Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хоруғ дар тирандозӣ як нафари дигар кушта шуд


Тазоҳуроти Хоруғ

Тазоҳуроти Хоруғ

Шаби гузашта дар шаҳри Хоруғ ҳангоми талоши забти бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тирандозӣ шуруъ шуд ва як нафар ба қатл расид. 24 май ҳангоме, ки гурӯҳе аз эътирозгарон ба сӯи ин бино мерафтанд, тирандозӣ шуруъ шудааст.

Эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ аз 21 май баъд аз куштори ду нафар дар тирандозии кормандони пулис оғоз шуда буд. Шаби гузашта нафари севвум низ дар шифохона аз захми тир ҷон дод ва сокинонро ба ғазаб овард.

Баъзе шоҳидон ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки гӯё эътирозгарон ба сӯи бинои ниҳодҳои интизомӣ норинҷак партоб кардаанд ва чанд нафари дигар оташ кушодаанд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, дар тирандозии шаби ду тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.
XS
SM
MD
LG