Вазири молия гуфт, қарзи Тоҷикистон дар назди “Эксимбонк”-и Чин камтар шуда, ҳоло танҳо 23 дарсади қарзи хориҷии Душанбе аз Пекин будааст. Пештар қарзи зиёди Тоҷикистон аз Чин нигарониҳоеро ба миён оварда буд.
Файзиддин Қаҳҳорзода 22-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз “Эксимбонк” ҳамагӣ 689 миллион доллар қарздор аст. Ба гуфтаи ӯ, музокирот барои гирифтани қарзи нав аз “Эксимбонк” дар ҷараён нест, вале Тоҷикистон ҳамкории наздикро бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ оғоз кардааст. Ин бонк ҳам чинӣ аст.
Моҳи майи имсол ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин, як нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид. Қарор аст, ин бонк ба Тоҷикистон беш аз 800 миллион доллар бидиҳад.
Чин солҳо боз сармоягузори муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳамзамон бо ёриҳои афзоянда, ба бовари гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷа, вобастагии сиёсию молии Душанбе аз Пекин ҳам афзун мешавад.
Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, Душанбе талош дорад, ки аз сарчашмаҳои гуногун сармоя ҷалб кунад.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли имсол 2,9 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Рақаме, ки ба тақрибан чордаҳ дар сади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.
Тибқи маълумоти расмии Вазорати молия, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, Тоҷикистон аз ин созмонҳо ба ин миқдор қарздор аст:
Тибқи омори нави Вазорати молия, Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол барои баргардондани қарзҳои хориҷӣ 270,3 миллион доллар сарф кардааст.
Рӯзи 22-юми июл Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия гуфт, кишвар ният дорад, ки фурӯши бастаи нави "евробондҳо"-ро бо номи "фурӯши бондҳои сабз" ба роҳ монад. Қаҳҳорзода афзуд, ҷузъиёти фурӯши бастаи нави "евробондҳо" бояд моҳи сентябр муайян мешавад.
"Бе ҷалби маблағҳои қарзии дарозмуддат ва имтиёзнок, татбиқи чунин лоиҳаҳо мисли неругоҳи Роғун имкон надорад", - афзуд вазири молияи Тоҷикистон.
Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" ва чанд барномаи дигар ба гирифтани қарз аз хориҷ ниёз дорад. Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст.