Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон кӣ чӣ мепӯшад? Zara, Adidas ё LC Waikiki? ВИДЕО


Ҳаводорони молҳои брендҳои маъруфи либосфурӯшии “Zara”, “Adidas”, “Flo” ”LC Waikiki’ ҳамакнун метавонанд, бидуни мушкил дар Душанбе моли мавриди назари худро ба даст оваранд.

Тайи як моҳи ахир дар Душанбе ширкатҳои испании “Zara” ва “Flo” дарҳои худро ба рӯйи дӯстдорони мӯду намои замонавӣ боз карданд. Бархе аз ҷавонҳое, ки одат доштанд, тавассути интернет маҳсулоти мавриди назари худро ба даст оранд, дубора ба харид дар фурӯшгоҳ рӯ оварданд.

Рухшона, ки худро як духтари замонавӣ ва хушлибос медонад, мегӯяд, ҷевони либосҳояш аксаран аз моли ширкати “Zara” иборат аст. Мегӯяд, бо маҳсулоти ин бренд дар Русия шинос шудааст.

“Пештар дар Русия зиндагӣ мекардем ва ман либосҳои ин ширкатро мехаридам. Тарзи дӯхту сифаташ бароям бисёр писанд аст. Ба Хуҷанд баргаштам, он ҷо ҳам як мағозаи фурӯши либосҳои “Zara” буд. Вақте барои зиндагӣ ба Душанбе омадам, либоси ин ширкатро мекофтам, вале намеёфтам. Ҳоло, хушбахтона, ин ҷо ҳам кушода шуд. Сифаташ хуб аст, як чизро ду-се сол мепӯшам, чизе намешавад” - гуфт,ӯ.

Муҳим сифат ё бренд

Сабаби ба либос аз брендҳои маъруф бартарӣ додани Рухшона танҳо ба сифат вобаста нест. Вай мегӯяд, бренди ин либос ва ному навиштаҷоти хоси он барояш хеле муҳим аст.

Масъулини мағозаи тозатаъсиси “Brands” мегӯянд, ки дар миёни маҳсулоти фурӯшии онҳо танҳо молҳои ширкатҳои маъруф пешниҳод мешавад. Барои боз кардани ин фурӯшгоҳ мудиронаш бозори маҳаллӣ, қобилияти харидории аҳолӣ ва майли мардуми тоҷик ба брендҳоро омӯхтаанд. Мушоҳидаи онҳо ин аст, ки ба фарқ аз даҳ ва понздаҳ соли пеш, майли харидор ба либосҳои истеҳсоли ширкатҳои маъруф афзудааст.

Баҳром Бердиев
Баҳром Бердиев

“Мардум ба хориҷ равуои зиёд доранд ва бисёриҳо мехоҳанд зебо бипӯшанду замонавӣ бошанд. Мо ба ин хулоса омадем, ки ин брендҳоро ба кишвар ворид кунем. Мо мустақим бо ширкати испании “Inditex” шартнома бастем, ки ба таъмини моли тавлиди брендҳои мисли «Zara”, «Oysho”, «Massimo Dutti”, «Bershka”-ро дар бар мегирад, мегӯяд, Баҳром Бердиев, як корманди масъули ин мағоза.

Мағозаи ширкати “Зара” дар бузургтарин фурӯшгоҳи кишвар “Ашан” ва дар паҳлӯи бренди ширкати маъруфи дигар LC Waikiki’ таъсис ёфтааст. LC Waikiki’ ҳам 3 соли пеш ба Тоҷикистон омад. Ба гуфтаи кормандони ин мағоза, талабот ба моли ин ширкати туркӣ дар пойтахти Тоҷикистон зиёд аст.

Соле пеш ин ширкат мағозаи дуввуми худро дар як гӯшаи дигари Душанбе боз кард. Агарчи эроду шикоятҳо аз кори ин мағоза ва нархи он кам нест, аммо онҳое, ки зери офтобу борон ва соатҳо дар бозорҳо гаштанро дӯст намедоранд, бештар ба ин мағоза дар маркази шаҳр бартарӣ медиҳанд.

Дигарон ҳам меоянд,

Дилноза, як сокини дигари Душанбе, ки барои хариди либос омада буд, гуфт, барояш на бренд, балки сифати мол муҳим аст: «Ин ҷо либосҳо сифати беҳтар доранд. Аз бозор беҳтар аст. Дар бозор барои дарёфти либоси босифат вақти зиёд меравад. Ва ин ҷо ҳам мешавад либосро бо нархи дастрас пайдо кард”.

Вале нахустин ширкати маъруфи молу коло, ки ба бозори Тоҷикистон ворид шуд, бренди “Adidas” аст. 11 соли пеш ин мағоза дар маркази Душанбе таъсис ёфт. Аммо ба гуфтаи масъулин “Adidas” маҳз дар чанд соли ахир бо муд шудани либосу пояфзол варзишӣ, таваҷҷӯҳ ба моли онҳо дар ин кишвар бештар шуд.

Дилноза Содиқова, хазинадори мағозаи “Adidas” дар сӯҳбт бо Радиои Озодӣ гуфт, “Adidas” як бренди олмонӣ аст ва хурду калон ин брендро мешиносанд. Аз аввал талабот буд. Аммо ҳоло харидорони пояфзолу либос бештар аст. Мо тахфифҳои нағз ҳам дорем”.

Агарчи ҳоло нуқтаҳои фурӯши молу колои ширкатҳои бонуфуз дар Душанбе барои харидороншон интихоби чандон васее пешниҳод намекунанд ва бахши аслии сару либос аз бозорҳои умдафурӯшии Туркияву Чин ворид мешавад, фурӯши молҳои брендиро як қадам ба самти пешниҳоди моли сифатан беҳтар арзёбӣ мекунанд. Бархе афроди доро умедворанд, ки баъди ин ба Душанбе молу маҳсулоти дӯхтаи «Gucci» ва «Chanel» ҳам ворид мешавад.

Онҳое, ки тавони харидани моли асли сохтаи ширкатҳои маъруфро надоранд, бо молҳои тақаллубие иктифо мекунанд, ки аз исми брендҳои маъруф ба таври қочоқӣ сӯиистифода мекунанд. Харидорони ин мол ҳам медонанд, ки моли онҳо ҳақиқӣ нест, вале дар шароити набуди маблағ бо ҳамин иктифо мекунанд. Бархе аз ин қишри ҷомеа шӯхиомез бренди беҳтарин барои худро “Корвон” меноманд.

XS
SM
MD
LG