Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навҷувонов бо эътирозгарони Ишкошим мулоқот кард


Бинои ҳукумати ноҳияи Ишкошим
Бинои ҳукумати ноҳияи Ишкошим

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ки тайи ним соат мулоқоти Абдуллоҳ Навҷувонов, муовини вазири умури дохилӣ бо мардуми эътирозгар доир шуд.

Маҳмадсахӣ Азизхонов, раҳбари дастгоҳи раиси ҳукумати Ишкошим баъд аз нимирӯзии сешанбе дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки мардуми ба шӯромада пас аз мулоқот бо Абдуллоҳ Навҷувонов қонеъ шуда ва ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Азизхонов, дар ин мулоқот мавзуи матраҳ муомилаи бади кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим, аз ҷумла раҳбари ин ниҳод будааст. Мардум аз муовини вазир талаб кардаанд, ки ба хотири эҳтироми мардум, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия Баҳодур Холиқов ва муовини ӯ барканор ва ба ҷои онҳо афроди, ба гуфтаи онҳо шоиста, таъин карда шаванд. Навҷувонов пешниҳодҳои мардумро шунида, барои баррасии онҳо ба Хоруғ баргаштааст.

Тавре Азизхонов Маҳмадсахӣ гуфт, вазъ ҳамакнун ором аст ва мардум ба зиндагии маъмулии худ баргаштанд. Вай инро тасдиқ кард, ки субҳи рӯзи 27-уми май ҷавонон дар назди толори фарҳанги ноҳия бо талаби иваз кардани ҳайати раҳбарии шӯъбаи корҳои дохилӣ ҷамъ омада буданд.

Норозигии сокинони ноҳияи Ишкошим аз кормандони умури дохилӣ сабаби сафари муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов ба ин ноҳия шуда буд. Бино бар хабарҳои расида, гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Ишкошим дар садкилометрии Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо талаби истеъфои сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия даст ба эътироз задаанд.

Сокинони Ишкошим мегӯянд, ки рӯзи 26-уми май, пас аз он ки кормандони умури дохилии ноҳияи Ишкошим як соҳибкори шинохта бо номи Одинабекро бо иттиҳоми ширкат дар ошӯбҳои пас аз рӯйдодҳои 21-уми майи Хоруғ боздошт кардаанд, гурӯҳе аз ҷавонон дар назди Шӯъбаи корҳои дохилӣ ҷамъ шудаанд. Бо фишори ҷамъомадагон кормандони умури дохилӣ маҷбур шудаанд, ки соҳибкори боздоштшударо озод кунанд.

Аммо ин овозаҳо, ки кормандони умури дохилӣи Ишкошим як занро бозпурсӣ кардаанд, дубора сабаби таҷаммуи сокинон дар назди Шӯъбаи корҳои дохилӣ шудааст. Шумораи ҷамъомадагон дақиқ нест, вале чандин манбаъ мегӯянд, барои таҳқиқ ва ором кардани вазъ, муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов, ки дар Хоруғ машғули гуфтушунид бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандист, ба таври таъҷилӣ ба Ишкошим, ки бо Хоруғ 104 километр фосила дорад, сафар кардааст.

Як сокини ноҳияи Ишкошим дар номае ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки рӯзи 26-уми май дар маркази ин ноҳия бо эътироз аз суханони сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия тазоҳуроте баргузор шуд. Ин хонум, ки менависад, модари 8 фарзанд аст, "алфози қабеҳ"-и сардори милисаро нисбати як зани маҳаллӣ, сабаби асосии ҷамъомади мардум номидааст. Ба ақидаи ӯ, чунин рафтори намояндаи давлат аҳолиро таҳрик додааст.
XS
SM
MD
LG