Ду футболбози маъруфи амрикоӣ ба Тоҷикистон омаданд ва бо футболбозони навраси тоҷик бозӣ карданд. Тони Санне ва Лорри Фэйр, ду ситораи футболи Амрико рӯзи 16-уми май меҳмони наврасони Академияи футболи Алмосӣ дар Ҳисор буданд.
Онҳо бо даъвати сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд. Тони ва Лорри дар дастаҳои футболи занона ва мардона дар бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ дар солҳои 1990 ва 2000-ум Амрикоро муаррифӣ кардаанд.
Лорри Фэйр пас аз суҳбат бо наврасони тоҷик гуфт, дар симои ҳар яки онҳо наврасии худашро дидааст.
“Ман мисли онҳо хурд будам, бозиро дӯст медоштам ва мӯйи сарам кутоҳ буд, шабеҳи писарон. Мо духтарону писарон якҷо бозӣ мекардем. Агар мебохтам, он рӯз бароям рӯзи сиёҳ буд,”—гуфт ӯ.
Амрико имсол мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст ва ҳамчунин 250-солагии истиқлолияташро ҷашн мегирад. Сафорати кишвар дар Тоҷикистон бо назардошти ин ва ҳам ба хотири таблиғи варзиш ва дӯстӣ варзишгаронро ба Тоҷикистон овардааст.
Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати Амрико гуфт, бо Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи варзиш, балки дар ҳама самт: иқтисод, амният, тандурустӣ ҳамкорӣ доранд.
Наврасон бо футболбозони маъруф, ки ҳоло ҳар кадоме дар Амрико садҳо наврасро бозии футбол ёд медиҳанд, суҳбат карданд ва аз таҷрибаи онҳо пурсиданд.
Искандар Ҷалилов, муовини президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, ҳузури футболбозони маъруф дар кишвар як таҷрибаи нав аст ва ба бештар шудани дӯстии ду кишвар кумак мекунад.
Ӯ гуфт: «Футбол забони умумии дӯстист, ки мардумони фарҳангу наслҳои гуногунро ба ҳам меорад ва барои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва дӯстии нав имкониятҳои бештар фароҳам меорад.»
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз нахустин кишварҳое буд, ки 34 соли пеш истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ин кишвар солона даҳҳо миллион доллар ба Тоҷикистон кумак ва дар баргузории маҳфилҳои фарҳангиву варзишӣ мусоидати молӣ мекунад.