Як афсари милиса дар шаҳри Хуҷандро ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш бо се зарби корд захмӣ кардаанд. Ҳодиса 12-уми май дар соҳили Сирдарё рух дода, мақомот 21-уми май ҷузъиёти онро шарҳ доданд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, майори милиса Шаҳзод Холов вақте барои пешгирӣ аз муноқишаи ҷавонон ба соҳили Сирдарё рафтааст, Парвиз Абдуҳамидов яке аз тарафҳои муноқиша ба ӯ дармеафтад.
Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, Парвиз Абдуҳамидов сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд бо чанд сокини дигари ин шаҳр “барои гуфтугузор ва зӯрозмоӣ ба соҳили Сирдарё меоянд. Корманди милиса барои пешгирӣ аз муноқиша ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад ва талаб мекунад ки рафтори ғайриқонунии худро қатъ кунанд.
Гумонбаршуда Парвиз Абдуҳамидов ба талаби қонунии корманди милиса итоат накарда, бо мақсади куштор бо истифода аз корди хоҷагӣ” ба қафаси сина ва тахтапушти корманди милиса се зарба мезанад.
Корманди милисаро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурдаанд ва мақомот гуфтанд, ӯ таҳти назорати пизишкон аст. Назари Парвиз Абдуҳамидов ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҷавон дар гузашта барои ҷинояте 5 сол зиндонӣ шудааст ва парвандаи ӯро маҳз Шаҳзод Холов тафтиш карда будааст. Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, гӯё пеш аз дарафтодан ба корманди милиса, ҳамлавар гуфтааст, ки “маҳз ту будӣ, ки маро шинондӣ”, яъне зиндонӣ кардӣ.
Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ин маълумотро тасдиқ карда гуфтанд, Парвиз Абдуҳамидовро соли 2020 барои ҷинояти қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ Шаҳзод Холов дастгир карда буд.
Худи Парвиз Абдуҳамидов дар гузориши телевизонӣ, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст тасдиқ мекунад, ки корманди милиса Шаҳзод Холовро мешинохт.
Додситонии Хуҷанд алайҳи Парвиз Абдуҳамидов бо иттиҳоми қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин банди қонун аз 15 сол то ба зиндони якумриро пешбинӣ мекунад. Дар Тоҷикистон нофармонӣ ба намояндаи ҳукумат ва ё муқобилаву осеб расондан ба он ҷинояти сахт ба ҳисоб меравад.