Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз он рӯ мегардонанд, дар Маҷористон рӯ меоранд. ВИДЕО


Хонаҳои коҳгилӣ ба Аврупо бармегарданд. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, хонаҳои гилин ва ё коҳгилӣ нишонае аз фақру қашшоқӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло дар Маҷористон (Венгрия), яке аз кишварҳои Аврупои пешрафта, сохтмони ин навъи хонаҳо зиёд шудааст, зеро онҳоро камхарҷ ва баръакси хонаҳои бетонӣ муносиб барои муҳити зист медонанд.

Янош Гаспар хонасози касбӣ аст ва то кунун 200 хонаи гилин сохтааст. Мегӯяд, “дар бисёре аз гӯшаҳои Маҷористон маҳсулоти сохтмонии муносиб вуҷуд дорад. Бояд бидонед, кадом навъи хок зарур аст, вале дар умум хоки хубро ҳамаҷо пайдо мекунед. Дар ҳама ҷойи кишвар хонаҳои гилинро сохтаанд, ки далели мавҷуд будани хоки муносиб аст. Хоки зардранг барои рехтани хишти гилин бисёр мувофиқ аст.”

Инҷо баръакси Тоҷикистон барои рехтани хишти гилин хокро бо коҳ омехта мекунанд, то ба осонӣ шикаста нарезад. Андовааш ҳам аз омехтаи коҳу гил аст.

Меъмор Адам Биҳарӣ гуфт: “Тамоми хиштҳои гилини ин деворро одамон бо даст сохтаву рехтаанд. Дақиқ аст, ки ин хона на камтар аз 100 сол аст, побарҷой мондааст. Агар дуруст таъмир шавад, ҳатман 100 соли дигар хоҳад монд.”

Тимеа Кисс омӯзгор аст ва барои ёд гирифтани бунёди хонаи гилин омадааст. Мегӯяд, ин навъи хонаҳо барои табиат, ки ҳоло ҷабри инсонҳоро мекашад, баръакси хонаҳои бетонӣ зиёновар нестанд. “Хубиҳои дигар ҳам дорад,” – мегӯяд ӯ.

Вай афзуд: “Зиндагӣ дар хонаи гилин бисёр хуб аст. Дар зимистон гарм аст. Агар тобистон касе ба хона биёяд, мепурсад, кондитсионер доред? Дар асл надорем. Барои ҳамин, зиндагӣ дар хонаи гилин хуб аст. Ман ҳамеша мегӯям, парастуҳо садҳо сол аз зиндагӣ дар лонаи гилин зиндагии роҳате доштаанд, чаро мо натавонем.”

Дар Тоҷикистони зилзилахез сохтмони хонаҳои гилин ба тадриҷ камтар мешавад, ҳарчанд дар деҳаҳои дурдаст ва фақирнишин ҳамчунон зиёд аст. Хонаҳое, ки бо андак селу борони зиёд осеб мебинанд ва ё фурӯ мераванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG