Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Додгоҳи иқтисодии Душанбе қарор кард, ки корхонаи давлатии “Тоҷиктрансгаз” бояд ба вазорати молияи Тоҷикистон 10 миллион сомонӣ маблағи қарз ва наздики 6 миллион сомонӣ ҷаримаи қарзи дар соли 2011 гирифтаашонро, бозпас диҳад.
Варзишгар, Сомон Маҳмадбекови 18-сола, ҳеҷ гоҳ интизор надошт, ки дар Душанбе ӯро на танҳо наздикон, балки мардуми зиёд ботантана пешвоз мегиранд.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба эҳтимоли зиёд баъд аз чаҳор соли дигар, сирф як муассисаи писарона мешавад. Дар соли таҳсили нав ба ин донишкада ягон духтар дохил нашуд.
Варзишгар Сомон Маҳмадбекови 18-сола ҳеҷ гоҳ интизор надошт, ки дар Душанбе ӯро на танҳо наздикон, балки мардуми зиёд ва ботантана пешвоз мегиранд.
Як духтари 24-солаи тоҷик, ки бидуни никоҳ аз ҷавони дӯстдоштааш ҳомиладор шудааст, бо шикоят ба додситонӣ хостори ин шудааст, ки аз ҳуқуқи ӯву фарзанди ояндааш ҳимоят кунад.
Судоба ва Мударрис Сафаровҳо – наврасҳои 12 ва 8-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки қазияи латукуби шадиди хоҳари калонӣ ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми корбаронро барангехт, ба хона-интернати ноҳия интиқол доданд.
Қарор аст, пас аз як моҳи дигар ба саҳнаи эстрада, ҷаз ва попу рэпи Тоҷикистон як гурӯҳ овозхонону оҳангсозони нави ҷавону касбӣ ворид шаванд.
Аҳолии Душанбе субҳи 18-уми октябр дар фазои ғуборолуд бедор шуданд. Сокинони гирифтори маризиҳои диққи нафас, қалб ва фишори баланди хун дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин хокбориш онҳоро дар вазъияти мушкил қарор додааст.
Қабри Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров қарор аст шаби 17 ба 18 октябр ба макони нави дафн дар оромгоҳи Лучоб кӯч дода шавад.
Қабри яке аз раҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров қарор аст шаби 17 ба 18 октябр ба макони нави дафн дар оромгоҳи Лучоб кӯч дода шавад.
Наврӯз Зикиров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки моҷарои латту кӯби ӯ дар шаби 20-уми сентябр дар бозори “Москва”-и ноҳияи Люблинои пойтахти Русия боис ба гирдиҳамоӣ ва азияти муҳоҷирон шуд, баъди марҳилаи табобат дар Душанбе қарор дорад.
Ин шабу рӯз садҳо сокини Тоҷикистон бахти худро дар озмуни лотереяи корти сабз ё “грин корт”-и Амрико месанҷанд.
Ин шабу рӯз садҳо сокини Тоҷикистон бахти худро дар озмуни лотереяи корти сабз (Green Card, грин-карта ё грин-корт)-и Амрико месанҷанд. Марҳилаи ирсоли ариза барои корте, ки роҳи барандаашро барои зиндагиву кор дар Амрико ҳамвор мекунад, то 7-уми ноябр таъин шудааст.
Тамошои духтарони зебову қоматбаланд дар саҳнаҳои бузургу озмунҳои зебоии ҷаҳон ва орзуи соҳиби тоҷи зебоӣ шудан, бархе наврасони тоҷикро ба “мактаби моделҳои наврас” бурдааст. Ин имконро барои хоҳишмандон як соли пеш студияи рақсии “Новая эра” фароҳам кард.
Тамошои духтарони зебову қоматбаланд дар саҳнаҳои бузургу озмунҳои зебоии ҷаҳон ва орзуи соҳиби тоҷи зебоӣ шудан, бархе наврасони тоҷикро ба “мактаби моделҳои наврас”-и студияи рақсии “Новая эра” бурдааст.
Ахиран даҳ тан аз духтарони ҷавон нисбати аъмоли афроде, ки бо пахши аксҳои онҳо дар саҳифае бо номи “фоҳишаҳои Тоҷикистон” дар "Инстаграм" ин духтаронро бадном кардаанд, ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ариза навиштанд.
Баъзе аз духтарони тоҷик мегӯянд, ки пӯшидани либоси аврупоӣ онҳоро таҳти фишори лафзии мардон қарор додааст.
Ёфтҳои бештар