Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабҳои "гирдиҳамоии осоишта" дар Бишкек


Бадахшониҳои гирдиҳам омада дар назди сафорати Тоҷикистон дар Бишкек.
Бадахшониҳои гирдиҳам омада дар назди сафорати Тоҷикистон дар Бишкек.

Субҳи 24 май ҳудуди 100 нафар аз бадахшониёни муқими шаҳри Бишкек дар назди сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон гирди ҳам омада, аз ҷумла талаби таъсиси намояндагиҳои кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои ҷаҳонӣ дар ин вилоятро кардаанд.

Хурсанд Хуррамов, ноиби раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии халқҳои Помир дар Бишкек дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз, 24-уми май наздики 100 нафар аз бадахшониён ҳудуди 2 соат дар назди сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гирди ҳам омаданд. Ба гуфтаи Хурсанд Хуррамов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек Олим Раҳимов зуд ба назди онҳо баромада, ба ҳарфашон гӯш додаст.

"Дар ин гирдиҳамоӣ ва бахусус мулоқот бо сафири Тоҷикистон нигаронии худро дар нисбати ҳодисаҳои ахир дар шаҳри Хоруғ баён кардем ва бар инем, ки сабаби аслии вуқуи ин гуна ҳодисаҳо ҳал нагардидани мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар вилоят нобоварии аҳолӣ ба ҳукумати марказӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аст," - гуфт Хурсанд Хуррамов.

Ҷаноби Хуррамов гуфт, муроҷиатномаи бадахшониёни муқими Бишкек ба сафир ирсол гардид, ки дар он чанд пешниҳодеро барои ҳалли қазияи пешомада матраҳ кардаанд.

Аз ҷумла ба гуфтаи ин ширкатдори гирдиҳамоии осоишта "беҳтар аст, то комиссиюни порлумонӣ бо шумули ваиклони маҷлиси маҳаллӣ, вакилони дифоъ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёбад, ки тавонанд ҳодисаҳои ахирро ба таври шафоф ва объективӣ таҳқиқ намоянд." Ҳамчунин ба таъкиди вай ин комиссиюн метавонад, вазъи иҷтимоии вилояти Бадахшонро мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Ба гуфтаи вай, дар муроҷиатнома ҳамчунин ба ислоҳоти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъкид шуда ва пешниҳод шудааст, ки бояд дар вилояти Бадахшон таҷрибаи интихоби раҳбарони ҳокимияти маҳаллӣ, бахусус раҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳия анҷом шавад. Ҳамчунин ба порлумони маҳалли салоҳиятҳои бештар дода шавад, дар ҳоле, ки ба гуфтаи ширкатдорони гирдиҳамоии осоишат ин ниҳоди қонунгузор ҳеҷ салоҳиятеро ҳоло надорад.

Ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба сар задани муноқишаҳо дар қаламрави вилояти Бадахшон ширкатдорони гирдиҳамоии осоишта дар Бишкек хостори ифтитоҳи намояндагии САҲА ва кишварҳои абарқудрат, назири Русия, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Чин дар маркази маъмурии Бадахшон шуданд.

Бар илова, ширкаткунандагони гирдиҳамоии осоишта ба фаъолияти Омбудсмен - Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори нобоварӣ карда ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, то ҳамкориро бо ин ниҳод қатъ кунанд.

Мусоҳиби мо гуфт, ки "бадахшонини муқими шаҳри Бишкек аз ҳукумати марказии Тоҷикистон хостаанд, то муддати як ҳафта нисбати талаботҳояшон посух диҳад ва акси ҳол онҳо дубора ҷамъ мешаванд ва гирдиҳамоии худро то иҷро шудани талаботҳояшон идома хоҳанд дод."

"Гирдиҳамоии осоишта"-и бадахшониён дар Бишкек
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон.
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон.
Зимнан, субҳи имрӯз 24-уми май гурӯҳе аз бадахшониёни муқими шаҳри Бишкек дар назди сафорати Тоҷикистон дар Қиризистон дар иртибот ба ҳаводиси ахир дар шаҳри Хоруғ гирди ҳам омаданд, ки аз ҷониби сафир Олим Раҳимов пазируфта шуданд. Аммо сафири Тоҷикистон мегӯяд ҳудуди 40 нафар аз ин бадахшониҳоро дар атрофи сафорат дидааст. Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек рӯзи шанбеи 24-уми май дар як тамоми телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки "воқеан ҳудуди 40 нафар аз бадахшониёни муқими шаҳри Бишкек, ки аксаран ҷавонон буданд, дар назди сафорат ҷамъ шуданд ва ман муддати 35 дақиқа бо онҳо мулоқот доштам."

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимов, "ҷавонони бадахшӣ нигаронии худро нисбати ҳодисаҳо дар шаҳри Хоруғ баён доштанд ва муроҷиатномаи худро дар ин робита ба сафорат таслим карданд." Олим Раҳимов гуфт, мулоқот дар фазои ором баргузор шуда ва ҷонибҳо ҳамдигарро хуб фаҳмидаанд. Ӯ афзуд, "ба бадахшониёни муқими Бишкек иқдомоти ҳукумат барои мӯътадил гардонидани вазъ фаҳмонда шуд ва дар пайи сӯҳбатҳо онҳо розӣ шуданд ва сафоратро тарк карданд."

Сафири Тоҷикистон дар Бишкек мегӯяд, гирдиҳамомадагон муроҷиатномаашонро ба сафорат супурдаанд, ки ба гуфтаи ӯ, муҳтавои он таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ва мӯътадил кардани вазъ ва барқарории суботу оромӣ дар Бадахшонро ташкил медиҳад.

Қаблан эълом шуда буд, ки гурӯҳе аз бадахшониёни муқими шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизҳистон субҳи рӯзи шанбеи 24-уми май дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек "гирдлиҳамоии осоишта"-еро баргузор мекунанд.

Гуфта мешуд, ки гирдиҳамоии бадахшониёни муқими Бишкек бо мақомоти пойтахти Қирғизистон ҳамоҳанг ва мувофиқат шудаааст.

Рӯзи 21 май дар назди раёсати корҳои дохилии Хоруғ тирандозие ба амал омад, ки дар натиҷаи он 3 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин даргирӣ ҳангоми талоши боздошти як гурӯҳи гумонбаршуда дар қочоқи маводи мухаддир ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он як корманди полис кушта ва як коромӯз захмӣ гаштааст.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми май гуфтанд, ки бар асари тирпаронии шаби гузаштаи 23 ба 24-уми май дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон як нафари дигар ҳам кушта ва ду тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.

Як сокини шаҳри Хоруғ рӯзи шанбеи 24-уми май дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки Фурайдун Абдурасулов, захмии ҳодисаи рӯзи 21-уми май дар бемористон фавтид ва гурӯҳе аз мардуми гирдиҳамомада дар майдони назди ҳукумати шаҳри Хоруғ соатҳои 1 шаб ба сӯи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Бадахшон рафтанд ва дар роҳ тирпаронӣ шуда ва бар асари он яке аз норозиён кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба дунболи ин тирпарронӣ, рӯзи 21-уми май издиҳоме аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситониро оташ задаанд.
XS
SM
MD
LG