Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф: "10 ҳазор волидон ҷарима шуданд". ВИДЕО


Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки давоми 11 моҳи соли 2017 дар саросари кишвар беш аз 10 ҳазор волидон бар пояи қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ҷарима шудаанд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарии ин вазоратхона гуфт, ки аз ҷумла волидон барои аз дарс дер мондани фарзандон, худдорӣ аз ширкат дар ҷараёни дарс, латукӯби фарзанд, бидуни қаламу дафтар ва омодагӣ ба дарс ҳозир шудан ва дигар ҳолатҳо, ҷаримабандӣ шудаанд.

Парвандаи маъмурӣ нисбати волидон

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар ҳудуди як соли охир тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбати беш аз 15 ҳазор падару модар парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки маблағи ҷарима беш аз 1 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар миёни дигар айбҳои волидони муҷозотшуда – ба муҳоҷирати корӣ ба Русия бурдани кӯдакон ҳам ном бурда шуд. Нуриддин Саид, вазири маориф бо нигаронӣ аз ин вазъ гуфт, бо айби волидон кӯдак чанд моҳ аз таҳсил дур мемонанд. “Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки волидон кӯдаконро бо худ ба муҳоҷират мебаранд ва баъди 3 моҳ ба мактаб бармегарданд, бе ягон санад ба мактаб меоранд.”

Ба гуфтаи масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон, баъди чанд моҳи бозгашт ҳам волидон ягон санади тасдиқкунандае ба мактаб пешниҳод намекунанд ва кӯдак ҳам тамоми ин муддат аз таҳсил дур мемонад. Чунин ҳолат ҳам чун ҳуқуқвайронкунӣ сабт ва волидон муҷозот хоҳанд шуд.

Вазири маориф: "10 ҳазор волидон ҷарима шуданд"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:50 0:00

Латукӯби кӯдакон - зери назари омӯзгорон ва полис

Дар зимн Нуриддин Саид ҳамчунин ба ҳолатҳои латукубшавии кӯдакон аз сӯйи волидон ҳам таъкид ва ин амалро маҳкум кард. Вазир гуфт, онҳо ба ин масъала ҳам таваҷҷӯҳ доранд. Ба гуфтаи Қутбиддин Муҳиддинов, як масъули Вазорати маориф ва илм, ҳодисаҳои лату куби кӯдакон аз сӯйи волидон аз тарафи омӯзгорон ва мақомоти қудратӣ ошкор мешавад. Вай гуфт: “Муаллимҳо мебинанд ва дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ пажӯҳиш ва исбот мекунанду баъдан ин ҳодиса чун қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта мешавад”, гуфт Қутбиддин Муҳиддинов.

Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз қонунҳои баҳсбарангези Тоҷикистон аст, ки моҳи июли соли 2011 қабул шудааст ва то кунун бар асоси он ҳазорҳо падару модарро муҷозот ва ҷарима кардаанд.

Аммо ин барои аввалин бор аст, ки вазири маорифи Тоҷикистон ба таври рӯшан ҷузъиёти бемасъулиятии волидонро шарҳ дода, аз ошкор шудани ҳолату латукуби атфол дар хонавода хабар дод. Аз чунин ҳолатҳо ҳам маъмулан омӯзгорони мактабҳо баъди мушоҳидаи осори лату куб дар сару сурати кӯдак огоҳ шуда, ба мақомоти қудратӣ хабар медиҳанд.

Моҷарои волидон - ҷабри фарзандон

Маъмулан дар Тоҷикистон кӯдакон аз лату куб дар хонавода ба ҷое шикоят намебаранд ва бисёри оилаҳо ҳам даст бардоштан ба сари кӯдакро чун як усули тарбия медонанд, на зӯроварӣ нисбат ба атфол. Шоҳсанам Қарабоева, корманди созмони ҷамъиятии “Ғамхорӣ”, ки дар доираи як лоиҳа дар самти ҳуқуқи кӯдакон кор бурдааст, мегӯяд, дар аксари ҳолат, ҳатто зимни муноқишҳои волидон ҳам кӯдакон ҷабрдидаҳои аслианд ва падару модар аз якдигар ба воситаи зӯроварӣ ва ҳатто лату куби кӯдакон қассос мегиранд:

“Дар мо мегӯянд, кӯдакро назанӣ намешавад ва кӯдакони бечора ҳам хап карда мешинанд. Вақте падар модарро ҷанг кард, модар ҳатман кӯдакро ҷанг мекунанд, вақте падар модарро зад, модар кӯдакро мезанад. Яъне ба ин восита онҳо аз ҳамидигар қасос мегиранд. Вақте падару модар аз ҳам ҷудо мешаванд, кӯдак агар тарафи хонаи тағо равад, гирифтори зӯроварӣ мешавад ва агар хонаи хешу табори падар равад, он ҷо ҳам гапҳои пасту баланд мешунавад. Кӯдак ҳайрон мешавад ва дар бархе ҳолат мегурезад сӯйи бозор ва ба кӯчаи оворагардӣ”.

Ба гуфтаи Шоҳсанам Қарабоева, аксар кӯдаконе ҳам, ки аз таҳсил дуранду бидуни омодагӣ ба дарс меоянд ва ё дар дарсҳо ширкат намекунад, аз оилаҳои носолиманд ва кӯдаконе ҳастанд, ки барои пешбурди зиндагии худ рӯ ба бозори кор ё оворагардӣ овардаанд. Як пажӯҳиши вазъи кӯдакони оворагарди тоҷик ҳам дар чанд соли пеш муайян карда буд, ки аксари кӯдакони оворагард дар синни мактабӣ қарор доранд ва беш аз нисфи онҳо умуман ба мактаб намераванд. Бо таваҷҷӯҳ ба носолим ва осебпазир будани чунин хонаводаҳо Шоҳсанам Қарабоева мегӯяд, бовар надорад, ки ҷаримаи падар ё модар тавонад чизеро дар ҳаёти кӯдак тағйир диҳад.

“Падару модаре ҳаст, ки ҷойи кор надоранд, шароит надоранд ё майзадаанд. Барои бемасъулиятӣ ҷарима мешаванд, маҷбур аз ягон ҷо қарз карда ҷаримаро медиҳад, вале кӯдакон боз бо ҳамон аҳвол мемонанд. Мо як шаб дар бозор рейд кардем, қариб 12 нафар кӯдакони аз синфи 8 то 10 буданд, ки селлофан мефурӯхтанд ё металабиданд. Онҳо маҷбуранд, чун падарҳо нестанд, ё Русия рафта наомадаанд ё аз ҳамсарон ҷудо шудаанд”.

1 миллион сомонӣ ба фоидаи давлат

Барои нақзи банди қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд волидон ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима мешаванд. Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам дар ҳоле аз 1 миллион сомонӣ ҷарима шудани волидон хабар медиҳад, ки бархе аз падару модарон мегӯянд, ба далели набуди шароит фарзандоншон маҷбуранд баъзан дарсгурезӣ кунанду ба ҷойи мактаб рӯ ба бозор оранд.

Зулайхо - модари 3 фарзанд, ки дар як ошхонаи Душанбе ба ҳайси пешхизмат кор мекунад, мегӯяд, масъулияти таъмину тарбияи фарзандон танҳо бар дӯши ӯ аст. Шавҳараш оиларо тарк кардааст. “Албатта мехоҳам, ки фарзандонам хонанд, одам шаванд, аммо на ҳамеша хостаҳои одам ба шароиташ мувофиқат мекунад. 2 фарзанди авваллаам мактабхонанд, вале намехоҳанд ба мактаб рафтан. Чунки шароит нест. Барои рафтан ба мактаб либоси хуб даркор, пули мактаб ҳар моҳ бурдан даркор. Мо ин шароитро надорем.”

Бархе ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки қонуни масъулияти падару модар озодии шаҳрвандонро маҳдуд мекунад. Аммо бархе ҳам бар ин боваранд, ки маҳз ин қонун чандин падарру модари мухолиф ба таҳсили духтарро водор кард, то фикри худро тағйир диҳанд ва аз тарси ҷаримабандӣ шудан духтарни худро ба мактаб баргардонанд. ​

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG