Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

"Сомон Эйр" ният дорад, чор ҳавопаймои Embraer бихарад

Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ният дорад, ки чаҳор ҳавопаймои навъи “Эмбрайер” (Embraer E190-E2)-ро харидорӣ кунад. Дар ин бора Баҳодур Раҳимов, раиси техникии ширкати “Сомон Эйр”, аввали ин ҳафта дар намоишгоҳи ҳавопаймоҳо дар Маскав изҳори назар кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳанӯз бо ширкати истеҳсолкунандаи ин ҳавопаймоҳо, ки дар Бразилия қарор дорад, шартнома набастааст.

Ҳавопаймои бразилии Embraer аз 97 то 114 ҷойи нишаст дорад ва дар масофаҳои кӯтоҳ ва миёна парвозҳо анҷом медиҳад. Бинобар ин, Somon Air ният дорад ин ҳавопаймоҳоро барои анҷоми парвозҳо дар масирҳои дохили кишвар ва шаҳрҳои ҳамсоякишвари Узбекистон истифода кунад.

Парки ҳавопаймоии Somon Air ҳоло аз ҳавопаймоҳои Boeing иборатанд. Ин ширкат 6 ҳавопаймои тамғаи Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Somon Air ягона ширкати хусусии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст ва дар соли 2017 ним миллион мусофир кашондааст.

Ҳалокати 32 нафар дар суқути ҳавопаймои Русия дар Сурия

Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар пойгоҳи Ҳмеймими Сурия

Ҳавопаймои борбари Русия ҳангоми фурудоӣ дар наздикии пойгоҳи Ҳмеймими Сурия суқут кард. Дар ин ҳодиса 26 мусофир ва шаш сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расид.

Дар ин бора матбуоти Русия баъд аз зӯҳри 6-уми март хабар дод.

Гузоришҳо бо такя ба манбаъҳои Вазорати дифои Русия мегӯянд, бинобар маълумоти ибтидоӣ, 32 нафар дар ҳоле ҳалок шуданд, ки ҳавопаймои борбари АН-26 ҳангоми фурӯдоӣ дар Ҳмеймим сарозер шуд.

Вазорати дифоъ гуфтаст, "ба эҳтимоли зиёд" суқути ҳавопаймо дар пайи иштибоҳи фаннӣ рух додааст ва ҳеч аломате вуҷуд надорад, ки ҳавопаймо ҳадафи оташ қарор гирифт.

Русия дар тӯли 7 соли ҷанги шаҳрвандии Сурия аз президент Башор Асад аз пуштибонӣ кард.

Маскав бо оғози ҳамлаҳои ҳавоии соли 2015 дар Сурия, гардиши ҷангро ба фоидаи Асад ҳал намуд ва ҳузури низомияшро дар хоки он кишвар афзоиш дод.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ омодааст, аз мушакҳои ҳастаӣ даст кашад

Мулоқоти Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ. 6-уми марти 2018

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин омодааст, аз озмоишҳои ҳастаӣ даст кашад ва бо Амрико вориди музокирот шавад, агар Вашингтон амнияти Пхенянро кафолат диҳад. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 6-уми март бо такя ба манбаъҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.

Пештар аз ин маълум шуд, ки Ким Чен Ин бори аввал бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи гузашта ба Пхенян рафтанд.

Хабаргузории Reuters ҳадафи сафарро талоши эҷоди муколама дар байни Кореяи Шимолӣ ва Амрико унвон кард.

Ким Чен Ин, инчунин, дар ҷараёни мулоқот аз рушди равобит миёни ду Корея "қотеъона" пуштибонӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Корея, Ким Чен Ин гуфтааст, ки барои ҳамоиш талош мекунад.

Манбаъҳои The New York Times мегӯянд, намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи мулоқоти Ким Чен Ин бо президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷӣ Ин созиш карданд ва ин мулоқот эҳтимол моҳи апрели имсол баргузор мешавад.

Дар даҳ соли охир бори аввал аст, ки Кореяи Ҷанубӣ ба Пхенян музокиротчӣ фиристод. Ин муҳимтарин натиҷаи, ба истилоҳ, "оштии олимпӣ" аст, ки ду кишвар дар ҷараёни бозиҳои зимистона ба таври ғайрирасмӣ ба он даст ёфтанд.

Афсари собиқ барои қатли 19 зан ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд

Евгений Чуплинский

Афсари пешини пулиси Русия бо ҷурми куштори 19 зан дар Сибир ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд.

Додгоҳи минтақавии Новосибирск ҳукми Евгений Чуплинскийро рӯзи 6-уми март эълон кард. Шаш рӯз пеш ҳайати мунсифа ӯро дар куштори 19 зан, дар давраи аз соли 1998 то 2005, гунаҳкор донист.

Додситонҳо гуфтанд, аксари қурбониҳои Чуплинский фоҳишаҳо буданд ва ӯ қабл аз куштор бо баъзеи онҳо ҳамхоба мешуд. Евгений Чуплинский бори аввал соли 2004 боздошт шуд, аммо аз идораи пулис фирор кард. Бори дувум соли 2006 ба даст афтод, аммо бинобар набудани далели кофӣ ӯро озод карданд.

Чуплинскийи 52-сола соли 2016 дар ҳоле бори севум дастгир шуд, ки мақомот бо ташхиси DNA даст доштани ӯро дар ин кушторҳо собит карданд.

Моҳи январ собиқ афсари дигари пулиси Русия Михаил Попков, ки барои куштори 22 зан ҳукми абад гирифта буд, дубора мурофиа ва ба қатли 60 зани дигар муттаҳам шуд.

Попкови 53-сола, ки дар гузашта афсари пулиси шаҳри Ангарски Сибир буд, рӯзи 10-уми январ дар додгоҳи вилояти Иркутск таҳти мурофиа қарор гирифт.

Матбуоти Русия Попковро "маняки Ангарск" ном мебаранд.

Озарбойҷон: Сӯхтори пурқурбонӣ дар Боку талоши худкушӣ буд

Сӯхтор дар маркази наркологии Боку

Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, сӯхтори рӯзи 2-юми март дар маркази эҳёи мӯътодон дар Боку талоши худкушӣ буд ва гумонбар боздошт шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Озарбойҷон дар изҳороти рӯзи 6-уми март гуфтанд, як бемори ин марказ Муҳаммад Мамадов, ки намехост дар ин марказ табобат бигирад, ба хотири худкушӣ оташ афрӯхт.

Изҳорот мегӯяд, марди гумонбар, ки рӯзи 3 март боздошт шуд, дар ин марказ аз ихтилоли равонӣ ва рафторӣ, ки дар пайи майзадагӣ ҳосил шудааст, табобат мегирифт.

"Ӯ аз рӯи банди куштори барқасдона, куштори афроди оҷиз ва осеб расондан ба моликияти одамон муттаҳам шуд", - омадааст дар изҳорот.

Бинои якошёнаи чӯбини маркази табобати нашъамандон соати 6:10-и субҳи 2-юми марти имсол оташ гирифт ва 25 нафарро қурбон кард.

Мушовири пешини Трамп аз ироаи баёнот дар "парвандаи Русия" даст кашид

Роберт Мюллер- прокурори махсуси "қазияи Русия"

Сэм Нанберг, мушовири пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп гуфт, дар доираи парвандаи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016, баёнот намедиҳад.

Ӯ дар суҳбат бо телевизиони MSNBC гуфт, тайи 80 соат бо мушовирони пешини президент Трамп - Стив Бэннон ва Роҷер Стоун номаҳои электронии худро баррасӣ нахоҳад кард. Нанберг даъвати додситони махсус Роберт Мюллерро барои ироаи баёнот "комилан бемаънӣ" номида, созиши эҳтимолии Трамп бо Русияро қотеъона рад кард.

Ахиран Мюллер аз Трамп ва мушовиронаш хост, ки номаву ҳуҷҷатҳои худро аз соли 2015 ба ин сӯ пешниҳод кунанд.

Дар ИМА эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрико мавриди санҷиш қарор дорад. Додситони махсус Мюллер бояд муайян кунад, ки Трамп ва Кремл дар давраи интихобот зидди номзади Ҳизби демократии ИМА, Ҳилларӣ Клинтон созише карда буданд, ё не. Мюллер аллакай зидди чанд мушовири Трамп ва 13 шаҳрванди Русия айб эълон кардааст. Москва дахолати худро дар интихобот рад мекунад.

Сэм Нанберг бо Трамп аз соли 2011 кор мекард. Ӯ яке аз аввалин мушовирони сиёсии Доналд Трамп буд. Вале соли 2015 аз мақоми худ дар ситоди интихоботии Трамп барканор шуд.

Мақомоти Қазоқистон "ҷиҳодиҳо"-и баргаштаро зиндонӣ карданд

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Нургалӣ Билисбеков

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 6 март хабар дод, ки беш аз 120 ҷангҷӯи эҳтимолӣ ва аъзои хонаводаи онҳо аз Сурия ба ватан баргаштанд. Ба гуфтаи Билисбеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ даҳҳо тани баргаштаҳо зиндонӣ шуданд.

"Тавре медонед, созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Сурияву Ироқ шикаст хӯрданд. Баргашти ҷангҷӯён ва аъзои хонаводаи онҳо мушоҳида мешавад", - гуфт Билисбеков.

"Барои мисол, дар ҳоли ҳозир 125 шаҳрванди Қазоқистон баргаштааст, ки аз ин шумор 57 нафар зиндонӣ шуд. Боқимонда таҳти назорати мақомот қарор доранд", - афзуд Билисбеков.

Ин мақоми амниятии Қазоқистон гуфт, ки дар оянда бояд дар кишвараш "сохтори пешгирӣ аз терроризм ва тундгароӣ" таъсис ёбад.

Артиши Афғонистон мегӯяд, ки дастикам 31 ҷангиро маҳв кард

Ҷангиёни саркубшудаи ДИИШ

Дар пайи амалиёти заминӣ ва ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Афғонистон, дар 24 соати гузашта, дастикам 31 ҷангӣ, бо шумуи ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" кушта шуданд. Дар ин бора Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 6 март хабар дод.

Биноба изҳороти вазорат дар ин амалиёт ҳафт ҷангӣ захмӣ ва ду нафар боздошт шуд. Бо ҳадафи зарба ба ҷингиён, дастикам 13 ҳамлаи ҳавоӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон анҷом шуд, ки асосан пинҳонгоҳҳои ҷангиён ва захирагоҳи силоҳи онҳоро ҳадаф қарор дод, омадааст дар изҳорот.

Амалиёт дар Нангарҳор, Лағмон, Кунор, Ғазнӣ Қундуз,Тахор ва манотиқи дигар пиёда шуд.

Дар як ҳодисаи ҷудогона рӯзи 6 март, бар асари таркиши бомба дар мошини маводи сухт, ду нафар дар вилояти Нангарҳор ба ҳалокат расид. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ хабар доданд.

Абдуллоҳ Хугиёнӣ сухагӯи волии вилоят гуфт, ки дар ин таркиш ҳамчунин се нафар захм бардошт. Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Кремл рисолаи тақаллубии Путинро рад кард

Владимир Путин ва Дмитрий Песков

Кремл хабари бахши русии Радиои Озодиро шарҳ дод, ки мегӯяд, рисолаи илмии Владимир Путинро эҳтимол каси дигар навишта буд. "Ин тавр нест", - гуфт Дмитрий Песков, сухангӯи президент Путин ба хабарнигорон.

Путин унвони номзади илм дар риштаи иқтисодро соли 1997 дарёфт кард. Раҳбарии илмии ӯ ректори Донишгоҳи саноати кӯҳии Санкт-Петербург Владимир Литвиненко буд. Духтари Литвиненко рӯзи 4-уми марти имсол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кори илмии президент Путинро падари ӯ навиштааст.

Ба гуфтаи Олга Литвиненко, падараш ин корро дар ҷавоб ба таъйин шуданаш ба мақоми ректорӣ Донишгоҳ анҷом дод. Дар худи Донишгоҳ, мегӯяд Олга Литвиненко, "як гурӯҳи бузурги ҷиноӣ, бо иштироки профессорҳо ва устодон созмон ёфта буд, ки рисолаҳои тақаллубӣ месохтанд".

Рисолаи илмии Владимир Путин ба мавзӯи канданиҳои фоиданоки вилояти Ленинград бахшида шудааст. Чанд сол пеш моли дуздӣ будани бахше аз он ошкор шуд, аммо дар Донишгоҳи саноати кӯҳӣ ин иттиҳомро шарҳ надоданд ва кори илмиии Путинро "комилан сиррӣ" унвон карданд.

Владимир Литвиненко ду дафъа раҳбари ситоди интихоботии Путин буд ва худро дӯсти президент меномад. Олга Литвиненко дар баҳси гӯё рабудани духтараш, бо падар вориди баҳси додгоҳӣ шудааст.

Муаллимони Флорида аз ҳаққи доштани силоҳ бархӯрдор мешаванд

Тазоҳуроти Флорида

Сенати аёлати Флоридаи Амрико тарҳи қонун дар бораи маҳдуд кардани фурӯши силоҳро тасвиб кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии АВС рӯзи 5-уми март гузориш дод.

Тарҳи қонун аз ҷумла синни харидорони силоҳро аз 18 ба 21 боло мебарад. Ба ғайр аз ин, агар санад қабул шавад, муаллимон ҳақ пайдо мекунанд бо худ силоҳ бигиранд.

Барои бархӯрдор шудан аз ин ҳуқуқ муаллимон бояд тамрин бигиранд. Ҳамзамон тарҳи қонун ба муаллим иҷозат намедиҳад бо силоҳ ба синф ворид шавад.

Қаблан президенти Амрико Доналд Трамп ба таҳкими санҷиш ҳангоми харидории силоҳ даъват карда буд. Сабаби аслии ин даъват тирпарронии рӯзи 14-уми феврал дар мактаби Флорида буд. Он замон талабаи собиқи мактаб, ки мусаллаҳ буд, 17 нафарро ба ҳалокат расонд ва 14 тани дигарро маҷрӯҳ кард.

Бетартибӣ дар пайи камбуди орд дар Туркманистон. ВИДЕО

Нони туркманӣ

Расонаҳо менависанд, ки ҳафтаи равон камбуди орд дар вилояти Марии Туркманистон бетартибиҳоро ба бор овард. Дар яке аз ноҳияҳои вилоят занҳо роҳи мошингардро банд ва дар ноҳияи дигар ба мағоза ҳамла карданд.

Ба навиштаи бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар яке аз деҳаҳо мудири мағоза фурӯши ордро қатъ кард. Сокинони ба хашм омада, ба мағоза ҳамла ва орди дохили онро байни ҳам тақсим намуданд.

Аҳолии Туркманистон аз моҳи декабри соли гузашта бо камбуди орд ва болоравии нархи ин маҳсулот рӯ ба рӯ ҳастанд.

Навори видео дар инҷост:

Бетартибӣ дар пайи камбуди орд дар Туркманистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Лола Каримова аз Федератсияи гимнастикаи Узбекистон канор рафт

Лола Каримова

Духтари хурдии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов - Лола Каримова-Тиллоева хабар дод, ки рӯзи 5-уми март аз мақоми президенти Федератсияи гимнастикаи Узбекистон истеъфо дод.

"... Баъди 13 соли роҳбарӣ маҷбуран ин мақомро тарк мекунам. Ман аз самими қалб ба ҳамаи варзишгарон, ба тамоми мураббиёни Федератсия ва ҳамаи кормандони ин ниҳод барои фаъолияти пурсамарашон сипос мегӯям", - навишт Лола Каримова дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Каримова ҳамчунин гуфт, ӯ ба ҳайси президенти ифтихории Иттиҳоди гимнастикаи осиёӣ боқӣ хоҳад монд. Духтари хурдии Ислом Каримов шарҳ намедиҳад, ки чаро мақоми худро дар Федератсияи гимнастика тарк кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Лола Каримова-Тиллоева рӯзи 2-юми феврал дар бораи аз мақоми сафирии Узбекистон дар ЮНЕСКО канор рафтанаш хабар дода буд.

4500 сомонӣ – стипендияи Рустами Эмомалӣ ба Ёсуману Манижа

Ёсуман Исмонзода

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, ки соли гузашта дар озмуни байналмилалии “Кӯдакони нобиға” иштирок карданд, 4500 сомонӣ, муодили 500 доллари амрикоӣ стипендия таъйин кардааст. Ин миқдор пул то охири соли хониши 2018 (ҳар моҳ 250 сомонӣ барои як нафар) пардохта хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Ёсуман ва Манижа дар озмуни “GeniusKid - 2017” ва ё “Кӯдакони нобиға” дар Маскав дар миёни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввал ва нишони тиллоро соҳиб шуданд. Аммо пештар аз ин, онҳо бо намоиши истеъдоди худ дар барномаи “Шахсиятҳои ғайиодӣ” дар шабакаи телевизионии “Россия-1” ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ охири соли гузашта ба истеъдоди ин ду духтар таваҷҷӯҳ кард ва онҳоро “мояи ифтихори кишвар” номид.

Ёсуман дар Литсейи Донишгоҳи Миллӣ таҳсил мекунад ва бахшида ба пирӯзии ӯ дар Озмуни “кӯдакони нобиға”, раҳбарияти Донишгоҳи ӯро аз пардохти 3-солаи таҳсил озод карданд.

Овозаи Ёсуману Манижа то ба раиси ҷумҳур расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Маркази “Империяи дониш” ки Ёсуману Манижа шогирдони он ҳастанд, соле пеш бо ташаббуси Модари Манижа - Вероника Коробкина таъсис ёфт. Ҳадафи аслии марказ бедор кардани шавқи илмҳои дақиқ дар кӯдакон ва аз худ намудани донишҳои мураккаб тариқи бозиҳои мухталиф аст. “Мактаби муҳандисӣ ва роботсозӣ” лоиҳаи дувуми омӯзишии ин созмон аст.

ВАО: Афсари заҳролудшудаи истихбороти Русия аз амнияти худ нигарон буд

Сергей Скрипал дар додгоҳ бо иттиҳоми "хиёнат ба ватан"

Афсари пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал, ки бо ҷурми хиёнат ба ватан маҳкум ба зиндон шуда буд, бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз маводи ношинос ба бемористон афтод. Ӯ чанде пеш дар бораи нигарониаш аз амнияти худ пулиси Бритониёро дар ҷараён гузошт. Дар ин бора нашрияи The Telegraph рӯзи 6-уми март хабар дод.

Скрипали 66-сола рӯзи якшанбе дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Вазъи ӯ дар фурӯшгоҳ бад шуд. Ҳамроҳи Скрипал як зани ду баробар ҷавонтар аз ӯ бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ ба бемористон афтод. Аммо Би-би-си рӯзи 6 март гуфт, ки ин зан Юлия Скрипал - духтари Сергей Скрипал аст. Табибон аз сарнавишти беморҳо нигарон ҳастанд. Ҳоло расман гуфта намешавад, ки ташхис чиро нишон додааст.

Мақомоти Бритониё ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо хабарнигори Би-би-сӣ дар умури масоили амниятӣ, ин ҳодисаро ба заҳролудшавии Александр Литвиненко дар соли 2006 монанд кардааст.

Он замон мақомоти Бритониё сабаби якбора бад шудани вазъи сиҳатии Литвиненко - корманди пешини ФСБ-и Русияро натавонистанд шарҳ диҳанд. Баъдтар маълум шуд, ки ӯро бо маводи радиоактиви полониум заҳролуд карданд. Ҳамсари Литвиненко дар сӯҳбат бо The Telegraph гуфтааст, вазъи Скрипал ба ҳолати ҳамсари ӯ "бисёр монанд" аст.

Скрипал моҳи декабри соли 2004 бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо хадамоти истихбороти Бритониё боздошт шуд. Тафтишот гуфт, Идораи истихбороти Бритониё Скрипалро дар ҳоле истихдом кард, ки ӯ дар хидмати низомӣ буд.

Ба гуфтаи тафтишот, ҷавобгар ба ин идора маводи сирриро ироа мекард. 9-уми августи соли 2006 додгоҳи низомии Маскав Сергей Скрипалро ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Скрипал соли 2013 дар қатори маҳбусони дигар афв шуд ва дертар бо ҷосусони Русия, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд. Солҳои ахир ӯ дар Бритониё зиндагӣ мекунад.

Боздошти 4 узви эҳтимолии ДИИШ дар пайи бозҷӯии таҳдид ба сафорати ИМА

Сарбозони Хадамоти амнияти Туркия дарназди бинои сафорати ИМА дар Анкара.5 март, 2018

Пулиси Туркия дар чаҳорчӯби бозҷӯии таҳдид ба сафорати ИМА дар Анкара, чаҳор узви эҳтимолии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"-ро боздошт кард. Дар ин бора матбуоти давлатии Туркия рӯзи 5 март хабар дод.

Рӯзи душанбе сомонаи сафорати Амрико дар Туркия эълон кард, ки бинобар таҳдиди номуайяни амниятӣ сафорати Амрико рӯзи 5 март кор намекунад.

Чораҳои амниятӣ дар назди бинои сафорат тақвият ёфта, раҳгузарон баъди таҳқиқи пулис ба кӯча роҳ дода мешаванд.

Хабаргузории Анадолу гуфт, ки пулис рӯзи 5 март чаҳор нафарро, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Ироқ ҳастанд, боздошт кард. Ду нафар ҳангоми тафтиши амниятӣ дар шоҳроҳи байни бандари Самсун ва Анкара боздошт шуд. Ду нафари дигарро дар худи бандар боздошт карданд.

Пойтахти Туркия дар солҳои 2015 -2016 мавҷи амалҳои террористиро аз сар гузаронд, ки садҳо нафарро қурбон кардааст..

Назарбоев аломат дод, ки ба ин зудиҳо аз қудрат рафтанӣ нест

Назарбоев ҳангоми суханронӣ дар порлумон. 5 март, 2018

Дар пасназари ин гумонзаниҳо, ки президенти Қазоқистон ба интиқоли қудрати сиёсӣ омода мешавад, Назарбоеви 77-сола аломат дод, ки ба ин зудиҳо аз қудрат рафтанӣ нест.

"Ман кор кардам, ман кор мекунам ва ман кор хоҳам кард, то мардуми мо ба ояндаи худ мутмаъин бошад",- гуфт Назарбоев рӯзи 5 март дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумони Қазоқистон.

Раиси ҷумҳур ба намояндагони Сенат ва Маҷлис гуфт, фурсати тамаркуз ба "тарҳҳои бузурги иҷтимоӣ" фаро расид" ва ӯ раҳбари бар чунин тарҳҳоро идома хоҳад дод.

Изҳороти Назарбоев дар ҳоле пахш шуд, ки як моҳ пеш порлумон гуфт, қонунугузорон рӯи тарҳе кор мекунанд, ки тибқи он Назарбоев барои як умр раҳбари Шӯрои Амният таъин мешавад ва мақоми ин Шӯро аз машваратӣ ба конститутсионӣ табдил меёбад.

Бисёриҳо дар Қазоқистон ин ҳаракатро ба маъное фаҳмиданд, ки Назарбоев эҳтимол аз мақом канор меравад ва раҳбарии ӯ ба Шӯрои Амният талоши боқӣ монданаш дар қудрат аст.

Нурсултон Назарбоев зимоми қудратро дар ин кишвари ғанӣ аз нафт соли 1991, қабл аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овард.

Раҳбари ҷумбиши "Панҷ ситора"-и Италия омодааст ҳукумат ташкил кунад

Луиҷи Ди Майо - раҳбари ҷумбиши "Панҷ ситора"-и Италия

Ҷумбиши "Панҷ ситора"-и Италия, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе райъи бештар ба даст овард, омодааст ҳукумати ояндаро таъсис диҳад. Дар ин бора раҳбари ин ҷумбиш Луиҷи Ди Майо рӯзи душанбе дар нишасти матбуотии Рум хабар дод. Ӯ гуфт, ки ҳарчанд эътилофи росту марказгаро дар интихобот пешсаф аст, аммо барои таъсиси ҳукумат дар порлумон нишасти кофӣ надорад.

Ба гуфтаи Ди Майо ҷумбиши ӯ аз қонунияти бештар бархурдор аст, зеро аз Валле д'Аоста то Ситсилияро намояндагӣ мекунад. Ди Майо гуфт, ки барои ҷумбиши "Панҷ ситора" натиҷаи интихобот ба маънои оғози марҳилаи нави сиёсӣ дар таърихи навини Италия аст.

Интихоботи порлумонӣ дар Италия рӯзи якшанбе баргузор шуд. Биноба шумориши пешакии райъҳо, ҷумбиши "Панҷ ситора" 32 дар сад овоз гирифт. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи ҳисоби умумии овозҳо эътилофи росту марказгаро бо "Лига-и Матео Салвинӣ ва ҳизби "Ба пеш" -и Силвио Берлусконӣ якҷо бо ҳизбҳои хурдтар 37 дар сад овоз гирифтаанд.Ҳизби Демократӣ, ки ҳоло қудратро дар даст дорад бо 20 дар сади райъ дар ҷойи сеюм аст. Ягон ҳизб 40 дар сади зарур барои ишғоли аксарияти нишастҳо дар порлумонро дастрас накардааст.

Мушовири Путин: Русия омодааст интернети ҷаҳониро қатъ кунад

Владимир Путин ва Герман Клименко

Русия аз ҷиҳати техникӣ омодааст, ки интенети ҷаҳониро қатъ кунад, ҳарчанд ин раванд бедард нахаҳоҳад буд,- гуфт Герман Клименко - мушовири президент Владимир Путин рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии НТВ.

Ӯ гуфт, ҳоло сегменти руссиягии Интенет, ки бо дастури президент Путин барои кормандони давлатӣ бунёд шуд, фаъол аст. Клименко афзӯд, тамоми ҷаҳон ба танзими интернет машғул аст ва "Русия истисно нест". Мушовири Путин ҳамзамон таъкид кард, ки Русия маҳдудиятҳои монанд ба Кореяи Шимолиро ҷорӣ намекунад.

Дустури ворид кардани таъғирот ба "Қонун дар бораи алоқа"-ро, ки назорати давлат бар зерсохторҳои Рунетро таъмин мекунад, Владимир Путин содир кардааст. Моҳи октябри соли гузашта Вазорати Молия ба ин тарҳи қонун, ки қарор аст амнияти зерсохтори Рунетро аз берун таъмин кунад, баҳои манфӣ дод. Сабаби ҷавоби рад набуди маълумот дар бораи хароҷоти татбиқи ин тарҳ буд.

Бинобар созмони ҳуқуқи башари "Агора", соли 2017 дар Русия беш аз сад далели маҳдудияти озодии интенет сабт шуд. Ба ҳисоби миёна Рунет ҳамарӯза то 244 саҳифаро масдуд мекард ва ҳар шаш рӯз корбарон ба таҳдид ва ҳамла рӯ ба рӯ мешуданд.

Киштии ҳавопаймобари ИМА барои панҷ рӯз дар Ветнам лангар зад

Сарбози Ветнам ба киштии ҳавопамобари ИМА назорат мекунад.5 март, 2018

Киштии ҳавопаймобари "Карл Винсон" барои панҷ рӯз дар бандари Дананги Ветнам лангар партофт, ки аз замони хотимаи ҷанг бо Ветнам, соли 1975, бори аввал сурат мегирад. "Карл Винсон" бо 6000 одам, барнома дорад, ки панҷ рӯз дар маросимҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва табодули таҷриба бо соҳибхона иштирок кунанд.

Ба гуфтаи хабаргузориҳои байналмилалӣ, ин сафар равобити рӯ ба густариши ду душмани пешинро инъикос мекунад. Ветнам дар пайи робитаи хуб бо Амрико аст, ки тавозунро бо ҳамсояи тавонмандаш -Чин таъмин мекунад.

Намояндагони Ветнам қаблан бо ҳамтоҳои чиноӣ мулоқот карданд, то нигаронии онҳоро аз ҳузури кишти низомии Амрико дар бандари Дананг аз байн бубиранд.

Бандари Дананг дар наздикии захирагоҳи гази Blue Whale ҷойгир аст, ки истихроҷи онро ширкати нафтии Exxon Mobil-и Амрико пеш мебарад. Blue Whale дар наздикии ҷазираҳои Парасел ҷойгир аст, ки Чину Ветнам ҳарду онро моли худ мешуморанд.

Боздошти як додситони дигари Узбекистон

Акси тасвирӣ

Гуруҳи махсуси Додситонии низомии Узбекистон рӯзи 1 март муовини додситони ноҳияи Қизириқи вилояти Сурхандарё Шералӣ Аҳмедовро боздошт кард.

Ба гуфтаи як манбаъ аз додситонии вилояти Сурхандарё, Аҳмедови 37-сола дар робита доштан бо гуруҳи ҷиноие гумонбар аст.

"То ҷое ман медонам, Шералӣ Ахмедов дар гирифтани пора аз соҳибкорон гумонбар аст. Вай ин пораро бояд ба Нодир Турақулов, мудири раёсати тафтишотии Хадамоти амнияти миллӣ дар вилояти Сурхандарё Нодирбек Турақулов бояд медод", - гуфт манбаъ.

Ҷӯра Ахмедов, падари Шералӣ Ахмедов мегӯяд, писараш дар воқеъ ҳамроҳ бо соҳибкорон як миқдор маблағ ба коргоҳи Нодирбек Турақулов бурдаанд. Вале Ҷӯра Ахмедов бовар дорад, ки он пулҳо ҷарима буда, ба буҷаи давлат интиқол ёфтанд.

Нодирбек Турақулов 22 январ дар шаҳри Тошканд боздошт шуд.

Филми мустанади допинг дар Русия "Оскар" гирифт

Ҷоизаи Оскар

Филми "Икар" дар таҳияи коргардон Брайн Фогел, бахшида ба допинг дар варзиши Русия, дар бахши беҳтарин филми мустанад, барандаи "Оскар" - ҷойизаи академияи синмои Амрико шуд. Дар филм порчаҳои сӯҳбат бо раҳбари пешини осоишгоҳи зидди-допинги Маскав, Григорий Родченков, ки ба ИМА фирор кард ва хабардиҳандаи оҷонсии зидди-допинг шуд, истифода шудааст. Фогел ҳангоми маросими гирифтани ҷоиза Родченковро "ҷасур" номид ва гуфт, ин филм дар бораи Русия, вале ба сурати умум дар бораи аҳамияти баёни ҳақиқат аст.

Дар бахши "Филми беҳтарин" ҷоизаи "Оскар"-ро филми коргардон Гилермо дел Торо "Шакли об" бо худ бурд. Ин филм ҳамчунин дар бахши "Коргардони беҳтарин" низ "Оскар" гирифт.

Френсис Макдорман барои иҷрои нақши аввал дар филми "Се билборд дар марзи Эббинг, Миссурӣ" ва Ҳарӣ Олдман барои иҷрои нақши Черчил дар филми "Рӯзҳои тира" барандаи "Оскар" шуданд.

Дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ "Зани фавқулодда" -и коргардони Чилӣ Себастян Лилио бо қиссаи як ҳамҷинсгаро баранда шуд. Филми коргардони рус Андрей Звягинтсев "Нелюбовь", ки номзад ба ҷоиза буд, бе "Оскар" монд.

Путин гуфт, ки Русия шаҳрвандонашро ба Амрико таслим намекунад

Рахнагаре дар паси компютер

Ҳукумати Русия ҳеҷ гоҳ шаҳрвандонашро, ки Вашингтон онҳоро ба ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷараёни интихоботи соли 2016-и ИМА муттаҳам кардааст, истирдод намекунад,- гуфтааст президенти Русия Владимир Путин ба шабакаи телевизионии NBC.

"Ман медонам, ки онҳо аз ҳукумати Русия, мақомоти Русия намояндагӣ намекунанд. Онҳо ба чӣ кор машғул буданд, ман намедонам. Агар онҳо коре ҳам карда бошанд, пас бигзор ҳамтоҳои амрикоии мо санаду далел пешниҳод кунанд, то мо биомӯзем",- гуфт президенти Русия.

Путин ба суоле, ки оё Русия ҳакерҳоро истирдод мекунад, гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ шаҳвардони худро истирдод намекунад, аз ҷумла ба ИМА".

Миёнаҳои моҳи феврал прокурори махсуси таҳқиқи қазияи эҳтимоли муомилоти ситоди интихоботии Трамп бо Русия Роберт Мюллер, 13 шаҳрванди Русия ва се ширкатро ба "тавтеа алайҳи ИМА" ва "қаллобӣ" муттаҳам кард.

Президенти Узбекистон тӯйгардии мансабдоронро манъ кард

Туйхонае дар Узбакистон

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ахиран дар як ҷаласа гуфт, ки Сенати кишвар бо судури як қарор рафтани мансабдорони давлатӣ ба тӯйҳо манъ хоҳад кард.

Сабти суҳбати Мирзиёев рӯзи 2 март дастраси Бахши узбакии Радиои Озодӣ шуда, ба эҳтимоли зиёд, ӯ ин изҳоротро рӯзи 27 феврал пахш кардааст.

Мирзиёев мегӯяд, барои мансабдорони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам кардааст, то содиқона кор кунанд ва ҳоло замоне расидааст, ки аз онҳо хидмати одилона ба мардум талаб шавад

"Фардо қарор содир мешавад. Рафтани вазирон, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, намояндагони мақомоти иҷроия ба тӯйҳо манъ хоҳад шуд. Агар мошини мансабдореро бо рақамҳои давлатӣ дар назди чойхонае бинам, худи ҳамон рӯз ӯро барканор хоҳам кард", - изҳор дошт президенти Узбекистон.

Мирзиёев гуфтааст, ки ин иқдом ба хотири решакан кардани коррупсия, тӯйҳои бодабдаба ва иштироки мансабдрорн дар ин маъракаҳо анҷом мешавад.

"Ягон мансабдор, бо шумули ман ба ҷашни зодрӯз ё тӯй намеравад. Он замонҳо гузаштанд! Ин ҳама мардумро ба ғазаб меорад. Ҷашни зодрӯзу тӯйҳо минбаъд бе иштироки мансабдорон мегузаранд. Сарвазир ҳамроҳи тамоми муовинонаш ба тӯй меравад ва ҳама рост меистанд. Ту ба ҷои он 20 кило гӯште, ки сарф мекунӣ хонаи камбизоатеро ранг бикун ё барояш телевизор бихар", - изҳор дошт Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ, бар пояи қарори нави Сенати Узбекистон, соҳиби тӯй ҳақ дорад, ба оши наҳор то 200 меҳмон даъват кунад.

Куштори рӯзноманигор Словакияро ба бӯҳрони эътимод гирифтор кард

Навиштаҷоти "қотил" дар акси нахуствазири Словакия

Президенти Словакия Андрей Киска дар робита ба таҳдидҳои буҳрони сиёсӣ, дар пайи куштори рӯзноманигор Ян Кучак, мехоҳад, ки дар ҳайати ҳукумат тағйирот ворид кунад ё интихоботи порлумонии пеш аз муҳлат баргузор карда шавад.

Киска ҳукумати Словакияро ба "ҳавобаландӣ ва такаббур" айбдор кард. Ба гуфтаи президенти Словакия, ӯ тайи ҳафтаи гузашта қасдан хомӯш буд, то бубинад, ки ҳукумат барои барқарор кардани боварии мардум чи тадбирҳои сиёсӣ меандешад.

Вале ба гуфтаи ӯ, то ҳол пешниҳоде ироа нашудааст. "Бархеҳо истеъфо доданд, аммо барои берун бурдани кишвар аз буҳрони боварӣ ҳеч гуна нақшае ироа нашуд", - гуфт президенти Словакия.

Рӯзноманигор Ян Кучак рӯзи 25 феврал ҳамроҳи дӯстдухтараш Мартина Кушнирова дар маҳалли зисташ кушта шуд. Чанд рӯз баъди ҳодиса вазири фарҳанги Словакия Марек Мадарич истеъфо дод. "Ман ҳамчун вазир наметавонам қабул кунам, ки дар замони сари вазифа будани ман рӯзноманигореро куштанд", - гуфт Мадарич.

Сабаби куштори рӯзноманигор то ҳол маълум нест, вале ҳамкоронаш мегӯянд, Кучакро барои гузориши таҳқиқотияш куштанд. Рӯзноманигор ахиран нуфузи мафияи итолиёиро ба ҳукумати Словакия таҳқиқ мекард. Аз ҷумла, ӯ сарвазири Словакия Роберт Фитсоро дар робита доштан бо соҳибкорони наздик ба як мафияи итолиёвӣ айбдор карда буд.

Қирғизистон гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистонро бузургтар мекунад

Гузаргоҳи " Достук"- Қирғизистон-Узбакистон

Ҳукумати Қирғизистон 32 манзили назди гузаргоҳи марзии "Достук"-ро харидорӣ кард. Гузаргоҳи "Достук" дар марзи миёни Узбекистону Қирғизистон ҷойгир аст. Ҳукумати Қирғизистон мехоҳад, гузаргоҳро аз ҳисоби тахриби манзилҳои канори он васеъ кунад.

Сафар Исҳоқов, сарвазири Қирғизистон дастур дод, ки васеъсозии гузаргоҳ бо суръат анҷом дода шавад.

Сар аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар гузаргоҳи марзии "Достук" дар вилояти Ӯши Қирғизистон навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида мешавад. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ин навбатпоӣ ба фаъол гардидани тиҷорат рабт дорад.

Моҳи сентябри соли 2017 Узбекистон маҳдудиятҳои рафту омад бо Қирғизистонро бекор кард. 7 соли охир сокинони ду кишвар наметавонистанд пайвандонашонро дар ду тарафи марз бубинанд ва ё тиҷорат ба роҳ монанд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG