Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ҷорӣ кардани маҳдудият барои онҳое, ки узбекиро намедонанд


Алишер Қодиров
Алишер Қодиров

Муовини раиси палатаи қонунгузори порлумони Узбекистон ва раиси Ҳизби эҳёи миллӣ Алишер Қодиров пешниҳод кардааст, шахсоне, ки забони давлатии кишварашро намедонанд, бояд дар ниҳодҳои давлатӣ кор накунанд ва аз хидматрасониҳои давлатӣ истифода набаранд.

Вай дар саҳифааш дар паёмрасони Телеграм навиштааст, "онҳое, ки дар Русия кор мекунанд, бояд забони русиро донанд, вале чаро донистани забони узбекӣ барои русиягиҳое, ки дар Узбекистон кору зиндагӣ мекунанд, ҳатмӣ нест?"

Ин пешниҳоди раиси Ҳизби эҳёи миллии Узбекистон дар вокуниш ба изҳороти раиси порлумони Русия Вячеслав Володин садо дод. Володин гуфт, бояд онҳое ба кишвараш барои кор кардан бираванд, ки забони русиро медонанд ва ба расму ойини ин кишвар эҳтиром мегузоранд.

Ба назари Қодиров, ҳамаи намояндагони қавму миллатҳое, ки дар Узбекистон зиндагӣ мекунанд, бояд забони узбекиро донанд.

"Бояд донистани забони узбекӣ бар асоси қонун ҳатмӣ дониста шавад", - афзудааст ӯ.

XS
SM
MD
LG