Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Долони Вахон. "Нишонагузорӣ"-и Покистон сарусадо ба по кард


Тайи рӯзҳои охир иддао дар бораи нишонагузории нави марзӣ аз тарафи Покистон дар бахшҳое аз ноҳия ё вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон сарусадоҳоеро дар расонаҳои Афғонистону Покистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Долони Вахон миёни Тоҷикистон, Покистон ва Чин ҷойгир аст. Покистон солҳо боз талош дорад, ки тавассути ин долон худро ба Осиёи Миёна бирасонад.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дида мешавад, мардони мусаллаҳ аломат ё нишонаҳои сохтаи ҷониби Покистонро вайрон мекунанд. Таърих ва маҳалли сабти видео маълум нест, аммо иддао мешавад, он ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Иддао шудааст, ки ин нишони марзӣ аз сӯи Покистон дар қаламрави Афғонистон сохта шудааст.

Дар пайи ин иддао, Вазорати дифои ҳукумати Толибон эълон кард, ки ҳама минтақаҳои марзии вилояти Бадахшон зери назорати онҳо аст. Ин вазорат рӯзи панҷшанбе дар эъломияе гуфтааст, нерӯҳои худро барои баррасии вазъият дар ноҳияҳои Вахон, Зебок ва Ишкошими вилояти Бадахшон, ба ин минтақа фиристодааст.

Дар эъломия гуфта шудааст, ки нерӯҳои Толибон ба робитаҳои нек худ бо ҳамсояҳо пойбанд мебошанд, аммо дар сурати таҷовуз ба хоки Афғонистон, аз қаламрави худ дифоъ хоҳанд кард.

Карим Хуррам, собиқ раиси дафтари Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, ҳудуди як ҳафта пеш дар "Твиттер" навишта буд, ки "Покистон ба такрор ва исрор аз Карзай хоста буд, то иҷозаи убури хати транзитиро ба он кишвар аз масири Вахон бидиҳад, аммо президенти вақт то охир қабул накард." Ба гуфтаи оқои Хуррам, ӯ ахиран шунидааст, ки ин дархост бо Толибон низ матраҳ шудааст.

Ба гуфтаи коршиносони афғон, иҷозаи убури хати транзитӣ ба Покистон, аҳамияти транзитии Афғонистонро коҳиш дода, ин кишварро дар ҳошия мегузорад ва хатари тақсим шудани Афғонистон ба миён меояд.

Аз сӯи дигар, шуморе аз аъзои пешини порлумони Афғонистон гуфтаанд, ки мардуми ин кишвар иҷозаи таҷовуз ба қаламрави худро намедиҳанд ва дар баробари ин гуна ҳаракатҳо қотеона меистанд.

Се сол пеш рӯзномаи муътабари амрикоии “Вашингтон Пост” навишта буд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд.

Ҳадаф аз таъсиси пойгоҳи Чин, ба навиштаи “Вашингтон Пост”, ҳузур дар минтақаҳои нооромест, ки барои амнияташ фавқулода муҳим аст. Чин як қитъаи бисёр хурди ҳаммарз бо Афғонистон дорад, ки дар минтақаи Вахон ҷойгир аст ва ин нуқтаро ҳамчун макони эҳтимолии нооромӣ аз Афғонистон арзёбӣ мекунад.

Чин солҳост, аз эҳтимоли он ки ҷангҷӯёни уйғур метавонанд, Афғонистонро барои ҳамла ба Чин ва ё ба минтақаи ғарби Шинҷон истифода кунанд, нигарон аст. Ҳарчанд аксар таҳлилгарон ба ин таҳдидҳо бовар надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG