Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои 81 тан аз донишҷӯёни собиқаш барои ҳозир нашудан ба ҷойи кор, ба додгоҳ шикоят бурдаст.
Гуруҳе аз сокинони Кӯлоб шикоят доранд, ки кормандони шабакаҳои барқӣ зимни ҳисоби барқи масрафкардаи хонаводаҳо тақаллуб мекунанд ва аз онҳо пули бештар меситонанд.
Дар Кӯлоб чун дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳафтаномаву рузномаҳо камтар шудааст ва сабабҳояш ҳам яксон аст. Ру овардани мардум ба манобеи хабарии интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ.
Осоишгоҳи нимавайрони кӯдакони гирифтори cил дар ноҳияи Восеъ барои сокинони бехона, ба ҷойи истиқомат ва ҳезумхонаву оғили онҳо табдил ёфтааст.
Идомаи татбиқи навсозӣ ё нақшаи куллии шаҳри Кӯлоб даҳҳо тоҷирро аз дӯконҳои худ маҳрум хоҳад кард.
То ду моҳи пеш Зуҳро Сайфуллоева дар як вагони сарду оҳанӣ ба фарзандонаш афсонаҳои хушфарҷом қисса мекард. Он вақт тассавур намекард, ки афсона метавонад дар зиндагии худи ӯ ба воқеият табдил ёбад.
Имсол чанде аз гузоришҳои Радиои Озодӣ сарнавишти қаҳрамонҳояшро дигар карданд. Тақдири баъзеро – ба таври куллӣ. Чӣ гуна? Дар ин навори видео бубинед.
Як ҷавони маълул дар Кӯлоб омӯзгориро пеша карда, ба маълулони дигар информатика дарс мегӯяд.
Нархи себ имсол дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод ва Ховалинг ба таври назаррас поин омадааст. Коҳиши арзиши себро тоҷирон ба серҳосил шудани себзорҳои ҷануби кишвар рабт медиданд, вале кишоварзон аз сардии ҳаво маҷбуранд ҳосили себро бифурӯшанд.
Даҳҳо хонавода дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб аз қатъ шудани интиқоли оби ошомиданӣ ба манзилҳояшон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд сабаб қарздории истиқоматкунандагон аст.
Сокинони деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор талош доранд ҳарчи зудтар дар остонаи зимистон хонаҳои худро таъмир карда, вориди сарпаноҳи нав шаванд, ҳарчанд мақомот ба ин офатзадаҳо ваъда дода буд, ки хонаҳои онҳоро пурра то моҳи сентябр сохта дар дасташон медиҳанд.
Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд. Ӯ ҳаждаҳ сол қабл, дар ҳоле ки барои Радиои Озодӣ кор мекард, дар манзили иҷорааш дар Маскав ба қатл расид.
Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд.
Майрамбӣ Назарова солҳо боз мехоҳад аз манзили тангу барои зиндагӣ номувофиқ, ба дигар ҷой кӯч бандад. Ваъдаи мақомоти шаҳри Кӯлоб барои додани қитъаи замин ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд, умедеро барои соҳиби манзили нав шудан дар дили Майрамбӣ бедор кардааст.
Cайиднодир Ҳайдаров, 30-cол дорад. Дувоздаҳ сол пеш ба сохтани созҳои мусиқӣ шавқ пайдо кард ва ба дар ин син ба устоди кораш табдил шуд.
Ёфтҳои бештар