Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Ҳукумат муҳоҷирони тоҷикро танҳо гузошт ё ғами онҳоро хӯрд? ВИДЕО


Дар акс: Абдулло Давлатов, Каюмарси Ато ва Бахтовар Ҷумъаев
Дар акс: Абдулло Давлатов, Каюмарси Ато ва Бахтовар Ҷумъаев

Бо суръат гирифтани сирояти коронавирус дар Русия, ин нигарониҳо зиёд мешавад, ки мумкин аст маҳдудиятҳо дубора баргардад ва вазъи муҳоҷирон дар ин кишвар бадтар шавад.

Баҳори имсол, дар оғози пандемия, шикояти муҳоҷирон дар Русия ба ҳадде зиёд буд, ки мегуфтанд ҳукумати Тоҷикистон нонаворонро дар рӯзи сахтӣ танҳо гузошт ва ғами онҳоро нахӯрд. Оё, воқеан, ҳамин гуна буд ё дар ҳаққи онҳо ғамхорие сурат гирифт?

  • Намояндагони Вазорати меҳнату муҳоҷират мегӯянд, нисбат ба тақдири муҳоҷирон бетараф набуданд ва кумак карданд. Дар асл вазъ чӣ гуна буд?
  • Агар ёрие карданд, то куҷо басанда буд?
  • Дар ин давра мақомот ва намояндагиҳои расмии Тоҷикистон бояд чӣ гуна рафтор мекарданд?
  • Мушкили асосие, ки муҳоҷирон дучор шуданд, бештар ба масъалаи нақлиёт марбут буд. Аммо билети ҳавопаймо натанҳо арзон нашуд, балки бамаротиб гарон гардид, магар ҳукумат метавонист бо нархи нисбатан арзон бозгашти мардумро таъмин кунад?
  • Шикоятҳо аз шеваи номнавис барои бозгашт ва фурӯши билетҳо зиёд буд. Муҳоҷирон иддао мекунанд, ки масъулон аз ин вазъ суистифода карданд. Ба ин чӣ назар доред?
  • Қариб нисфи нирӯи кории Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд. Дар ҳолати маъмулӣ кишвар аз онҳо даромади зиёд мегирад, аммо ба назар мерасад, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар Русия осебпазиранд. Чаро ҳукумат барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш талош намекунад, ё кӯшиш мекунаду кофӣ нест?
  • Агар бемории ҳамагир дар Русия авҷ гирад ва вазъи муҳоҷирон бадтар шавад, мақомоти Тоҷикистон барои ҳимоят аз онҳо чӣ кор карда метавонанд?

Меҳмонҳои барнома Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва намояндаи созмони Маркази тоҷикон дар Маскав ва Абдулло Давлатов, пизишк ва раиси собиқ Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ҳастанд.

Барномаро дар инҷо бинед:

Гапи Озод: Ҳукумат муҳоҷиронро танҳо гузошт, ё ғами онҳоро хӯрд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:00 0:00

Барномаи мо дар Ютуб:

Дар асл барои посух гуфтан ба суолҳо намояндагони Вазорати меҳнату муҳоҷират, сафорати Тоҷикистон ва коршиносони наздик ба ҳукуматро даъват кардем, аммо баъзе аз дархостҳои мо рад шуд ва баъзе аз муроҷиатҳо беҷавоб монд.

Танҳо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр дар номаи расмӣ гуфтанд, ки дар давраи пандемия нисбат ба тақдири муҳоҷирони тоҷик дар Русия бетараф набуданд. Ҳарчанд муҳоҷирон пайваста аз бетаваҷҷуҳии мақомот нисбат ба мушкилу сарнавишти онҳо шикоят доранд.

Вазорат дар шарҳи расмӣ гуфтааст, феълан беш аз 500 ҳазор шаҳранди Тоҷикистон дар хориҷа ҳастанд ва дар аҳди коронавирус беш аз 14 ҳазор муроҷиат гирифтанду онҳоро баррасӣ намуданд. Ҷавоби пурраи Вазоратро дар инҷо бинед:

XS
SM
MD
LG