Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нооромиҳои Судон 56 нафар кушта шуд


Бино ба иттилои созмони табибони Судон дар пайи даргириҳо дар Хартум, пойтахти ин кишвар дасти кам 56 ғайринизомӣ кушта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар задухӯрдҳои байни низомиёни мухолифи ҳукумати кунунӣ ва артиш тақрибан 600 нафар маҷрӯҳ шуданд. Шумори низомиёни кушташуда маълум нест.

“Нерӯҳои ҳимояти зудрас” эълон кард, ки артиш ба пойгоҳҳои низомӣ дар шаҳри Хартум зарба задааст. Артиши Судон ин иддаоро рад кард. Ба гуфтаи сокинон дар пойтахт ва атрофи шаҳр садои тиру туп шунида мешавад.

Сарфармондеҳи артиши Судон, генерал Абдулфаттоҳ Ал-Бурҳон дар сӯҳбат бо телевизионии “Ал-Ҷазира” гуфт, омода аст бо Нерӯҳои мухолиф музокирот кунад, аммо афзуд, агар онҳо силоҳи худро насупоранд, аз минатқаҳои дигар ҳам ба пойтахт нерӯ ворид хоҳанд кард. Дар ҷавоб Муҳаммад Ҳамдон, генерал Бурҳонро “дуруғгӯ ва ҷинояткор номид.”

Ширкати ҳавоии Saudia хабар додааст, ки дар тирборони фурудгоҳи Хартум як ҳавопаймои онҳо ҳам осеб дидааст. Ҳоло бисёре аз ширкатҳо парвози ҳавопаймоҳои худ ба Хартумро манъ кардаанд.

“Нерӯҳои ҳимояти зудрас” як гурӯҳи низомиест, ки ба артиши Судон шомил нест ва аз сӯйи Вазорати дифои ин кишвар ҳам идора намешаванд. Соли 2019 ин гурӯҳ аз табаддулоти низомие, пуштибонӣ кард, ки боиси барканории президенти вақти он кишвар Умар Ал-Башир шуд.

Соли 2021 ҳам ин гурӯҳ, ки 100 ҳазор узв дорад аз табаддулоти дуввуми низомӣ ҷонибдорӣ кард. Дар пай интиқоли қудрат ба ғайринизомиён ба таъхир гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG