул мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (59)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG