Рӯзи 25-уми октябр як пораи бузурги пиряхи Деҳдал дар ноҳияи Тоҷикобод канда шуд. Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва нигаронии корбаронро ба миён овард.
Дар чанд маҳалла дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди биноҳои баландошёна дар назар аст. Баъзе аз сокинон нигарон ҳастанд, ки манбаи даромад ва корашон аз даст меравад. Аксари онҳо деҳқонӣ мекунанд.
Баъди эълони таҳрими Иттиҳоди Аврупо нисбати се бонки тиҷоратии Тоҷикистон, “Спитамен бонк”, “Душанбе ситӣ бонк” ва “Коммерсбонк” чунин ба назар мерасад, ки бонкҳои дигар аз эҳтиёт кор гирифта, барои гурез аз таҳримҳо баъзе муомилаҳоро, ки метавонанд дардисарсоз бошанд, маҳдуд кардаанд.
Бо сард шудани ҳаво ва наздик омадани зимистон гарм кардани хонаҳо дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон ба масъалаи муҳим табдил мешавад. Сокинон имсол ҳам мисли солҳои пеш барқро бо маҳдудият мегиранд ва ангишту ҳезум захира мекунанд, то сарморо бидуни осеб паси сар кунанд. Аммо...
Бо сард шудани ҳаво гарм кардани хонаҳо дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ба як масъалаи муҳим табдил мешавад. Сокинон имсол ҳам мисли солҳои қабл нерӯи барқро бо маҳдудият мегиранд ва ангишту ҳезуму тапак захира мекунанд, то зимистонро паси сар кунанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки чаро мақомот то ҳол натавонистанд мардумро пурра бо барқ таъмин кунанд?
Тибқи қонунҳои нави Швейтсария, волидайн дар вақти тарбияи фарзанд набояд аз “зӯроварӣ ҷисмӣ" истифода баранд. Дар Тоҷикистон бархеҳо ҷазо додани фарзандро як роҳи тарбия медонанд. Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсид, ки чаро то ҳол бархеҳо ҷазои ҷисмониро як роҳи тарбия медонанд?
Дар Тоҷикистон доллар арзон шуд, вале камчин. Ин ҳолат ақидаеро, ки ҳарчӣ арзон шуд, бештар мешавад, баҳам мезанад. Шояд ба иллати ҳамин камёфтӣ бонкҳо фурӯши долларро маҳдуд кардаанд ва мегӯянд, мушкил на ба онҳо, балки ба Бонки миллӣ бастагӣ дорад.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ду соли охир даҳҳо нафарро, ки худро блогер муаррифӣ мекунанд, барои пахши наворҳояшон ҷазо додаанд.
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар талоше барои маҳви ришвахориву фасоди густурда дар кишвар миёни мардум назарсанҷие анҷом додааст.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд, дар акси ҳол ҷарима хоҳанд шуд. Мақомоти Тоҷикистон як сол аст маъракаи мубориза бо фолбин ва ҷодугарҳоро ба роҳ мондаанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари сокинони Душанберо дар ҳамин мавзуъ пурсиданд? Баъзе посухҳоро инҷо хонед:
Аз моҳи сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон дар Тоҷикистон 30 дарсад боло меравад. Ба гуфтаи мақомот, баъди ин зиёдшавӣ маоши омӯзгорон ба 1700 то 2700 сомонӣ ($ 180-280) мерасад. Хабарнигорони Озодӣ аз ҷавонон дар Душанбе пурсиданд, ки дар шароити феълӣ ва бо чунин маош мехоҳанд омӯзгор шаванд?
Дар 6 моҳ дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 кас маҷрӯҳ шудаанд. ВКД ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳоро риоя намекунанд, бо суръати тез ва гоҳе маст мошин меронанд. Чаро бо вуҷуди танқидҳо, садамаҳо кам намешаванд? Айби мақомот аст, ронандагон ё роҳгузарон?
Оҷонси зидди фасод соҳаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистонро эълон кард. Тибқи оморҳо, дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз ҳама зиёд кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, тандурустӣ, милиса ва ширкатҳои барқрасонӣ, даст ба фасод задаанд. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки дар куҷо бештар бо фасод рубарӯ шудаанд?
Ёфтҳои бештар