Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Шабдолов: "Коре бояд кард, ки сарнавишти Қрим дар Бадахшон такрор нашавад"


Ҳаводиси ахири Хоруғ, ки 3 кушта ва 6 захмӣ барҷой гузошт, дар маҳофили таҳлилии Тоҷикистон назарҳои мухталиферо ба бор овардааст.

Ҳаводиси ахири Хоруғ дар миёни таҳлилгарони Тоҷикистон назарҳои мухталиферо ба бор овардааст. Баъзе таҳлигарон маҳв кардани ҷинояткоронро кори дуруст шуморанд, аммо бархе дигар дар пасманзари ҳаводиси Қрим сар задани чунин ҳодисаҳоро дар Бадахшон "хатарнок" медонанд.

Мӯсо Асозода, соҳибназари тоҷик ҳодисаи ахир дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшонро халале ба амнияти кишвар дониста онро мояи нигаронӣ арзёбӣ кард.

Аммо бо ин ҳам ҷаноби Асозода гузаронидани амалиётро бар зидди гурӯҳҳои қочоқбар ва ҷиноятпеша ҳатмӣ медонад ва меафзояд, «албатта амалиётҳо зидди қочоқбарони маводи мухаддир ба хотири амнияти Тоҷикистон ҳатман бояд гузаронида шавад, лекин дар кадом вазъият ва бо кадом омодагиҳо чунин чорабиниҳо сурат мегиранд, гапи дигар аст. Аз нигоҳи ман ҳар амалиёте, дар ҳар куҷое, ки гузаронида нашвад, бояд таҳлили воқеиву ҷиддӣ дошта бошад ва зарари он ба мардуми оддӣ нарасад».

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба назари иддае аз таҳлилгарон, авзои Бадахшон аз Суғду Хатлон ва Рашт бо ҷойгоҳи геополитикии худ фарқ мекунад ва маҳз ҳамин ҳассосиятро дар замони Шӯравӣ низ ба инобат мегирифтанд ва аз нақшаҳои дурандешон кор мебурданд. Вагарна дар он давра низ қочоқбарон кам набуданд, аммо ҳукумати давр сиёсати давлатиро дар нисбати ин минтақа, ки ҳамсарҳад бо Афғонистону Чин ва Покистону Ҳиндустон аст, баъд аз омӯзиши амиқ истифода мекард.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумон гуфт, бояд ҳукумати Тоҷикистон таҳлил кунад, ки чаро авзои Бадахшон дар чунин ҳолат аст.

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов
Ҷаноби Шабдолов мегӯяд, чун ҳукумат сабаби инро фаҳмидан намехоҳад, иштибоҳ болои иштибоҳ мешавад ва мардум ҳам зери таъсири нерӯҳое мемонад, ки манфиати дигар кишварҳоро ҳимоят мекунанд.

Ӯ гуфт, «бояд ҳукумати Тоҷикистон мавқеи мураккаби геополитикии Бадахшонро ба назар гирифта саҳҳеҳ рафтор кунад: «Ҳам аз лиҳози маблағгузорӣ, ҷо ба ҷогузории кадрҳо ва ҳам аз лиҳози фаъолияти низомӣ, аз такрори чунин ҳодисаҳо дар дигар минтақаҳо истифода накунад. Зеро манфиати чандин давлатҳои хориҷӣ он ҷо аст», гуфт Шабдолов. Вай гуфт, ки "коре бояд кард, ки сарнавишти Қрим дар Бадахшон такрор нашавад".

Дар ҳамин ҳол, баъзе дигар аз таҳлилгарони тоҷик ба ин назаранд, ки ҳарчанд нооромии ахири Хоруғ то андозае тасодуф буд, аммо бовар доранд, ки заминаҳои чунин ҳодисаҳо қабл аз ҳама аз тарафи ҳукумати марказӣ фароҳам шудаанд.

Аз нигоҳи онҳо, то он даме, ки ҳукумати Тоҷикистон ба мушкилоти умдаи мардум расидагӣ накунад, такрори чунин ҳодисаҳо, бахусус дар Бадахшон, ки мизони бекорӣ баландтар аз дигар минтақаҳост, кам намегардад.
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази “Индем” бар ин аст, ки тунд шудани авзоъ дар Бадахшон ва ё дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои хеле аз нерӯҳои дохиливу хориҷӣ ва қудратҳои минтақавиву ҷаҳонӣ барои таъсир гузоштан дар сиёсати ин кишвар фурсати муносиб аст.

Аммо ҷаноби Дӯстов аз он изҳори таассуф кард, ки мутаассифона дар ин самт ҳукумати марказӣ ҳеҷ як барномаи дурустеро дар Бадахшон рӯи даст намегирад.

Ҷаноби Дӯстов мегӯяд: «Бубинед, аз соли 2009 боз ҷониби Покистону Афғонистон мехоҳанд, ки аз тариқи коркарди роҳи 14-километрӣ Ишкошимро бо Файзободи Афғонистон ва Читроли Покистон бипайванданд. Дар натиҷа, бозори бузурги транзити молу коло аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон, ки метонад то 30-40 ҳазор контейнер дар як сол бошад, ба вуҷуд меояд. Маводи ғизоӣ бо кушодани ин роҳ дар Бадахшон то 30-40 дарсад ва масолеҳи сохтмонӣ то 50-60 дарсад пойин хоҳад рафт. Вале ҳукумати Тоҷикистон 5 сол аст, ки дар ин масъала дасткӯтаҳӣ мекунад. Ман фикр мекунам бо он шеваи коре, ки имрӯз ҳукумати кишвар дорад, ҳамин гуна ҳодисаҳо такрор хоҳанд шуд. Ва ҳар боре, ки бошаҳои ҷангии паркандаи ҳукумат дар назди президент даст рӯи қафаси сина монда мегӯянд, ки "мо масъалаи Бадахшонро дар ду ё се соат ҳал мекунем", онҳо ё дар хидмати абарқудратҳои мисли Русия ҳастанд ё на афродеанд, ки дар ин масъалаҳо диди стратегӣ доранд, балки қабрканҳои ҳукумати феълиянд, на камтар аз ин».

Аммо Саймиддин Дӯстов мегӯяд, бо ҳама худмухторияти Бадахшон ва ҳатто бо вуҷуди мушкилоти фаровон, аксарияти мардуми ин минтақа ҷонибдори Тоҷикистони воҳиданд.
XS
SM
MD
LG