Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯштфурӯшони норозӣ дар Фархор дӯконҳояшонро бастанд. ВИДЕО


Гӯштфурӯшони бозори марказии Фархор дар эътироз ба тасмими идораи андоз, дари дӯконҳои худро бастаанд. Мақомот аз онҳо талаб доранд, ки бидуни мошинҳои хазинадорӣ ё "кассовий аппарат", дигар фаъолият накунанд.

Дар бозори марказии Фархор 18 дӯкони гуштфурӯшӣ вуҷуд дорад ва ду рӯз аст, ки ҳамаи онҳо баста мебошанд. Анбӯҳи зиёде аз мардум рӯзона барои харидани гӯшт меоянд, аммо дӯконҳоро баста меёбанд.

Тоҷирон мегӯянд, онҳо моҳе то 800 сомонӣ андоз мепардозанд ва талаботи нав онҳоро дар ҳолати ногувор қарор медиҳад.

Давлатхӯҷа Сафаров, яке аз фурӯшандагон мегӯяд, баъди талаботи идораи андоз, аз идомаи фаъолияти соҳибкорӣ даст кашидааст. Ӯ гуфт, ин низом ӯро қарздор мекунад.

Ба гуфтаи тоҷирон, вақте онҳо андозро тариқи мошинҳои хазинавӣ ҳисоб кард ва пардохт мекунанд, маблағи андоз хеле бештар мешавад ва онҳо фоидае намебинанд. "Агар мо як говро се ҳазор сомонӣ бихарем, андози он 210 сомонӣ мешавад, ки барои мо дуруст намеояд",-афзуд вай.

Тоҷирон мегӯянд, онҳо моҳе то 800 сомонӣ андоз мепардозанд ва талаботи нав онҳоро дар ҳолати ногувор қарор медиҳад.

Дар идораи андози ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гузоштани мошини хазинадорӣ бар тибқи муқарарот аст ва ба тоҷирон 10 рӯз мӯҳлат дода шудааст, ки фаъолияташонро қонунӣ кунанд.

Гӯштфурӯшони Фархор дӯконҳояшонро бастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG