Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси лаҳҷа дар Озодӣ Онлайн: "Чоӣ" бигӯем, "куҷоба", "киҷоӣ" ва ё "куҷоӣ?" ВИДЕО


Ҳангоми сабти барнома
Ҳангоми сабти барнома

Имрӯз дар бораи лаҳҷаҳо дар Тоҷикистон суҳбат мекунем. Блоги яке аз корбарони Радиои Озодӣ дар бораи онки дар Тоҷикистон лаҳҷаро ба ҷойи забони адабӣ роиҷ мекунанд, сабаби баҳсу ғавғо ва агар бо лаҳҷа бигӯем, сабаби гапу калочаи зиёд шуд.

Ҳафиз Қаландаров дар ин блог мегӯяд, ки хор кардани забони адабӣ барои миллат бисёр бад аст ва набояд иҷоза дод, лаҳҷае ҷойи онро бигирад.

Корбаре бо номи "Филолог" дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки лаҳҷа барои тоҷикон бадбахтӣ меорад ва, ба қавли ӯ, сабаби муттаҳид набудани онҳо аст.

Шарҳи ин корбарро ҳамроҳ мехонем: "Дар тамоми забонҳо шева ва лаҳҷа вуҷуд дорад, аммо лаҳҷаҳо дар Тоҷикистон барои мардум мусибат овардаанд. Дар замони ҷанги дохилӣ агар бо лаҳҷаи Ғарм гап мезадӣ, як тир ба пешониат мезаданд ва ба дасти муқобил меафтодӣ ва аз лаҳҷаатон маълум мешуд, ки кӯлобӣ ҳастӣ, мекуштанд. Лаҳҷа дар Тоҷикистон як сабаби парокандагӣ аст. "

Шарҳи як корбаре, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузоштааст, бисёре аз корбарони дигар намунаи хор шудан ва ё беэътиноӣ ба забони тоҷикӣ номидаанд. Шарҳи ин корбарро, ки худро "Ҳисор Форневер" муаррифӣ кардааст, бе ҳеч тағйири имлоӣ ва бо ҳамон шевае, ки навиштааст, мегузорем:

"Ростша гап занм, олӣ ба адабӣ гап занем, ягон одам намефаҳма маънии гапомона, ё ба мисоли масхара қабул мекнан, одамо бо меган ки ира сарша гов ҷиқидайгияй. Куҷо дига адабӣ мемона. Баъд ба ҳаму лаҳҷаи очагимон хубш гап занем беҳтар аст."

Бо ишора ба ҳамин тамоюл дар Тоҷикистон, Бобоҷон яке аз корбарони дигар дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ингуна муносибат заҳмати зиёиёни тоҷикро, ки барои забони адабӣ солҳои дароз азоб кашидаанд, барбод медиҳад.

Шарҳаш чунин аст: "Дилам ба онҳое месӯзад, ки дар охири давраи Шӯравӣ барои давлатӣ шудани забони тоҷикӣ заҳмат кашидаанд. Боз бадбахтӣ дар он аст, ки кормандони идораҳои давлатӣ ҳам бо лаҳҷа гап мезананд. Мо ба куҷо равонем?"

Барномаро дар инҷо бинед:

Озодӣ Онлайн: Оча, бигӯем, бува бигӯем, ё модар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Корбаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар саҳифаи Радиои Озодӣ навиштааст, ки лаҳҷа айб надорад, вале айни замон бояд забони адабиро донист, то мардуми ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон шуморо фаҳманд. Ӯ навиштааст: "Воқеан, гуфтугӯ бо лаҳҷа дар ҳамаи миллатҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад ва ин зараре надорад, вале дар баробари ин бояд забони адабиро донем."

Иддае аз корбарон навиштаанд, ки дар роиҷ шудани истифода аз лаҳҷа дар Тоҷикистон мақомоти давлатӣ ҳам гунаҳкоранд. Ин корбар, ки худро Махфират номидааст, дар вебсайти мо навиштааст:

"Бояд гуфт, ки ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои миёна омӯзгорони ҷавон аслан бо забони адабӣ, яъне забони адабии гуфтугӯӣ ҳарф намезананд. На бо хонандаи мактаб ва на байни ҳамдигар. Ҳол он ки талабаи мактаб бояд сухани нобу гуфтори дурустро шунавад, то ин ки гӯшаш одат кунад ва забонаш ба ин гуфтор гӯё шавад."

Бежан, яке аз корбарони дигар дар Радиои Озодӣ матраҳ кардани мушкили истифодаи зиёд аз лаҳҷаро қобили таҳсину офарин хонда ва гуфтааст, ки барои пешрафти забони адабиву истифодаи васеи он корро аз оилаву муассисаҳои таълимӣ ва аз овони кӯдакӣ сар кард. Шарҳи ин корбарро ҳамроҳ мехонем:

"Пешрафти забон аз оила сар мешавад, баъд аз дабистон, ё ин ки боғча ва омӯзишгоҳ. Агар падару модар ва омӯзгор ҳисси худшиносӣ, миллӣ ва савод дошта бошанд, пас, омӯзиши забон дуруст рафтан мегирад. Баъдан дар телевизион, барандаҳо, хабарнигорҳо дуруст ҳарф зананд, насли ҷавон забонро дуруст ёд мегирад."

Назари Шумо ба истифодаи "чоӣ", "куҷоба", "киҷоӣ" ва ё "куҷоӣ" чист? Кадомиро истифода барем, ки ҳама бифаҳмад? Ба мо нависед. Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ИМО дорем.

XS
SM
MD
LG