Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хоруғ. Кумиссюн то анҷоми тафтишот маълумот ироа намекунад


Миёни ҳайати Кумиссюни тафтишоти ҳаводиси ахири Хоруғ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрванди, ки шомили он ҳастанд, қарордод имзо шудааст, ки бар пояи он, то анҷоми тафтишот ироаи ҳаргуна маълумотро иҷозат намедиҳад.

Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, ки ҳамзамон роҳбари мардуми эътирозгарро бар ӯҳда гирифта буд, рӯзи 30-юми май ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки то анҷоми пурраи тафтишот ва ирсоли парвандаҳо ба додситонӣ, ҳайати кумиссюни тафтишот аз додани ҳар уна шарҳ оид ба ҷузъиёти тафтишот, худдорӣ мекунад.

Ҷаноби Шерзамонов гуфт, ки тибқи ин қарордод, агар намояндагони онҳо дар ин кумиссюн оид ба ҷузъиёти рафанди тафтишот хабаре пахш кунанд, аз ҳайати кумиссюн хориҷ мешавад. Вай гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ин қарордодро эҳтиром мегузоранд ва дар робита ба ҷараёни тафтишот то анҷоми комили он шарҳу тавзеҳ нахоҳанд дод.

Додситонӣ ба Бадахшон кадрҳои нав мефиристад

Бино ба гузоришҳо, Додситонии кул гуфтааст, мумкин аст, ки теъдоде аз кормандони додситонии вилояти Бадахшонро барои кор ба дигар минтақаҳои кишвар бифиристанд ва ба ҷойи онҳо муфаттишони навро ба кор бигиранд.
Бинои додситонии вилояти Бадахшон, ки дар нооромиҳои рӯзҳои 21-24 май аз сӯи эътирозгарон ба оташ кашида шуд.

Бинои додситонии вилояти Бадахшон, ки дар нооромиҳои рӯзҳои 21-24 май аз сӯи эътирозгарон ба оташ кашида шуд.

Як манбаъ дар ин додситонӣ рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Шерхон Салимзода ҳангоми сафари ахираш ба Хоруғ изҳор доштааст, ки бо назардошти нооромиҳои ду соли пеш дар Хоруғ ва рӯйдодҳои ахир дар ин шаҳр, қарор шудааст, ки ба додситонии вилояти Бадахшон афроди дигарро ба кор бигиранд ва кормандони феълии додситониро ба дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бифиристанд.

Аммо ҳоло маълум нест, ки ин кор кай сурат мегирад ва додситонӣ ҳам дар ин бора расман шарҳе надодааст. Ба дунболи тирандозии рӯзи 21-уми май ва тазоҳуроту нооромиҳои баъди он, ки 4 кушта бар ҷой гузошт, додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода ба Хоруғ рафт ва рӯзи 28 май бо фаъолону мақомоти шаҳр ва ба таври алоҳида бо намояндагони эътирозгарон мулоқот кард.

Дар ин мулоқот намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ ба Шерхон Салимзода гуфтаанд, ки бояд дар “кадрҳои ниҳодҳои қудратӣ ротатсия” сурат гирад ва афроди сазовор аз худи Бадахшон ҳам дар чунин ниҳодҳо ба кор гирифта шаванд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар бораи ба оташ кашидани бинои додситонӣ гуфт, ки бисёре аз парвандаҳои ҷиноӣ ва асноди дигар дар натиҷаи сӯхтор нобуд шудааст. Ҳамчунин ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, теъдоде аз компютерҳои додситониро бурдаанд.

Ба қавли ӯ, рӯзи 21-уми май зимни ҳамлаи мардуми хашмгин ба бинои додситонӣ, ба бисёре аз кормандон муяссар шудааст, ки биноро тарк кунанд, вале яке аз муфаттишон аз тарафи ҷавонон сахт латукӯб шудааст ва ҳоло бо осеби майнаи сар дар яке аз шифохонаҳои низомии Душанбе бистарист.

Тафтиш дар додситонии вилоят идома дорад ва вазъ дар маркази вилояти Бадахшон ором аст, мардум ба кору зиндагии худ мисли пешин идома медиҳанд.

Тирандозӣ дар рӯзи 21-уми май дар маркази шаҳри Хоруғ, ки ба гуфтаи мақомот ҳангоми амалиёт барои боздошти афроди муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир сурат гирифт, сабаби тазоҳурот ва эътирози мардум дар Хоруғ шуд.

Ин навори ведоӣ аз гирдиҳамоии шоми 22-уми май дар маркази Хоруғ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG