Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Зайд Саидов: "Хонаи моро мегиранд, дардамонро ба кӣ гӯем?"

Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов
Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов

Мақомот дар Тоҷикистон аз чаҳор фарзанди соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов талаб кардаанд, ки хонаҳои худро дар як бинои баландошёна дар маркази Душанбе холӣ кунанд, чун онҳо ба фоидаи давлат мусодира хоҳанд шуд. Ин талаб бар асоси қароре будааст, ки додгоҳ солҳо пеш содир кардааст. Пайвандони Зайд Саидов онро бепоя медонанд.

Ҷойи зиндагии 23 нафар

Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, ки ҳоло дар муҳоҷират қарор дорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонаводааш дар шароити сахте ҳастанд. Ӯ рӯзи 10-уми апрел афзуд: "Дар чор хона 23 нафар, аз ҷумла 17 кӯдак зиндагӣ мекунанд. Мо инҳоро ба куҷо бояд барем? Ҳар чизе доштем, гирифта шуд. Намедонем, дардамонро ба кӣ гӯем. Ба ҳама ниҳодҳо муроҷиат кардем, ҳеч ҷавоб намегирем, мутаассифона."

Ин фарзанди Зайд Саидов ба ин назар аст, ки додгоҳ аз аввал нисбат ба падараш "ҳукми беасос содир кардааст" ва биноан раванди мусодираи амволашон ҳам "ноодилона сурат мегирад". Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Зайд Саидовро борҳо дурусту исботшуда номидааст.

Як намояндаи Додгоҳи олӣ рӯзи 10-уми апрел бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм нисбат ба Зайд Саидов барвақт қувваи қонунӣ гирифтааст, вале мусодираи амвол дар доираи он бар дӯши ниҳодҳои дигари дахлдор асту ҳанӯз идома дорад.

Мо барои гирифтани шарҳи масъала ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Хадамоти иҷро муроҷиат кардем. Дар ҳарду ниҳод рӯзи 9-уми апрел мавзуъро ба Радиои Озодӣ шарҳ надода, барои посух гуфтан номаи расмӣ талаб карданд.

Дар ҳоле ки мавқеи мақомот ошкор нест, Хайрулло Саидов, писари соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ, мегӯяд, соҳиби асосии манзилҳо бародарону хоҳараш ҳастанд ва хонаи онҳо набояд мусодира карда шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Писари Зайд Саидов: "Дардамонро ба кӣ гӯем?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

"Ин дарди бисёр вазнин аст"

“Ин мавзуъ дар ду-се соли охир аз нав авҷ гирифт. Мо медонем, ки хонаҳоямон дар ҳабс аст, медонем, ки дар ҳукми суд (додгоҳ) ғайриқонунӣ мусодира навишта шудааст. Як чизи бисёр муҳимро мехоҳам зикр кунам, ки мо фарзандони калони Зайд Саидов то соли 2013, вақте падарам маҳкам шуд, фарзанддор ва хонадор будем,” – гуфт Хайрулло Саидов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Хонаи фарзандони Зайд Саидов дар ин бино ҷойгир аст
Хонаи фарзандони Зайд Саидов дар ин бино ҷойгир аст

Мақомот дар солҳои пеш бар асоси ҳукми додгоҳ ширкату корхона ва манзилу мошинҳои марбут ба худи Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фарзандашро мусодира кардаанд. Фарзандонаш ҳоло бештар аз он нигаронанд, ки агар сарпаноҳи охиринро аз даст диҳанд, чӣ гуна ба зиндагӣ идома хоҳанд дод.

Хайрулло Саидов гуфт: “Мо дар муддати 13 сол, Худо шоҳид, агар ҷое барои рафтани ҳамин кӯдакон медоштем, ҳамин хонаҳоро медодему халос мешудем, то ҳадди ақал кӯдакон стресс нагиранд. Ҳар боре, ки дар тақ-тақ мешавад, додарам ва занаш ба ларза медароянд, ки омаданд, то хонаамонро гиранд ва мо ба куҷо меравем? Ин як дарди бисёр вазнин аст.”

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон молу амволи шахсиятҳои шинохтаи зиндониро, ки парвандаашон "дорои ангезаи сиёсӣ" номбар мешавад ва ё наздикони онҳоро мусодира мекунанд.

Соли 2025 хонаву мошин, пул ва дороиҳои дигари баъзе аз сиёсатмадорону мансабдорон ва рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, ки дар доираи парвандаи "табаддулот" зиндонӣ карда шуданд, мусодира гардиданд. Наздикони баъзе аз маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки бо қарори мусодираи амвол розӣ нестанд, чун баъзе аз моликият ба маҳкумшудагон тааллуқ надорад.

Ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров дар як суҳбати пешинааш дар ин маврид ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳангоми мусодираи амволи маҳкумшудаҳо бояд таҳқиқу исбот шавад, ки то куҷо манзил ё дороиҳои дигар дар ҳақиқат ба онҳо тааллуқ дорад.

Ҳоло фарзандони Зайд Саидов мехоҳанд, мақомот бори дигар ин масъаларо баррасӣ ва қазияро мунсифона арзёбӣ кунанд.

Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистонро дар моҳи майи соли 2013 дастгир ва сипас бо иттиҳомҳои "суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, сохтакории санад, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти молиёт (андоз)" 29 сол зиндонӣ карданд. Худаш ва наздикону тарафдоронаш ин иттиҳомҳоро беасос хонда, гуфтанд, ягона сабаби зиндонӣ шудани ӯ талош барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" буд. Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон низ ӯро "маҳбуси сиёсӣ" дониста, борҳо бозбинии ҳукми ӯ ва раҳоияшро аз зиндон талаб карданд, аммо дар Тоҷикистон нодида гирифтанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG