Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳайати муштарак бо ҳузури баробари Додситонии кулли Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон рӯйдоди 21-уми майи Хоруғро пажӯҳиш хоҳад кард.

Дар мулоқоти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо раиси вилоят Шодихон Ҷамшедов ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ барои баррасии моҷарои рӯзи 21-уми майи Хоруғ як ҳайати ҳаштнафарӣ таъсис ёфт.

Ба иттилои яке аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш, чаҳор нафар аз Додситонии кулли Тоҷикистон ва чаҳор нафар аз аҳҷи ҷомеаи Хоруғ ба ин ҳайат шомил шуданд. Ин манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати мазкур бояд сабабу пайомадҳои ҳодисаи рӯзи 21-уми май дар Хоруғро таҳқиқ ва натиҷаҳои онро эълом дорад. Мӯҳлати кори ин ҳайат муайян нашудааст.

Раҳбари бахши Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон дар Бадахшон Алим Шерзамонов, ки сарварии тазоҳуроти Хоруғро ба ӯҳда гирифтааст, баъд аз анҷоми ин ҳамоиш ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳамаи талабҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо ҳамин ташкили кумиссюн дар ҳоли ҳозир ба иҷро расид ва ҳамчун аввалин қадам шоҳиди асосии воқеа, Ширинбек Ширинбеков, ки дар Ванҷ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, ба Хоруғ интиқол хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ҷаноби Шерзамонов аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳибкор Музаффар Муборакшоев, намояндаи Лигаи вакилон, ҳуқуқшинос -- Фаромуз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шахси муваққатан бекор Хурсанд Мамадшоев шомил шуданд. Аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон -- Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангин, раҳбари ин ҳайат ва муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон -- Баҳодур Амонбеков, Абдулоиқ Мирзоев ва Набиҷон Набиев узви ин гурӯҳ хоҳанд буд.

Ҷаноби Шерзамонов афзуд, бо вуҷуди таъсиси ҳайати муштарак тазоҳурот дар майдони марказии Хоруғ идома хоҳад кард ва ҳукумат бояд замонат диҳад, ки ҳам ҷавононе, ки воқеаҳои 21-уми май даст доштанд ва ҳам онҳое, ки дар тазоҳурот ширкат доранд, ба ҷазо кашонда нашаванд. Дар мусоҳибаи пешинаи худ, соате пеш ҷаноби Шерзамонов гуфта буд, дар тазоҳуроти бадеҳӣ ё стихиявӣ дар майдони марказии Хоруғ “аз ду то се ҳазор нафар аз ҳисоби сокинони Хоруғ ва манотиқи атроф, ҳамчунин фаъолони ҷамъиятӣ” ширкат карданд ва танҳо бо ин ҳадаф, ки дар Хоруғ дигар аз силоҳ истифода нашавад.

Ҷаласа дар бинои ҳукумати вилоят дар ҳоле ҷараён гирифт, ки садҳо нафар дар майдони рӯбарӯи он ҷамъ омада буданд. Як манбаъ аз маҳалли гирдиҳамоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даҳҳо нафар аз эътирозгарон ба минбар баромада, талабҳои худро эълон карданд. Онҳо таҳқиқи ҳодисаҳои 21-уми май ва барканории афроди масъул ва махсусан сарони Раёсати корҳои дохилиро талаб намуданд.

Дар ҳоле ки тазоҳурот рӯзи 22-юми май сар шуда буд, гурӯҳе аз норозиён шабро дар хаймае дар майдони назди ҳукумати шаҳр рӯз кардаанд. Манбаи Радиои Озодӣ рӯзи ҷӯмъаи 23-юми май иттилоъ дод, ки "шоми дирӯз 22-уми май мулоқоти Шералӣ Хайруллоев,ёрдамчии раиси ҷумҳур ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо мардуми эътирозгар бидуни натиҷа анҷомид ва ба ин далел мардум майдонро тарк накарданд ва шаб он ҷо монданд."


Ба гуфтаи ин манбаъ, мардум талаб карданд, то пешниҳодҳои онҳо дар зудтарин фурсат, яъне то се рӯзи оянда иҷро шаванд. Аммо ба навбати худ намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ин муҳлатро нокофӣ дониста ва гуфтаанд, ки иҷрои талаботҳои онҳо вақти бештареро мехоҳад. Ба ин далел ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд ва эътирозгарон шабро дар хаймаҳо рӯз кардаанд.

Рӯзи 21 май дар назди Раёсати корҳои дохилии Хоруғ тирандозие ба амал омад, ки дар натиҷаи он 3 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин даргирӣ ҳангоми талоши боздошти як гуруҳи гумонбаршуда дар қочоқи маводи мухаддир ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он як корманди полис кушта ва як коромӯз захмӣ гаштааст.

Ба дунболи ин тирпарронӣ, издиҳоме аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситониро оташ задаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG