Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фазо ба ҳадди зарурӣ озоду мусоид нест." 30 соли "Азия-Плюс"

Ҳайати кормандони "Азия Плюс"
Ҳайати кормандони "Азия Плюс"

Хабаргузории "Азия Плюс", ки сӣ соли пеш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта буд, аз камтарин расона дар Тоҷикистон аст, ки талош дорад, то барои хабаррасонӣ аз шеваҳои наву пешрафта истифода кунад.

Рустам Гулов, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ, охирин касест, ки ба гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” ба кор гирифтаанд. Ӯ ҳоло ба ворид кардани ҳуши маснуӣ дар кори ин расона машғул аст. Бо анҷоми ин кор, ӯ қасд дорад, ки хабарнависӣ ва хабаррасониро осон кунад.

“Масалан, дар сомонаи нав ассистенти зеҳни сунъӣ роҳандозӣ кардан мехоҳем, ки ба муҳаррир ё муаллиф ёрӣ мерасонад. Онҳо метавонанд танҳо тезисҳоро бидиҳанд, матнашро зеҳни сунъӣ омода хоҳад кард. Ё категорияро интихоб, тегҳоро илова кунад ва ё сарлавҳа пешниҳод кунад,”—гуфт ӯ.

"Вақте, ки ҳама хабар аз теракту куштор буд..."

“Азия Плюс” калонтарин ширкати расонаӣ дар Тоҷикистон аст, ки соли 1996 кори худро аз нашри як бюллетени хабариву таҳлилӣ барои сафорату созмонҳои хориҷӣ ва доираҳои тиҷоративу корӣ оғоз кард.

Умед Бобохонов, мудири кулли ширкат, ки он замон хабарнигори яке аз нашрияҳои русӣ дар Тоҷикистон буд, мегӯяд, ҳадаф нишон додани чеҳраи воқеии Тоҷикистон буд.

Ӯ гуфт: “Он вақт дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мерафт. Мо медидем, ки берун аз Тоҷикистон дар бораи Тоҷикистон, дар бораи ҷомеаи мо фақат хабарҳои ҳарбӣ мерафт. Дар онҷо теракт шуд, дар он ҷо одам куштанд, дар он ҷо мухолифин фалон кор кард. Мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардем ва медидем, ки сарфи назар аз ҷанг зиндагии мардум рафта истодааст. Фикр кардам, ки хуб мешуд мо ба ҷаҳониён манзараи пурраро пешниҳод кунем”.

Видеоро инҷо бинед:

"Азия плюс"-30-сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:30 0:00

Бо шуруъ аз як бюллетени сода, "Азия Плюс" баъдҳо ба як ширкати бузурги расонаӣ дар Тоҷикистон табдил шуд.

Баҳманёр Надиров, мудири таҳририяи "Азия Плюс" мегӯяд, ҳоло дар таркиби ин расона рӯзнома, оҷонсии иттилоотӣ, маҷалла ва радио фаъол аст.

"Лекин дар навбати худ оҷонсӣ боз ба чанд бахш тақсим мешавад. Аз ҷумла, бахши русӣ, бахши тоҷикӣ, бахши кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ё SMM, бахши навору сабту видео, бахши англисӣ дорем. Ҳамчунин бахши фурӯшу таблиғот. Маҷаллаи "VIP Zone" низ фаъол буд давоми соли 2025 ва ният ҳаст, ки давом диҳем,”—гуфт ӯ.

10 корманд дар хидмати 2 миллион корбар

Дар ҳоли ҳозир бахши шабакаҳои иҷтимоӣ яке пойгоҳҳои асосии иттилоърасонист, ки "Азия Плюс" рӯйи он бештар ҳисоб мекунад ва ба гуфтаи масъулонаш он ҷо 10 корманд кор мекунад ва беш аз 2 миллион корбар доранд.

Меҳрангез Султонзода, масъули шабакаҳои иҷтимоии "Азия Плюс" барои шабакаҳои иҷтимоӣ шеваи дигари корро пеш гирифтаанд. “Ин бознашри пурраи ҳамаи хабарҳо нест. Мо онро барои ҳар як шабака алоҳида омодаву таҳрир, матнро кӯтоҳу дароз мекунем ва ба қолабу форматҳои гуногун мегузорем. Масалан, агар барои Инстаграм видео кунем, барои Фейсбук шояд худи матнро мемонем, барои Телеграм мо графика мекунем. Яъне, кӯшиш мекунем, ки барои ҳар шабака, барои ҳар саҳифа маводро ба тарзи барои хонанда муносиб омода ва нашр кунем,”—гуфт Меҳрангез Султонзода.

"Азия Плюс" дар оғоз бештар бо забони русӣ фаъолият дошт. Ҳоло бахши тоҷикӣ қисмати бештари кори ин расонаро дар бар мегирад. Ҷасур Абудллев, мудири бахши тоҷикии "Азия Плюс" дар баробари мушкилоти дигар, носозгории фазои иттилотиро яке аз душвориҳои умдаи кори рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон медонад

Ба гуфтаи ӯ, фазои кори рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон "ба он ҳадде озоду мусоид нест, ки расона ба таври комил рушд кунад ва рисолати худро анҷом диҳад”.

"Дунё ба умед аст"

То чанд сол пеш дар Тоҷикистон расонаҳои мустақил нақши ба маротиб бештаре аз имрӯз дар фазои иттилоотӣ доштанд. Дар пайи танг шудани фазои озодии баён ва аз миён рафтани расонаҳо, "Азия Плюс" аз камтарин расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Шаҳло Акобирова, коршиноси соҳаи расонаҳо ба нақши назарраси он дар муҳити расонаии Тоҷикистон ишора мекунад.

Ӯ “Азия Плюс"-ро яке аз расонаҳои хабарсозе номид, ки берун аз Тоҷикистон хеле муштарии зиёд дорад ва дар аксари маврид афроди берун аз Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи Тоҷикистон ин расона пайдо мекунанд.

Мудири кулли "Азия Плюс" ҳарчанд аз фазои мавҷуд розӣ нест, бо гузашти 30 сол, ҳанӯз ҳам бо умеди беҳтар шудан кори расонаҳои зери раҳбарияшро идома медиҳад.

“Ҳоло фазо фазои чандон осон нест. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҷаҳон. Мутаассифона, мебинем, ки ҳатто кишварҳои пешқадами демократия, ки мо пеш ҳамчун мисол барои худ меовардем, дар он кишварҳо ҳам вазъият хеле хеле душвор аст барои журналистон, барои расонаҳо. Барои ҳамин, шукр мекунем, ки мо ҳастем, фаъолият дорем. Мисле, ки 30 сол пеш мегуфтем, ки дунё ба умед аст, умед дорем дар оянда ин фазо беҳтар мешавад,”-- Умед Бобохонов, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Азия Плюс".

Сарфи назар аз ҳамқадами комёбиву нокомии Тоҷикистон будани "Азия Плюс" дар ҷараёни 30 соли охир, дар баъзе маврид ин расона аз инъикоси рӯйдодҳои Тоҷикистон худдорӣ кардааст. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2022 ин расона бо нашри баёнияе эълон кард, ки “бино бар фишори мақомот аз бозтоби воқеаҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худдорӣ мекунад”.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG