Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагони эътирозгарони Хоруғ тасдиқ карданд, ки дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи 21 май як гурӯҳи сокинони башӯромада манзили сардори милисаи шаҳр дар маҳаллаи Бархоруғро низ оташ задаанд.

Алим Шерзамонов, узви гурӯҳи мавсум ба "ҷомиаи шаҳрвандӣ", ки аз манфиатҳои эътирозгарони Хоруғ намояндагӣ мекунад, шоми 27 май дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, интизор меравад, додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода, ки бо сафари расмӣ вориди Хоруғ шудааст, рӯзи 28 май бо фаъолону мақомоти шаҳр ва ба таври алоҳида бо намояндагони эътирозгарон мулоқот кунад. Ин мулоқотҳо, ба гуфтаи ӯ, бояд шоми сешанбе доир мешуд, вале то рӯзи чоршанбе ба таъхир гузошта шуд.

Алим Шерзамонов сару садоҳо дар бораи рӯзи 21 май, дар ҷараёни эътирозҳои Хоруғ оташ зада шудани манзили сардори милисаи Хоруғ полковник Бахтавлатовро низ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ҳанӯз намедонад, ки бар асари ин сӯхтор ба манзили раҳбари милиса чӣ осебе расидааст, вале ин манзил навсохт будааст ва ба гуфтаи Шерзамонов, дар он касе зиндагӣ намекард. Ӯ афзуд, ба шунидаш, дар рӯзи эътирозҳо як гурӯҳи занони маҳаллӣ Хоруғ манзили полковник Бахтдавлатовро оташ задаанд.

Худи Бахтдавлатов то ҳол қазияи сӯхтани хонаашро шарҳ надодааст.

Хоруғ. Эътирози "ҷомеаи шаҳрвандӣ" аз матолиби расонаҳои давлатӣ

Намояндагони «ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Хоруғ мегӯянд, ки онҳо имрӯз дар вокуниш ба нашри мақолаву гузоришҳои интиқодӣ дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ доир ба ҳодисаҳои Бадахшон, эътироз хоҳанд бурд. Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон гуфт, ки имрӯз онҳо ҳамроҳ бо намояндагони худ дар Кумиссюни муштараки тафтиши ҳодисаҳои рӯзҳои 21-25 майи Хоруғ ба хотири нашри мақолаву гузоришҳои танқидӣ дар расонаҳои ҳукуматӣ доир ба ҳодисаҳои Хоруғ эътироз хоҳанд бурд.

Алим Шерзамонов рӯзи 27-уми май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки аз ҷараёни тафтишоти ҳодисаҳои рӯзҳои 21-25 майи Хоруғ аз тарафи Кумиссюн муштарак қонеъ ҳастанд, вале ба хотири ин, ки сарфи назар аз тавофуқоте ҳосил шуда, расонаҳои давлатӣ оид ба нооромиҳои ахири Хоруғ мақолаву гузоришҳои танқидӣ ва бидуни далел нашр мекунанд, онҳо ба Кумиссюни муштарак ба намояндагони мақомомти ҳукуматӣ эътироз хоҳанд кард.

Вай гуфт, ки қабл аз оғози кори Кумиссюни муштарак дар мулоқот бо ёвари президент генерал Шералӣ Хайруллоев ва вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода созиш карданд, ки "то анҷоми пурраи тафтишоти ҳодисаҳои ахири дар расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба ҳодисаҳо баҳогузорӣ карда нашавад, вале тайи ин чанд рӯз дар расонаҳои ҳукуматӣ чандин мақолаву гузоришҳо ба чоп расид, ки дар онҳо мардуми айбдор дониста шуда мақомоти умури доиила сафед карда шудаааст."

Аммо ҷаноби Шерзамонов ба таври мушаххас дар кадом нашрияи ҳукуматӣ нашр шудани чунин мақолаҳоро мисол наовард. Вай афзуд: «Феълан ҳайати Кумиссюни муштарак ба таҳқиқи ҳодисаҳои рӯзҳои 21 ва 24 май идома дода истодааст, ки тафтишоти ҳаводиси махсусан ҳамин рӯзҳо ба суолҳои мо ки дар талабнома пешниҳод карда шудааст, ҷавоби дақиқ хоҳад дод.»

Вай афзуд, ки аз ҷараёни кори кумиссиюн қонеъанд ва мунтазири натиҷаи тафтишот мебошад. Вай гуфт, фазои Хоруғ муътадил аст ва мардум ба зиндагии маъмулии худ идома медиҳад.

Як гурӯҳи сокинони Хоруғ аз рӯзи 21 май дар паи ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 6 тани дигар дар як тирпарронӣ дар маркази Хоруғ ба нишони эътироз биноҳои милисаву амният ва додситониро оташ заданд ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони тирпарронии хунинро талаб карданд. Дар хушунатҳои баъдӣ боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд. Мақомот гуфт, ин тирпаронӣ дар пайи дастгир кардани як гурӯҳи гумонбарон дар муомилоти маводи мухаддир рух дода буд.

Эътирозгарон рӯзҳои 21-22 -23 ва 24-уми май дар майдони назди ҳукумати вилоят гирди ҳам омада талаб карданд, ки ҳодисаи тирпаронӣ мунсифона баррасӣ шуда, муҷримони тирпаронӣ ба ҷазо кашида шаванд. Аммо яке аз талаби мардуми гирдиҳамомада ин буд, ки ҷавонони ҳамлагар ба биноҳои ҳукумат, ки оташ заданд аз ҷавобгарӣ озод ва гирдиҳамоии онҳо қонунӣ дониста шавад. Ин талабе буд, ки аз тарафи мақомот пазируфта нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG