Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ" ва хабаргузории TojNews буд.
Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон розӣ шудаанд, ки сафари шаҳрвандони ду кишварро бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо ба қаламрави ҳамдигар иҷозат диҳанд. Ин нукта дар тарҳи протоколи байниҳукуматии ду кишвар дарҷ шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш онро тасдиқ кард.
Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Юсуф Мирзоевро дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода гунаҳкор дониста, ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст. Вокуниши афсар ва наздиконаш ба ҳукм маълум нест. Наздикони сарбози фавтида мегӯянд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд.
Додситонии ҳарбӣ ба таҳқиқи марги як навсарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шуруъ кардааст. Исрофил Азимзодаи 25-сола пас аз тақрибан ду ҳафтаи хидмат ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯро 14-уми апрел дар зодгоҳаш, ноҳияи Рӯдакӣ, дафн карданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки дар Тоҷикистон шароит барои омода кардани мутахассисон мавҷуд аст?
Вазорати тандурустии Тоҷикистон сарусадоро дар бораи бемор шудани як хонандаи мактаб аз доруи зидди кирми рӯда инкор кард. Рӯзи 8-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он як духтар аз дарди шикам шикоят карда, аз модараш ёрӣ мепурсад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон овозаҳоро дар бораи бемор шудани як хонандаи мактаб баъди хӯрдани доруи зидди кирми рӯда рад кард. Рӯзи 8-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он волидони як хонанда мегӯянд, аҳволи фарзандашон баъди истеъмоли як дору дар мактаб бад шудааст.
Баъзе аз сокинон дар Душанбе аз камбуди нақлиёти мусофирбар, шароити нохуби онҳо ва рафтори бархе ронандагон шикоят мекунанд. Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар пойтахт пурсид, ки дар нақлиёти умумӣ аз чӣ хушашон намеояд ва барои ислоҳи камбудҳо чӣ пешниҳод доранд? Посухҳоро дар видео бинед.
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз зиёд шудани ҳолатҳои қаллобӣ бо ваъдаи кор дар хориҷи кишвар хабар додааст.
Бо рондани муҳоҷирони зиёди тоҷик аз Русия ва рӯ ба корхонаҳои Аврупо овардани онҳо, фиреби ин мардум ҳам зиёдтар шудааст. Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон бо як хабаре дар ин бора гуфтааст, қаллобон “бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо ваъдаи кор дар хориҷ" пули мардумро аз худ мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Ҳисор оғоз кардаанд. Яке аз эҳтимолҳои асосӣ расиши сим ё ноқили барқ гуфта мешавад. Дар ин ҳодиса амволи даҳҳо соҳибкор ба коми оташ рафт ва маълум нест, зарари онҳоро кӣ ҷуброн мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Ҳисор оғоз кардаанд. Яке аз эҳтимолҳои асосӣ ба ҳам расидани сим ё ноқили барқ гуфта мешавад. Дар ин ҳодиса молу амволи даҳҳо соҳибкор ба коми оташ рафт ва маълум нест, зарари онҳоро кӣ ҷуброн мекунад.
Додгоҳе дар ИМА ширкатҳои Гугл ва Метаро барои тарроҳии шабакаҳои иҷтимоии худ, ки корбаронро “вобаста” мекунад, $6 млн ҷарима кард. "Гугл" молики "Ютуб" ва "Мета" соҳиби шабакаҳои "Фейсбук" ва "Инстаграм" аст. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки оё воқеан шабакаҳои иҷтимоӣ одамонро вобаста мекунанд?
Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, соли гузашта нархи хона дар Душанбе қариб 3 дарсад боло рафта, арзиши ҳар метри мураббаи он дар пойтахт ба 8207 сомонӣ ё 877 доллар баробар аст. Мо аз сокинон ва меҳмонони Душанбе пурсидем, ки нархи хона то куҷо дастрас аст?
Намояндагони Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфтанд, даромади аҳолии кишвар дар соли 2025 ба таври чашмрас боло рафта, музди меҳнат 20 дарсад афзудааст. Озодӣ аз сокинон ва меҳмонон дар Душанбе пурсид, ки оё соли гузашта даромадашон зиёд шуд ва баробари зиёд шудани даромад, нархҳо чӣ қадар афзоиш ёфтанд?
Кумитаи сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз баҳсу даъво миёни муштариён ва ширкатҳои сохтмонӣ дар Душанбе низоми наве роҳандозӣ кардааст то мардум пеш аз хариди хона қонунӣ будани кори ширкатҳоро санҷанд.
Радиои Озодӣ дар бораи баҳси як зан гузориш дод, ки ба гуфтаи худаш шавҳараш ӯро фиреб дода, молу амволашро фурӯхт. Ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси бовари ҳамсаронро дар Тоҷикистонро доғ кард. Мо аз сокинони Душанбе пурсидем, ки оё ба шавҳар ё ҳамсарашон дар масъалаҳои пулӣ боварӣ доранд?
Дар шароите ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз камбуди шадиди барқ азият мешаванд, ҳукумат нархи истифода аз нерӯи барқро барои аҳолӣ ва корхонаҳо зиёд кард. Бар асоси қарори ҳукумат, нархномаи нав аз 1-уми феврали соли 2026 иҷро мешавад. Мардум барои ҳар киловатт-соат чӣ қадар пул хоҳанд супурд?
Ёфтҳои бештар