Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби Ҷинпин. Пайомадаш барои Тоҷикистону минтақа чист?


Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин
Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин

Давраи сеюм ва номаҳдуди Сӣ Ҷинпин, дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин, идомаи рушди иқтисодиву сиёсиро мумкин хоҳад сохт, вале дар шароити нав ва душвортаре барои ин кишвар.

Бистумин Кунгураи Ҳизби коммунисти Чин 23-юми октябр бо иваз кардани тақрибан кулли ҳайати Кумитаи дафтари сиёсӣ анҷомид. Сӣ Ҷинпин дар панҷоҳ соли гузашта аввалин шахс шуд, ки бори сеюм пайи ҳам вазифаи дабири кул ва раиси ҷумҳури Чинро ба уҳда гирифт. Аз даврони Дэн Сяопин ба мақоми дабири кулли Ҳизби коммунист танҳо барои ду давра метавонистанд такя бизананд. Ин ин маҳдудият соли 2018 бардошта шуд.

Сӣ Ҷинпин пирӯзиро бар фақри мутлақ эълон кард ва чандин ҳадафи стратегиро муайян намуд, ки сохтани сотсиализм бо вижагиҳои ин кишвар, ҷавонсозии миллат ва навсозии артиши Чин, тақвияти мубориза бо фасоди молӣ, эҳтимоли истифодаи нерӯи низомӣ “барои иттиҳоди дубора бо Тайван” ва ғайра иборат аст.

Ҳарчанд ӯ дар суханронии худ аз ҳеч кишвар ном набурд, ҳадс зада мешавад, ки дар даврони зимомдории ӯ таъсири Чин бар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, пайваста бештар хоҳад шуд.

"Ҳомии тавсеаталабии Чин"

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Ба бовари Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил, Сӣ Ҷинпин пуштибони тавсеталабии Чин мебошад, ки вазифаҳои даруниҳизбиро тавассути дароз кардани қудрати худ ҳал кард ва иҷрои вазифаҳои хориҷӣ, аз ҷумла тарҳи "Як камарбанд – як роҳ"-ро идома медиҳад.

"Аввалан, ин ба маънои боло рафтани нақши Чин дар кишварҳои атрофи он аст. Дувум мусаллаҳсозии артиш то соли 2027 ва пайвастани Тайван ба Чин бо роҳи низомӣ дар назар аст. Ин ба маънои рӯ ба рӯ шудан ба дардисарҳое дар робита бо Ғарб мебошад," - мегӯяд Муллоҷонов.

Ба қавли ин коршинос, Чин дар Осиёи Марказӣ тадриҷан шикоферо, ки Русия бар ҷой мегузорад, пур мекунад ва дар бисёре аз корҳо, ки қаблан дар онҳо дахолат надошт, нақши доварро иҷро хоҳад кард.

Тарҳи "Як камарбанд – як роҳ", ки соли 2013 дар кунгураи XVIII Ҳизби коммунисти Чин эълон шуд, бо ҳадафи эҷоди даҳлези энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ байни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик ва инчунин танаввуи иқтисодии ин кишвар бо давлатҳои воқеъ дар масирҳои аслӣ амалӣ мешавад.

Тибқи навиштаи пойгоҳи хабарии "People’s Daily" сармоягузории Чин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то соли 2020-ум 40 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Аз он 21,4 миллиард ба Қазоқистон ворид шудааст. То охири соли 2021 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 7700 ширкати Чин кор кардаанд.

Ғайр аз ин, роҳбари Чин моҳи январи 2022 зимни дидор бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, тиҷорати Чин бо кишварҳои минтақаро то 70 миллиард доллар афзоиш медиҳад.

"Агар мо дар мавриди ояндаи Сӣ дар баробари Осиёи Марказӣ суҳбат кунем, ин фаъолсозӣ ва идомаи тарҳи "Як камарбанд – як роҳ" ва сохтани барномаҳои зерсохтии ҷойгузин аст, ки таъсири беқайду шарт бар равандҳои геополитикӣ хоҳад гузошт. Майли Сӣ барои тарвиҷи консепсияи ормони чинӣ - эҳёи миллати Чин - нишон медиҳад, ки Пекин як нозири камфаъол дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахоҳад буд, балки дар рушд ва сохти он иштироки фаъол хоҳад дошт”, - мегӯяд Наргиза Мураталиева, сиёсатшиноси мустақил аз Бишкек.

Ҷоҳталабиҳои фаротар аз имкон

Аммо бадтар шудани фурсатҳои иқтисодии Чин дар солҳои охир, мумкин аст, боиси коҳиш додани иштиҳҳои дарозмуддати Пекин шавад. Барои амалӣ кардани тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" Чинро лозим омад, ки дар кишварҳои шарики худ 1 триллион доллар бо шумули сармоягузори мустақим ва қарз маблағгузорӣ кунад.

Ҳоло Пекин дучори мушкили қарзҳои ба таъхируфтодаи миллиондолларӣ ва масдуд шудани чандин тарҳ шудааст. "Дар натиҷа, ҳукумати Чин ба иқдомҳои сахтгиронае дар арзёбии хатари тарҳҳо ва додани қарз ва инчунин таъмини молии муштарак аз сӯи кишварҳои шарик даст зад," -- гуфта мешавад дар мақолаи “The Wall Street Journal” аз рӯзи 26-уми сентябр.

Александр Габуев
Александр Габуев

"Давроне, ки ҷаҳон хушҳол буд ва дарвозаҳояш ба рӯи Чину маҳсулоташ кушода, ба поён расидааст. Дар мавриди инки то куҷо ҳисоби дабири кул бар рӯи афзоиши тақозои дохилӣ ва ҷойгузинии воридот муассир хоҳад буд, дар шароите ки дастрасӣ ба фанновариҳои ғарбӣ маҳдуд хоҳад шуд ва шахсони вафодор ба ӯ, вале бе таҷриба аъзои ҳукумат хоҳанд шуд, суолҳо зиёд аст," - менависад Александр Габуев дар мақолаи худ барои маркази Карнеги.

Чин ба унвони корхонаи ҷаҳонии молу коло ва бузургтарин воридкунандаи манобеи энергетикӣ дар пайи бемории ҳамагири COVID-19 мавқеи худро аз даст дод. Таварруми бесобиқа дар кишварҳои пешрафта боиси иқдоми сахтгиронаи сиёсати қарзӣ шуд.

Дар натиҷаи он мардум истифодаи колоҳои Чинро коҳиш дод. Ғайр аз ин, ҳуҷуми Русия ба Украина бар Аврупо - ғанитарин бозори ҷаҳон таъсир расонд, ки Чин молу колои худро ба онҷо содирот мекард. Тибқи омори расмӣ, аз шурӯи ҷанг дар Украина, Чин ворид кардани моли худро аз Русия ба Аврупо дастикам 35 дарсад коҳиш дод.

Намунаи бад

Аммо агар аз назари иқтисодӣ роҳи Чин хеле ҳам ҳамвор нест, модели сиёсии ин кишвар барои ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ бисёр ҷаззоб аст. "Давраи сеюми Сӣ ба кишварҳои минтақа илҳоми нав медиҳад, ки қудратро метавон бемаҳдуд нигоҳ дошт ва қонуни асосиро метавон ба нафъи низоми ҳоким тағйир дод. Минтақа дар тангнои худкомаҳои таъсиргузор қарор дорад ва ин мавқеият тарвиҷи ислоҳот ва дигаргуниҳои демократиро печидатар мекунад ва ба воридоти абзорҳо дар муборизаи сиёсӣ алайҳи мухолифон, маҳдудият дар сиёсати иттилоотӣ, озодии баён ва ғайра кумак кунад," - мегӯяд Наргиза Мураталиева.

Дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ режимҳои тамомиятхоҳ ҳукмронанд, ки қонуни асосиро ҳамвора ба манфиатҳои роҳбарони қудратталаб тағйир додаанд.

Созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ пайваста ин кишварҳоро барои нақзи ҳуқуқи башар ва эҷоди маҳдудият барои озодии сухан танқид мекунанд. Аммо, ҳукумати Пекин, ки шарики стратегии ҳамаи кишварҳои минтақа аст, аз онҳо ҳимояти мутлақ ва “инқилобҳои рангӣ”-ро дар ин кишварҳо ҷилавгирӣ мекунад.

Тоҷикистон барои "гуногунӣ" талош мекунад?

Тоҷикистон аз аввалин ҳамкорони Чин дар арсаи амният аст. Ин кишвар соли 2016 бо Чин тамринҳои низомии муштарак баргузор кард, механизмҳои чаҳорҷонибаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро барои мубориза бо таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ расмият дод ва ба гуфтаи манбаҳои мухталиф дар қаламрави худ пойгоҳи низомии Чинро иҷоза дод, ки вуҷуди он то ҳанӯз инкор карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон то ҳол ба таври расмӣ аз густариши ҳамкорӣ дар арсаи амният бо Чин хусусан дар пасманзари таҳдидҳо аз сӯи Афғонистон ҳимоят мекунад. Ғайр аз ин, дар поёни нишасти СҲШ дар Самарқанд хадамоти матбуотии раиси ҷумҳур дар бораи нияти Тоҷикистон дар амри ҷалби Чин ба чандин тарҳи сармоягузорӣ хабар дод: сохтмони нерӯгоҳи Роғун, “навсозии тавоноии тавлиди ширкати алюминийи Тоҷикистон (ТАЛКО)” ва инчунин “амалисозии ҳарчи зудтар”-и ду роҳи мошингард.

Маълум нест, ин тарҳҳо дар шароити рукуди иқтисодӣ қобили иҷроянд ё на. Дар ҳамин ҳол, аз 3.3 миллиард доллар, ки Тоҷикистон аз сармоягузорони хориҷӣ қарздор аст, 60 дарсади он (1,98 миллиард доллар) дар назди Чин мебошад.

Душанбе Пекинро шарики қобили эътимод мешуморад ва бо камоли майл онро ба тарҳҳо гуногун ҷалб мекунад. Коршиносони мустақил ва мунтақидони ҳукумат дар Душанбе сиёсати Чинро тавсеаталабии иқтисодӣ унвон мекунанд, ки Тоҷикистонро корхонаи тавлиди ашёи хом табдил мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG