Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирдиҳамомадагон маркази Хоруғро то ҳол тарк накардаанд (ВИДЕОИ НАВ)


Мардуми гирдиҳамомада дар маркази Хоруғ шоми 22-уми май.

Мардуми гирдиҳамомада дар маркази Хоруғ шоми 22-уми май.

Тибқи хабарҳои расида аз шаҳри Хоруғ, ин лаҳзаҳо дар маркази ин шаҳр таҷаммӯъи мардум идома дорад ва мардуми гирди ҳам омада мегӯянд, интизори намояндагони мақомоти давлатӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи сокинон то ин лаҳза касе аз намояндагони мақомоти давлатӣ ба назди мардуми гирдиҳамомада ҳозир нашудаанд.

Як манбаъ аз маҳалли гирдиҳамоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки эътирозгарон ба такрор ба минбар баромада талаботҳои худро эълон мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, яке аз талабҳои мардуми гирдиҳамомада барканории сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон аст.

Тибқи хабарҳои расида аз шаҳри Хоруғ, гурӯҳе аз сокинони ин шаҳр, ки рӯзи 22-уми май бо нишони эътироз гирди ҳам омада буданд, шабро дар назди ҳукумати ин шаҳр дар хаймаҳо рӯз кардаанд.

Манбаи Радиои Озодӣ рӯзи ҷӯмъаи 23-юми май иттилоъ дод, ки "шоми дирӯз 22-уми май мулоқоти Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раиси ҷумҳур ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо мардуми эътирозгар бидуни натиҷа анҷомид ва ба ин далел мардум майдонро тарк накарданд ва шаб он ҷо монданд."

Ба гуфтаи ин манбаъ, мардум талаб карданд, то пешниҳодҳои онҳо дар зудтарин фурсат, яъне то се рӯзи оянда иҷро шаванд. Аммо ба навбати худ намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ин муҳлатро нокофӣ дониста ва гуфтаанд, ки иҷрои талаботҳои онҳо вақти бештареро мехоҳад. Ба ин далел ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд ва эътирозгарон шабро дар хаймаҳо рӯз кардаанд.

Бинои додситонии Хоруғ ҳангоми ҳодисаи дирӯза. Акс аз Фейсбук гирифта шудааст.

Бинои додситонии Хоруғ ҳангоми ҳодисаи дирӯза. Акс аз Фейсбук гирифта шудааст.

Ташкили кумиссиюни муштарак ба манзури таҳқиқи мунсифонаи ин ҳодиса, истеъфои мақомоти зирабт, раҳоии чанд тан аз зиндониёни сиёсӣ, таҳқиқи ҳодисаҳои тобистони соли 2012 ва латту кӯби сокинони ноҳияи Рӯшон аз ҷумлаи талаботҳои мардуми гиридиҳамомада дар назди ҳукумати шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон аст.

Зимнан, дар як амалиёти боздошт дар маркази Хоруғ, ки ба тирпаронӣ сурат гирифт, 3 нафар кушта ва 4 нафар дигар захмӣ шуданд.

Ба дунбол издиҳоми сокинон ба кӯчаҳо рехта, дафтарҳои пулису амният ва додситонӣ ва дастикам 3 мошини марбут ба милисаву додситониро оташ зада шуд.

Матолиби бештарро дар инҷо бубинед: http://www.ozodi.org/content/report-of-mia-tajikista-about-clush-khorugh-/25393749.html

ва: http://www.ozodi.org/content/one-killed-in-thje-clash-in-khorugh/25392642.html

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG