Аз соли 1999 ҳамкори радиои Озодист. То соли 2001 дар дафтари "Озодӣ" дар шаҳри Душанбе ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошт ва ҳоло дар шаҳри Прага кор мекунад.
Соли 1974 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Баъд аз хатми бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1997 ба ҳайси хабарнигор дар телевизиони "Пойтахт" ва хабаргузориву рӯзномаи "Азия Плюс" кор кардааст.
Боре Шуморо шахсони ношинос дар назди хонаатон задаанд? Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки борҳост ӯро латукӯб мекунанд ва маълум нест, кӣ.
Имрӯз дар бораи фоҷиаи як модари тоҷик суҳбат мекунем, ки марги ӯ як мушкили бузург дар зиндагии сокинони биноҳои баландошёна дар Душанберо аён кард.
"Шумо ба интихобот меравед?" Дар барномаи "Гапи Озод" посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар чунин шахсонро накуҳиш мекунанд ва мегӯянд, интихобот тақдири ояндаи кишварро ҳал мекунад ва бояд бираванд.
Шумо ба интихобот меравед? Дар барномаи Гапи Озод имрӯз посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар мегӯянд, интихобот тақдири кишварро ҳал мекунад ва ман меравам. Имрӯз тарафдорони ин ду ақидаро ба барномаи "Гапи Озод" даъват кардем.
Аз президенти ояндаи Тоҷикистон чӣ мехоҳед? Имрӯз дар Озодӣ Онлайн посухҳо ба ин суолро мебинем ва дар ҳамин бора гап мезанем.
Талоши худпешбарии Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси ҷавон аз Хоруғ, монеаеро дар Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ошкор кард, ки шаҳрвандон ҳақ надоранд мустақилона номзад ба мансаби раиси ҷумҳурӣ шаванд.
Умедворам аз марзҳои баста ва тарс аз коронавируси нав дилгир нашуда бошед. Имрӯз доир ба интихоботи президентӣ суҳбат мекунем ва дар бораи онки то чӣ ҳад ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷиронро дар он ба назар мегиранд.
Имрӯз дар бораи футболбозии духтарони тоҷик гап мезанем, ки Радиои Озодӣ дар бораи онҳо гузориш дод ва ба баъзеҳо хуш наомад. Инҷо духтарони футболбози дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ мекунанд ва ҳам мегӯянд, чӣ гуна писарон ба бозии онҳо "каҷ" менигаранд.
Имрӯз дар бораи футболбозии духтарони тоҷик гап мезанем, ки Радиои Озодӣ дар бораи онҳо гузориш дод ва ба баъзеҳо хуш наомад.
То чаҳор моҳи дигар иҷрои як стратегияи муҳими Тоҷикистон ва он ҳам стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон ба поён мерасад. Санади мазкурро 9 сол пеш ҳукумат бо ҳадафи фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву кори ҷавонон ва ҷалби онҳо ба барномаҳои муҳими давлатӣ қабул карданд.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократ эълон кард, азбаски ҳамаи корҳои интихоботро мақомоти ҳукуматӣ анҷом медиҳанд, ширкат дар ин корзори сиёсӣ барои ҳизби онҳо мантиқ надорад. Нигоҳи корбарони сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаи мо дар Фейсбук ба ин тасмим дар ин видеост.
"Дар Бухоро ҳеч гоҳ инқилоб нашудааст ва он чи ки 100 сол пеш дар қаламравҳои пешинаи ҳоло Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон рух дод, ишғоли Аморати Бухоро аз тарафи Русия ва аз байн бурдани он буд."
Имрӯз дар бораи бераҳмӣ ба кӯдакон суҳбат мекунем ва дар бораи ҷазо гирифтани падаре, ки тифлонашро азоб медод ва дар видео сабт карда, ба модарашон мефиристод.
Имрӯз дар бораи бераҳмӣ ба кӯдакон суҳбат мекунем ва дар бораи ҷазо гирифтани падаре, ки тифлонашро азоб медод ва дар видео сабт карда ба модарашон мефиристод. Додгоҳи Хуҷанд гуфт, ки Фирдавс Иномзодаро барои муносибати бераҳмона ба ду фарзандаш ҳафтаи гузашта ба ду соли зиндон маҳкум кард.
Имрӯз дар бораи риш гузоштан дар Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки ҳафтаи гузашта дигарбора доғ шуд.
Ёфтҳои бештар