Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштван Нитраи: Рӯйдодҳои Хоруғ рабте ба сафари мо надорад


Намояндаи дафтари Иттиҳодияи Аврупо Иштван Нитраи мегӯяд, рӯйдодҳои ахири Хоруғ рабте ба дидори ӯ бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров надорад, балки баёнгари нобоварӣ байни ҳукумат ва бархе қишрҳои аҳолист.

Нооромиҳои ду рӯзи охири Хоруғ дигарбора исми Иштван Нитраи - мудири бахши сиёсат ва иттилооти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистонро вирди забонҳо кард. Дуруст дар арафаи тирпарронии рӯзи 21 майи Хоруғ, ки ба гирдиҳамоии эътирозии сокинони маҳаллӣ мунҷар шуд, дар матбуот хабари мулоқоти ҳанӯз як ҳафта қабл - рӯзҳои 10-14 май - анҷомшудаи як ҳайати намояндагии Иттиҳодияи Аврупо, бо шумули Иштван Нитраи ба Бадахшон ва мулоқоти онҳо бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров - яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар ин минтақа нашр шуд.

Дар номае ки аз номи гӯё як сокини Хоруғ дар Интернет нашр шуд, ин ҳайат ба талоши ноором сохтани вазъи Бадахшон ба гунаи Украина айбдор мешуд. Иштван Нитраи билофосила дар псоух ба ин иддао гуфт, ки бо Маҳмадбоқиров ба унвони раиси як маҳаллаи Хоруғ сӯҳбат кардаанд ва асосан пиромуни дурнамои вазъ баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон.

Иттифоқан ҳамагӣ як рӯз баъд аз ин моҷаро шаҳри Хоруғ шоҳиди тирпарронӣ ва эътирозҳои нав шуд. Ин иттифоқ боис шуд, ки бархе бори дигар ангушти иттиҳом ба сӯи Ғарб кунанд ва аз нав сафари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Бадахшону мулоқоти онҳо бо Маҳмадбоқировро ёдовар шаванд, ки бубинед, чӣ шуд.
Амирқул Азимов - раиси Кумитаи амният ва дифои порламони Тоҷикистон низ рӯзи 21 май дар гуфтугӯи ихтисосие бо Радиои Озодӣ зарурати ин мулоқотро зери суол бурд.

Дар як тамоси телефонӣ аз Иштван Нитраи пурсидем, ки бо назардошти рӯйдодҳои ду рӯзи охири Хоруғ дар бораи мулоқоташон бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров тавзеҳоти бештар бидиҳад:

Нитраи: (бо ханда) Намефаҳмам, ки миёни боздиди мо аз Хоруғ ва рӯйдодҳои дирӯзи ин шаҳр чӣ иртибот метавонад вуҷуд дошта бошад. Он қадр ки ман медонам, дирӯз талош карданд, ки мошинеро нигоҳ доранд. Мошин наистод ва тирандозӣ шурӯъ шуд. Ҳафтаи гузашта ду ҳамкори мо аз Бруссел ба ин ҷо омада буданд, мо як ҷо аз ин минтақа боздид кардем. Ман байни тирандозӣ ба сӯи мошин ва кори дипломатии мо дар минтақа иртиботе намебинам. Мо дар он ҷо бо раҳбари вилоят, бо шаҳрдор ва бо раҳбари бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир чанд мулоқот доштем. Гузашта аз ин, мо бо намояндагони маҳаллаҳои гуногун мулоқот кардем. Он қадар ки ман медонам, Маҳмадбоқиров дар гузашта раҳбарии бахши марзбонӣ дар ноҳияи Мурғобро ба дӯш дошт. Бале, вай дар ҷанги шаҳрвандӣ ширкат карда буд, баъд сулҳ шуд ва ҳамаи ин дар гузашта монд. Ин комилан қиссаи дигар аст.

Хоруғ. Асароти нооромиҳои ахир
Хоруғ. Асароти нооромиҳои ахир
Он чӣ ба имрӯз дахл дорад, мо дар минтақа аз ВОМСА, яъне Барномаи идораи умури марзӣ дар Осиёи Марказӣ намояндагӣ мекунем. Масалан, ман ҳоло дар посгоҳи марзии Ҷӯи Болои Афғонистон қарор дорам ва дар маросими ифтитоҳи посгоҳ ширкат мекунам. Ин посгоҳро бо кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо ва СММ сохтанд. Кори баде нест, ки дар чаҳорчӯбаи барномаҳои Иттиҳодияи Аврупо намояндагони Аврупо аз марзи кишварҳое боздид мекунанд, ки дар онҷо сабти номи расмӣ доранд. Ин кори маъмулист. Ман, албатта, таассуф мехӯрам, ки чунин тасодуф рух дод. Ман иртиботи миёни боздид ва рӯйдодро намебинам.

Озодӣ: Ба ҳар ҳол мушаххасан сӯҳбат бо Маҳмадбоқир дар бораи чӣ буд?

Нитраи: Ин яке аз мулоқотҳои мутааддиди мо буд ва мавзӯи сӯҳбат ҳам ҳамон буд. Ҳоло соли 2014 аст. Мо мехоҳем пайомадҳои имконпазири хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистонро омӯзем. Мо мехоҳем дар ин бора ақидаҳои мардуми мухталифро бидонем, дар сатҳи ҳукумат, мардуми оддӣ ва сокинони маҳалҳо. Ин барои дарёфти маълумоти умумӣ муҳим аст, то дар бораи амният дар Тоҷикистон ва Афғонистон тасаввурот пайдо шавад. Ин як мулоқоти одӣ буд ва аҷиб аст, ки матбуоти маҳаллӣ мехоҳад дар бораи ин мулоқот маълумот дошта бошад. Мо дар мулоқотҳо бо ҳама як навъ суолҳоро матраҳ мекардем.

Озодӣ: Оқои Нитраи, шумо дар бораи рӯйдодҳои 21-уми майи Хоруғ чӣ назар доред? Ногаҳон 300 нафар ҷавонон ҷамъ шуданд, бебандуборӣ шурӯъ шуд, биноҳои ниҳодҳои интизомии вилоятиро оташ заданд. Ин ҳама - баъд аз ду соли ҳодисаҳои Хоруғ. Шумо чӣ мегӯед?

Нитраи: Медонед, тасаввуроти ман ин аст, ки миёни баъзе қишрҳои аҳолӣ ва ҳукумат боварӣ вуҷуд надорад. Мо мехоҳем ин мушкилро ҳал кунем ва барои ҳамин ин барномаро барои оштӣ додани аҳолии маҳалӣ бо ҳукумат иҷро мекунем. Ин як кишвар аст ва мардуму ҳукумат бояд дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунанд. Мо мехоҳем дар раванди мусолиҳа ба ҷонибҳо кӯмак кунем. Агар дар бораи рӯйдодҳои рӯзи гузашта сӯҳбат кунем, ман албатта, маълумоти дақиқ надорам ва он чӣ ман медонам аз навиштаҳои матбуот аст, аз ҷумла матбуоти маҳаллӣ. Дар хабарҳо омадааст, ки ин рӯйдодҳо бо нигоҳ доштани мошин оғоз ёфтааст. Дар ҳар ҳолат, ин ҳодисаҳо боиси таассуф аст, чунки одамон кушта ва захмӣ шуданд. Муттаассифона, ин ҳолат пеш омад.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки рӯйдоди дирӯза мумкин аст ҳушдоре барои Ғарб ва пеш аз ҳама барои ҳукумати Тоҷикистон баъд аз хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон бошад?

Нитраи: Ман наметавонам ин қадр дурбин бошам. Он чӣ ки рух дод бо як мошин иртибот дорад.

Озодӣ: Вале дар бораи эътирозҳо, оташ задани биноҳои пулису додситонӣ ва додгоҳ чӣ назар доред?

Нитраи: Албатта, ин андӯҳбор ва боиси таассуф аст. Мутаассифона, кор ҳамин тавр шуд. Хеле боиси таассуф аст, ки одамон зарар диданд ва кушта шуданд. Ин як амри мудҳиш аст.
XS
SM
MD
LG