Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хусур барои ба худкушӣ расонидани Гулбаҳори 18-сола


Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон мардеро бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани арӯси 18-солаи хонавода боздошт кардаанд. Эмом Забиров, сокини 64-солаи деҳаи Зарнисори ноҳияи Ҷайҳунро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо таҳқиру дашноми зиёд сабаби аз ҷонаш "безор" шудани Гулбаҳор Фаромарзова шудааст.

Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба зидди Эмом Забиров бо иттиҳоми "ба худкушӣ расонидан" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Раҷабзода Шоҳрух, додситони ноҳияи Ҷайҳун рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ, гуфт, "ҳудуди як моҳ мешавад, ки ба ҳабс гирифта шудааст. Духтар бемории равонӣ надошт ва инро ташхиси тиббӣ нишон дод, ки дар ягон шифохона сабт нашудааст. Озори зиёд, таҳқири мунтазам ва паст задани шаъну шараф сабаб шудааст, ки худкушӣ кунад".

Барои ин ҷиноят, яъне то ба худкушӣ расонидани инсон дар Тоҷикистон ҷазои маҳрумият аз озодӣ аз 5 то 8 сол муқаррар шудааст.

Оё Гулбаҳор бемори равонӣ буд?

Гулбаҳор Фаромарзоваро рӯзи 15-и апрел дар анбори хонаи шавҳараш овехта пайдо карданд ва дар маҳаллаҳои атрофу сару садо бархост, ки чаро як арсӯи 18-сола бо гузашти муддати кӯтоҳе аз арӯсӣ худро куштааст. Хонаводаи шавҳари Гулбаҳор мегӯяд, ки вазъи равонии келин хуб набуд ва эҳтимолан бемории равони сабаби қасди ҷони худ кардани ӯ шудааст. Аммо волидони духтару дигар хешовандонаш мегуфтанд, ки ӯ бемории равоние надошт.

Эмомалӣ Фаромарзов, амаки Гулбаҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародарзодааш ҳамеша аз зулми хусур шикоят мекард, вале волидон тавсия медоданд, ки барои аз ҳам напошидани оила ба хонаи шавҳараш баргардад. Ӯ афзуд, "хусурашро боздошт кардаанд, мунтазирам, ки чӣ мешавад ва чӣ ҷазо мегирад".

Ба қавли ӯ, падарарӯс Гулбаҳорро пайваста дашном медод, муносибати хуб надошт ва аз ин сабаб ӯ намехост, ба хонаи шавҳар равад.

Гулбаҳор Фаромарзова соли 2018 бо Раҷабалӣ Забиров издивоҷ кардааст. Баъди шаш моҳи издивоҷ шавҳараш ба муҳоҷират рафта, ягона келин дар хонаводаи шавҳараш будааст. Баъди ҳамин дигар шавҳар ӯро зинда надид. Вақти худкушии Гулбаҳор шавҳараш дар Русия буд.

Худкушии арӯсони ҷавон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон худкушии арӯсони ҷавон зиёдтар ва мояи нигаронии худи мақомоти расмӣ ҳам шудааст. Дар аксар маврид зӯроварӣ ва ҷабру зулм ба зан сабаби худкушии онҳо мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, зӯроварӣ ба зан ва умуман хушунати хонаводагӣ, нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон аст, ки зиндагии миллионҳо зану духтар дар ҷаҳонро зеру забар мекунад, балки монеи пешрафти ҷомеаҳо мешавад. Бо вуҷуди онки Тоҷикистон "Қонун дар бораи мубориза бо зӯроварӣ дар оила"-ро қабул кардааст, Барномаи давлатии пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 вуҷуд дорад ва нақшаи иҷрои он амалӣ мешавад, аммо ҷабру зулм ба зан як "расми маъмул" аст, ки аз қадим омаадааст.

Сабаби решакан нашудани ин зуҳурот ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дарки нокофии масъала аст. Дар Тоҷикистон ҳоло ин ақида ҳаст, ки "хушунати хонаводагӣ дар муқоиса ба масоили дигари иҷтимоӣ, аҳамияти камтар дорад ва масъалаи хусусӣ аст, ки бояд дар дохили хона ҳал шавад".

Ҳамин ақида ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ сабаб мешавад, онҳое, ки ба занон ҷабру зулм мекунанд, беҷазо мемонанд ва ҳамингуна рафторашро идома медиҳанд, ки он ҳам ба марги духтарони ҷавоне ба мисли Гулбаҳор Фаромарзова меанҷомад.

Шарҳҳоро бинед (12)

XS
SM
MD
LG