Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати мошинҳову муҳимоти Вагнер ба деҳаи Тсели Беларус идома дорад


Аксҳои моҳвораӣ аз маҳалле, ки зархаридони Вагнер онҷо ҷамъ мешаванд.
Аксҳои моҳвораӣ аз маҳалле, ки зархаридони Вагнер онҷо ҷамъ мешаванд.

Ирсоли аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва ҳаракати мошинҳое, ки бовар меравад, ба гуруҳи зархаридони Вагнер тааллуқ дорад, ҳамчунон ба маҳаллаи Тсел дар шарқи Белорус идома дорад. Ба маҳалле, ки зоҳиран макони ҷойгиршавии неруҳои ширкати Евгений Пригожин аст, ки баъди ошӯби нофарҷомашон дар моҳи гузашта дар Русия ба Ҷумҳурии Белорус рафтанд.

Дар аксҳои моҳвории ширкати Плайнет Лабс, ки рӯзи 25-уми июл нашр кард, 750 абзору мошинҳои боркаши гуногунро дидан мумкин аст, ки дар назди як қисми низомии раҳошудаи неруҳои ҳавоии Белорус ҷойгир шудаанд.

Аз рӯзи 19-уми июл дар ин ҷо босуръат муҳимоти ҷангӣ ва мошинҳоро ҷамъ мекарданд. Ҳоло дар онҷо 62 мошини зери хайма, 534 мусофирбари хурд, мошинҳои дигари маъмулӣ, 33 автобус ва 99 мошин бо таҷҳизоти лозим барои сохтмонҳо ва 26 мошину зиреҳпуши низомӣ ҳисоб кардаанд.

Канали беларусии Ҳаюн дар Телеграм, ки ҳаракати муҳимоти низомӣ дар қаламрави Беларусро назорат мекунад, рӯзи 25-уми июл гуфт, ки аз рӯзи 11-уми июл 11 корвони мошинҳои низомӣ ва муҳимотеро мушоҳида кардааст, ки ба хоки Беларус ворид шуда ва ба деҳаи Тсел рафтаанд.

Евгений Пригожин, муассис ва раҳбари гуруҳи Вагнер, ҳафтае пеш дар як видеое зоҳир шуд, ки нишон медиҳад, размандагони зархариди худро пешвоз мегирад ва ба онҳо мегуяд, ки артиши Беларусро ба дуввумин артиши беҳтарини ҷаҳон табдил медиҳанд.

Баъди ошӯби нофарҷоми гуруҳи Вагнер дар рузҳои 23-24-уми июн сарнавишти Пригожин ва гуруҳаш номаълум буд. Исёни онҳоро бузургтарин хатар дар аҳди 23-солаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия медонанд.

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус ва шарики наздики Владимир Путин аз онҳое буд, ки бо миёнҷигарӣ ба исёни гуруҳи Вагнер хотима дод ва гуфт, ки зархаридони Вагнер ва раҳбарашро дар Беларус ҷой медиҳад.

Чанд рӯз баъд аз баёнияи Лукашенко дар деҳаи Тсел як шаҳраке аз хаймаҳо пайдо шуд. Гуруҳи Вагнер дар ҷанги Русия дар Украина нақши бисёр муҳим доштанд ва ҷангҳои сахти тақрибан 10-моҳа дар шаҳри Баҳмут нақши асосиро ифо кардаанд. Евгений Пригожин гуфтааст, ки фақат дар ҷанги Баҳмут 20 ҳазор размандаашро талаф додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG