Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қарзи барқро ба сари мардум мезананд" ВИДЕО


Аскар Абдуллоев
Аскар Абдуллоев

Гуруҳе аз сокинони Кӯлоб шикоят доранд, ки кормандони шабакаҳои барқӣ зимни ҳисоби барқи масрафкардаи хонаводаҳо тақаллуб мекунанд ва аз онҳо пули бештар меситонанд.

Занҷир Каримов, сокини маҳаллаи “Чармгарони поён”, яке аз онҳо ва мегӯяд, пули нерӯи барқро ҳар моҳ бе каму кост месупорад, вале ҳафтае пеш ба ӯ гуфтаанд, ки қарздор аст.

“Ду ҳафта қабл нозири барқ омад ва гуфт, ки 2200 сомонӣ қарздор ҳастам ва бояд пули онро пардозам. Намедонам, аз куҷо пайдо шудааст” – гуфт ӯ. Занҷир Каримов иддао дорад, ки саривақт пули нерӯи барқро мепардозад ва тамоми санадҳои гузаштаро ҳам ҳифз кардааст. Вай афзуд: “Ҳисобкунаки барқӣ кор мекунад, пулашонро мегиранд, мо нафаҳмидем, чӣ гуна қарздор шудаем.”

Ба қавли Занҷир Каримов, ҳатто нозири идораи шабакаҳои барқӣ натавонистааст, шарҳ бидиҳад, ки чаро ин муштарӣ қарздор шудааст.

Ӯ бознишаста аст ва 180 сомонӣ ҳаққи нафақа мегирад. Мегӯяд, барои шикоят ба дари идораи Шабакаҳои барқии Кӯлоб меравад, вале онҷо милиса намегузорад, ба назди намояндагони шабака ворид шаванду арзу шикояташонро бирасонанд.

Баъзе аз сокинон рақами ҳисобкунанки барқӣ ва муҳосибаи барқи истифодашударо намефаҳманд, ноилоҷ пулро мепардозанд, то ноқили барқиашонро набуранд ва “қарзашон зиёд нашавад”.

Аммо Аскар Абдуллоев, ки худаш корманди идораи Шабакаҳои барқии минтақаи Кулоб аст, ба талаби нозирони шабакаҳои шаҳрӣ тан надод ва пулеро, ки талаб доштанд, напардохт. Нозирон моҳи ноябр ба ӯ гуфтанд, ки 563 сомонӣ қарздор шудааст.

"Қарзи барқро ба сари мардум мезананд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

“Моҳи ноябр омаданд, ҳисобкунакро санҷиданд ва гуфтанд, 48 сомонӣ кор кардааст. Баъди ин ба идораи шабакаҳои барқӣ рафтам 50 сомонӣ супурдам, гуфтам 2 сомонӣ пешпардохт аст. Гуфтанд, ду сомонӣ барои қарзат рафт. Гуфтам, чӣ гуна қарз?. Гуфтанд, 613 сомонӣ қарздор будед, 563 сомонӣ мондааст” – гуфт ӯ.

Писханд заданд, гуфтанд, ки шикоят кун

Баъд аз онки пулро насупурд, нозирон омаданду ноқилҳои барқиро буриданд ва хонаашро дар зимистон сарду торик гузоштанд. “Шикоят кардам, аммо касе дар шабакаҳои барқи шаҳр маро гӯш накард, гуфтам шикоят мекунам, писханд заданд гуфтанд, шикоят кун” - гуфт ӯ.

Аскар Абдуллоев ба додситонӣ рафт ва арз кард. Санҷиш маълум кард, ки хостаанд, ӯро фиреб диҳанд. Аскар Абдуллоев нусхаи санҷиши додситониро ба Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар он омадааст, ду корманди Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб вақти муҳосиба дар санадҳо ҳаҷми барқеро, ки хонаводаи Аскар Абдуллоев харҷ кардааст, барзиёд навиштаанд.

Муқоисаи санадҳову ҳисобкунак нишон додааст, ба номи ӯ бештар аз 4000 киловат нерӯи барқ навиштаанд, то пули изофӣ бигиранд. Додситонӣ амр додааст, 563 сомониеро, ки ба номи ӯ навиштаанд, ду нозири масъули қазия барқарор кунанд. Додситонии минтақа мегӯяд, ки 12 нафар бо айни шикоят ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Дар нишасти хабарии намояндагони Шабакаҳои барқии минтақаи Кулоб дар посух ба шарҳи чунин қазияҳо гуфтанд, ки азбаски Шабакаҳои барқии шаҳри Кулоб муассисаи мустақил аст, “онҳо намедонанд, дар идора чӣ мегузарад."

Дар худи Шабакаҳои барқии Кулоб гуфтанд, ки шарҳи чунин қазияҳоро аз раҳбарияти пешини идора пурсанд. Бино ба иттилои расмӣ, шаҳри Кӯлоб аз Шабакаҳои барқӣ 150 миллион сомонӣ қарздор аст ва 128 миллион сомонии онро мардум напардохтаанд.

XS
SM
MD
LG