Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хусур барои "ба худкушӣ расондан"-и арӯс 5 сол зиндонӣ шуд


Эмом Забиров, сокини 64-солаи деҳаи Зарнисори ноҳияи Ҷайҳун, бо ҷурми "ба худкушӣ расондани арӯси ҳаждаҳсолаи хонавода Гулбаҳор Фаромарзова" панҷ солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум шудааст.

Манобеъ дар ниҳодҳои интизомии ноҳия рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Забиров давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард. Феълан ҷузъиёти аз ин бештари ҳукм дастрас нест.

Пайвандони Эмом Забиров гуфтанд, онҳо аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош хоҳанд кард. Онҳо бовар доранд, ки арӯси хонавода бемори равонӣ буд ва худкушӣ кардааст. Нуктае, ки ҷониби даъвогар қабул надорад.

Ҳукми Эмом Забиров ҳафтаи гузашта содир шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва тарафҳо ҳақ доранд, ки аз рӯйи он шикоят кунанд. Шоҳрух Раҷабзода, додситони ноҳияи Ҷайҳун, эълони ҳукми додгоҳро тасдиқ кард, аммо гуфт, ӯ барои маҳкумшуда 8 соли зиндон сол талаб карда буд.

Парвандаи Эмом Забиров бар асоси моддаи ба "худкушӣ расонидан" баррасӣ шудааст, ки барои ин ҷиноят дар қонунҳои Тоҷикистон аз 5 то 8 соли маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Забировро моҳи июни имсол дастгир карда буданд.

Ҷасади Гулбаҳор Фаромарзоваро рӯзи 15-уми апрели имсол дар анбори хонаи шавҳараш овехта пайдо карданд. Хонаводаи домод гуфтанд, ки вазъи равонии арӯс хуб набуд, аммо волидони духтар гуфтанд, ӯ бемории равонӣ надошт ва ташхиси тиббиву додгоҳ низ бемор будани ӯро рад кардааст.

Мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, ки "озори зиёд, таҳқири пайваста ва паст задани шаъну шараф" сабаб шудааст, ки арӯси хонавода худкушӣ кунад.

Гулбаҳор Фаромарзова соли 2018 бо Раҷабалӣ Забиров, писари Эмом Забиров издивоҷ карда буд.

Эмомалӣ Фаромарзов, амаки Гулбаҳор Фаромарзова, гуфт, тақрибан ним сол боз мунтазири ҳукми додгоҳ буданд ва ҳоло дилашон таскин ёфтааст. "Аз ҳукми баровардаи додгоҳ қонеъ ҳастем. Андаке ҳам бошад, диламон ором гирифт. Бигзор ба дигарон дарси ибрат шавад, то арӯси хонаводаро азият накунанд ва ҷонашро ба лаб наоранд",-афзуд ӯ.

Баръакси ин, Аҳком Забиров, бародари маҳкумшуда мегӯяд, "ба ӯ туҳмат карданд ва мо талош мекунем, ки бегуноҳии бародарамро исбот кунем".

Дар Тоҷикистон тайи чаҳор соли ахир худкушии арӯсони ҷавон зиёд сабт шуда, мояи нигаронии мақомот ва коршиносон шудааст. Дар аксар маворид зӯроварӣ ва ҷабру зулм ба зан сабаби худкушии онҳо гуфта мешавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, зӯроварӣ ба зан ва умуман хушунати хонаводагӣ, нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон аст, ки на танҳо зиндагии ҳазорон зану духтар дар ҷаҳонро зеру забар мекунад, балки монеи пешрафти ҷомеаҳо мешавад.

Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон "Қонун дар бораи мубориза бо зӯроварӣ дар оила"-ро қабул кардааст ва Барномаи давлатии пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 вуҷуд дорад, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, "зӯроварӣ ба зан дар хонавода мушкили ҷиддӣ мемонад ва ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи он ба қадри кофӣ талош намекунад".

Дар ҳамин ҳол, таҳқиқе, ки бо мусоидати Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ се сол пеш анҷом шудааст, нишон додааст, ки 97 дар сади мардон ва 72 дар сади занон ба ин назаранд, ки барои ҳифзи оила занҳо бояд ҳаргуна ҷабр ба ҷонашонро таҳаммул кунанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG