Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ: Эътирозгарон ва Шералӣ Хайруллоев ба тавофуқ расиданд


Хоруғ. Акс аз 21 май
Хоруғ. Акс аз 21 май

Манбаи Озодӣ дар Хоруғ мегӯяд, дар музокироти Шералӣ Хайруллоев бо намояндагони "ҷомиаи шаҳрвандӣ"-и Бадахшон бар сари "тамоми нуқтаҳои талаботи эътирозгарон" тавофуқ ҳосил шудааст.

Манбаи Радиои Озодӣ дар Хоруғ шоми 25 май хабар дод, ки дар музокироти ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амният ва дифоъ Шералӣ Хайруллоев бо намояндагони гурӯҳе ки худро "ҷомиаи шаҳрвандӣ"-и Бадахшон унвон мекунанд, пиромуни "тамоми нуқтаҳои талабнома"-и ин гурӯҳ тавофуқ ба даст омадааст. Манбаи Озодӣ аз ироаи ҷузъиёти ин тавофуқот худдорӣ кард, вале гуфт, "танҳо як банди талабнома мондааст, ки вақт мехоҳад ки он ҳам ваъда додаанд, ки иҷро мешавад."

Манбаи Озодӣ мегӯяд, дар ниҳояти музокирот байни тарафҳо як протокол ҳам ба имзо расидаст. Ҳамчунин қарор аст, ки аз рӯзи душанбе, 26 май кумиссиюни муштарак дар шакли густаришёфтааш ба кор шурӯъ кунад. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, баъди расидан ба ин тавофуқот эътирозгарон хона ба хона пароканда шудаанд.

Як гурӯҳи сокинони Хоруғ аз рӯзи 21 май дар паи ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 4 тани дигар дар як тирпарронӣ дар маркази Хоруғ ба нишони эътироз биноҳои милисаву амният ва додситониро оташ заданд ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони тирпарронии хунинро талаб карданд. Дар хушунатҳои баъдӣ боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.

Хоруғ: Фармондеҳон дастбакор мешаванд?

Дар Хоруғ исми афродеро бо шумули фармондеҳони собиқу фаъоли Бадахшон эълон карданд, ки гуфта мешавад, аз номи эътирозгарон бо мақомот вориди музокирот мешаванд.

Рӯзи 25 май ба дасти расонаҳо матни муроҷиатномае расид, ки аз номи “ҷомиаи шаҳрвандӣ”-и вилояти Бадахшон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, порлумони кишвар, ҳукумат ва маҷлиси Бадахшон ва ҷомиаи байналмилалӣ навишта шуда, аз 9 талаб иборат аст. Муаллифон масъулияти ташаннуҷи дигарбораи вазъ дар маркази Бадахшон, шаҳри Хоруғро ба “бесалоҳиятӣ”-и мақомоти интизомӣ бор карда, гуфтаанд, “ҳисоботе ки ба раҳбарони сиёсӣ дода мешавад, воқеъияти ҳолро инъикос намекунанд ва аз ин рӯ ба ҳалли мушкилоти мавҷуда низ мусоидат намекунанд, балки ин мушкилотро бештар ва ҳаллашро мушкилтар мегардонанд.”

Ҳамзамон, ба гуфтаи манобеи Озодӣ, “ҷомиаи шаҳрвандӣ”-и Бадахшон рӯйхати афродеро пешниҳод кардаанд, ки бояд аз номи эътирозгарони Хоруғ бо мақомот музокира кунанд.

Ин рӯйхат аз ҷумла ин афродро фаро мегирад:

Халифа Давлатмиров - рӯҳонӣ,
Фаромӯз Эргашов – ҳуқуқшинос,
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров - раиси маҳаллаи Хоруғи боло,
Толиб Аёмбеков - раиси маҳаллаи “Хлебзавод”,
Зоир Раҷабов - раиси махаллаи УПД,
Ёғибек Ёғибеков - намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ,
Холбаш Холбашев – сардори раёсати нирӯҳои марзбонии Бадахшон,
Алим Шерзамонов - раҳбари бахши вилоятии ҳизби сотсиал-демократ ва
Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Номус ва инсоф”.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров
То ҳол худи ин афрод ризоияти худ барои музокирот бо мақомот аз номи эътирозгарони Хоруғро тасдиқ ё рад накардаанд, вале агар ин хабар тасдиқ шавад, барои бори аввал аз оғози бӯҳрони ахири Хоруғ, ки 21 май ғоз ёфта, дар ин чанд рӯз мунҷар ба ҳалокати дастикам 4 нафар ва ҷароҳат бардоштани дастикам 6 тани дигар шуд, фармондеҳони дар гузашта бонуфузи Бадахшон – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Аёмбеков ва Холбаш Холбашев барои ҳалли ин бӯҳрон дастбакор мешаванд.

Дар муроҷиатномаи “ҷомиаи шаҳрвандии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон” аз видеоҳои нашршуда баъд аз рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоурғ ёдоварӣ шудааст, ки дар он ба гуфтаи муаллифон, намояндагони ниҳодҳоит қудратӣ нисбат ба мардуми Бадахшон ҳарфҳои носазо зиёд мезананд ва ин “эҳсосоти ҷудоиталабиро дар байни як қисми аҳолӣ тақвият дода, боиси ташдиди бештар мешавад.” Муаллифон мепурсанд, чаро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Бадахшон ягон таркиш рух надод, вале ҳоло, дар солҳои сулҳу оромӣ дар инҷо тирпарронӣ зиёд шудаанд?
Муроҷиатномаи "ҷомиаи шаҳрвандӣ"-и Бадахшон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
Линки мустақим


Дар муроҷиатнома 9 талаб гузошта шудааст, ки якумаш густариши кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳодисаҳои рӯзи 21 май бо ҷалби аз ҷумла намояндагони аҳзоби сиёсӣ, матбуот, Шӯрои собиқадорон ва созмонҳои ғайридавлативу ҳуқуқдонҳоро дар назар дорад.То анҷоми таҳқиқоти ин ҳаводис аз мақом барканор кардани раҳбарони ниҳодҳои интизомиву амниятӣ ҳамчун ҷониби манфиатдор талаби дигари “ҷомиаи шаҳрвандӣ”-и Бадахшон аст.

Даъвати иҷлосияҳои изтирории Маҷлисҳои вакилони шаҳри Хоруғ ва вилояти Бадахшон ва баррасии вазъи вилоят дар ин иҷлосияҳо талаби сеюм ва ба президенту ҳукумат расондану дар матбуот нашр кардани натоиҷи таҳқиқи ҳодисаҳои Хоруғ талаби чоруми муаллифон ба мақомот буда, онҳо ҳамчунин хостаанд, то билофосила ба гирдиҳамоии эътирозгарон расман иҷозат дода, эътирозгарон ва ҷавононеро, ки “дар ғояти таркиши эҳсосотӣ” ба сӯзондани биноҳои маъмурӣ дааст задаанд, аз ҷавобгарӣ озод намоянд.

Муаллифон ҳамчунин аз мақомот хостаанд, “замонати хаттӣ” -и иҷрои ин талабҳоро бидиҳанд ва барои иҷрои ин ҳама замони мушаххас таъин кунанд.

Сарбозон дар қисми низомии Хоруғ ҷобаҷо шудаанд
Шералӣ Хайруллоев
Шералӣ Хайруллоев
Муроҷиатномаи ахир дар ҳоле нашр шуд, ки баъзе аз сокинони Хоруғ ба Озодӣ хабар доданд, ки субҳи имрӯз, 25 май ҳудуди 100 сарбозро дар 5 ё 6 чархбол аз маркази ҷумҳурӣ ба шаҳри Хоруғ партофтаанд. Мақомот ин хабарро то ҳол рад ё таасдиқ накардаанд.

Намояндаи вазорати дифоъ ба Озодӣ гуфт, ягон воҳиди ин вазорат ба Хоруғ эъзом нашудааст. Вале ӯ афзуд, нирӯҳои эъзомӣ метавонанд аз вазорати умури дохила ё Кумитаи амният бошанд. Аммо намояндаи вазорати умури дохила ҳам аз ирсоли нирӯҳо ба Бадахшон изҳори бехабарӣ кард.

Як манбаи Озодӣ мегӯяд, сарбозони расида аз Душанбе дар дохили қисми низомӣ ҷобаҷо шудаанд. Ёвари президент дар масоили амният ва дифоъ Шералӣ Хайруллоев ва вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода, ки ҳанӯз рӯзи 22 май ба манзури ҳалли бӯҳрони Хоруғ ба инҷо омада буданд, ба гуфтаи манбаи мо, низ дар дохили ҳамин қисми низомӣ ба сар мебаранд.

Оғози кори комиссияи муштарак

Комиссияи муштарак бо ҳузури баробари намояндагони Додситонии кул ва ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ба таҳқиқи ҳодисаи рӯзи 21-уми майи Хоруғ оғоз кардааст. Комиссия муштарак бо ҳузури баробари намояндагони Додситонии кул ва ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ба таҳқиқи ҳодисаи рӯзи 21-уми майи Хоруғ, ки 4 кушта ва 6 захмӣ барҷой гузошт оғоз кардааст.

Ҷамшед Сангов, сардори шӯъбаи тафтишоти ҷияноятҳои вазнини Додситони кулли Тоҷикистон, ки раҳбарии ин комиссияро ба зима дорад дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, зимни пажӯҳиши ин қазия тамоми ҷузъиётҳо аз ҷойи ҳодиса ва ҳам баёноти ширкатдорону шоҳидон омӯхта мешавад.

Аммо ин масъул гуфтааст, бо назардошти он ки бояд дар ин замина корҳои зиёдро анҷом дод, биноан дар ду ва ё 3 рӯз муаяйн кардани сабабҳо ва омилони ин ҳодиса имконнопазир аст.

Ин ҳам дар ҳолест эътирозагароне, ки дар майдони назди ҳукумати шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд, талаб доранд, дар зудтарин фурсат ин кор анҷом дода шавад. Вале ба гуфтаи Ҷамшед Сангов, барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи қазия на камтар аз ду моҳ вақт меравад.

Ҳамзамон Фаромӯз Эргашев, як масъули созмони ҳуқуқшиносони вилояти Бадахшон, ки низ ба ин комиссияи муштарак аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил аст ваъда додааст, ки ҳодисаи 21-умаи май ба таври муштарак ва мунсифона пажӯҳиш хоҳад шуд.

Ташкили Комиссияи муштараки ҳаштнафарӣ яке аз талабҳои мардуми таҷаммӯъ кардаи назди ҳукумати шаҳри Хоруғ буд, ки ба хотири таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи тиррпаронии рӯзи 21-уми май, дар Хоруғ ки 4 кушта ва 4 тани дигарро захмӣ кардааст дар миён монданд.

Ба ҳайати ин комиссия аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон - Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангин, раҳбари ин ҳайат ва муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон -Баҳодур Амонбеков,Абдулоиқ Мирзоев ва Набиҷон Набиев ва аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ Музаффар Муборакшоев, намояндаи Лигаи вакилон, ҳуқуқшинос -Фаромуз Эргашев, бознишаста Бахтовар Бахтиёров ва шахси муваққатан бекор Хурсанд Мамадшоев шомиланд.

Дар Хоруғ вазъ ором аст. Бадахшониҳо «Ҷашни Нур»-ро таҷлил мекунанд

Тибқи хабарҳои расида аз Хоруғ, феълан вазъ дар Бадахшон ором аст ва сокинон мегӯянд, шаби гузашта теъдоде аз мардум, ки дар марказ гирди ҳам омада буданд, ба хонаҳояшон баргаштанд. Аммо қисми дигар то субҳ дар хаймаҳо боқӣ мондаанд.

Алим Шерзамонов, ки роҳбарии эътирозгаронро дар Бадахшон бар дӯш дорад, рӯзи 25-уми май дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки чун рӯзи гузашта ва имрӯз рӯзи истироҳат аст мардум дар маркази шаҳр зиёд наистоданд. Ба гуфтаи ҷаноби Шерзамонов ҳоло дар маркази шаҳр аз мардуми эътирозгар ҳудуди 100 нафар, ки аксари онҳо ҷавононанд ҳузур доранд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз бадахшониҳои Тоҷикистон «Ҷашни Нур», яъне сафари нахустини Оғохони чаҳорум- пешвои исмоилиёни ҷаҳонро ба Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 1995 сурат гирифта буд, таҷлил мекунанд. Сокинони Бадахшон мегӯянд, сафари нахустини Оғохон, ки дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд ба садҳо сокини Бадахшон, ки аксаран пайрави исмоилия ҳастанд кӯмак кардаааст.

Ин ҷашн имсол дар ҳоле таҷлил карда мешавад, рӯзи 21-уми май дар назди Раёсати корҳои дохилии Хоруғ тирандозие ба амал омад, ки дар натиҷаи он 3 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин даргирӣ ҳангоми талоши боздошти як гурӯҳи гумонбаршуда дар қочоқи маводи мухаддир ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он як корманди полис кушта ва як коромӯз захмӣ гаштааст. Ҳамзамон, шаби 24-уми май низ дар пайи тирпаронӣ дар шаҳри Хоруғ, ки гуфта мешавад афроди номаълум қасди ҳамла ба бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшонро доштаанд, як нафар кушта ва ду тани дигар захм бардоштанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбеи 24-уми май чанде аз созмонҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ дар Бадахшон бо пахши изҳоротҳо дар алоҳидагӣ ҷавонони бадахшониро, ки чанд рӯз боз дар маркази ин вилоят гирди ҳам омадаанд ба хештандорӣ даъват кардаанд. Аммо Алим Шерзамонов мегӯяд, ҳоли ҳозир ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ, хусусан онҳое, ки дар маркази шаҳр гирди ҳам омадаанд изҳороти ҷавобии худро омода доранд ва дар зуддтарин фурсат пахш хоҳанд кард.

Рӯзи 21 май дар назди Раёсати корҳои дохилии Хоруғ тирандозие ба амал омад, ки дар натиҷаи он 3 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин даргирӣ ҳангоми талоши боздошти як гурӯҳи гумонбаршуда дар қочоқи маводи мухаддир ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он як корманди полис кушта ва як коромӯз захмӣ гаштааст.

Ба дунболи ин тирпарронӣ, издиҳоме аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису амният ва додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситониро оташ задаанд.

Дар ҳамин ҳол, раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон дар вилояти Бадахшон рӯзи 24-уми май бо пахши изҳороти худ бо қотеъияти том изҳор кард, ки "ба тамоми кӯшишҳои ашхос ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба мақсади зарар расонидан ба кормандони КДАМ, шахс, ҷамъият ва объектҳои муҳими давлатӣ равона карда мешаванд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, ҳамзамон, посухи сазовор дода мешавад."
XS
SM
MD
LG