Ҷо Байден, президенти тозаинтихоби Амрико гуфт, ки генерали бознишаста Ллойд Остинро ба мақоми вазири ояндаи дифои кишвар пешниҳод кардааст. То ҳол Байден номи мақомҳои баландпояи масъули сиёсати хориҷӣ ва иқтисодии дар ҳукуматашро эълон карда буд.
Беш аз сад ҳазор нафар рӯзи якшанбе дар Минск, пойтахти Белорус бо вуҷуди ҳузури нерӯҳои зиёди интизомӣ, ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд ва раҳпаймоӣ карданд. Барои пароканда кардани эътирозгарон аз таркишҳои тарсовар ва тирҳои пластикӣ низ истифода шуда, дар натиҷа як нафар захм бардоштааст.
Дар Русия озмоиши ду ваксинае идома дорад, ки ба гуфтаи мақомоти Русия ба зидди бемории COVID-19 коромад аст. Ба гуфтаи мақомот даҳҳо ҳазор нафар изҳори омодагӣ кардаанд, ки довталабона дар озмоиши ваксинаҳо ширкат мекунанд. Аммо шубҳа дар бораи ин ваксинаҳо зиёд аст.
Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар гирдиҳамоии маҷозӣ ё онлайнии худ Доналд Трампро ба таври расмӣ номзади ҳизб барои интихоботи президентии моҳи ноябр пешниҳод кард.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 20-уми август қавл дод, ки агар маълум шавад, ки ягон кишвар барои ҳамла ба сарбозони Амрико дар Афғонистон пул додаанд, сазои корашонро мебинанд.
Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия, бинобар заҳролудшавии эҳтимолӣ дар бемористоне дар шаҳри Омск таҳти муроқибати шадид қарор дорад.
Вазорати адлияи Амрико гуфт, як афсари собиқи Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё CIA-ро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Чин дастгир кардаанд. Дар сурати собит шудани иттиҳом, мумкин аст, Александр Йук Чинг Маи 67-соларо ба зиндони якумрӣ маҳкум кунанд.
Рӯзи 16-уми август дар Минск пойтахти Беларус ва дигар шаҳрҳои ин кишвар даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Александр Лукашенкоро пирӯз эълон карданд, ҷамъ омаданд.
«Кулли ҷавонҳои мо буд, амакам буд, зани амакам буд, дигар барои мо ҳеҷ кас намонд”.
Ёфтҳои бештар