Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Намоишгоҳи наққошиҳои рассоми варзидаи тоҷик дар Душанбе боз шуд. Шумо ҳам онро бубинед ва дар ин видеои Радиои Озодӣ
Афғонистон охирин гурӯҳи маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои худ ба Тоҷикистон интиқол дод.
Аз замони роҳандозии пардохти электронии "City Card" дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе як сол сипарӣ шуд ва масъулони тарҳ кори як солаи худро бомуваффақият унвон мекунанд.
Дар ҳоле, ки бархе омӯзгорони Панҷакент аз иҷборан харидорӣ намудани чиптаҳои консерти муштараки сарояндаҳои маъруфи тоҷик Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ изҳори нигаронӣ менамоянд, масъулини бахши маорифи ин шаҳр мегӯянд, билетҳо "ихтиёран" дастраси омӯзгорон шудааст.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе даъвои падари як сарбозро, ки баъди се соли ҳалокати писараш дар Горди миллии Тоҷикистон хостори ҷуброни моддиву маънавӣ шуд, рад кард. Аммо хонаводаи сарбоз аз ин ҳукм норозист.
Раиси пешини "Ҳавотоғ" дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд як зердасташро ба тасарруфи тақрибан ним миллион сомонӣ фоидаи осоишгоҳ муттаҳам кард.
Наздиконашон мегӯянд, ҳафтаҳост, наметавонанд, бо маҳбусон мулоқот кунанд, онҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ аз вазъи зиндониён пас аз ошӯби 19 май изҳори нигаронӣ мекунанд, аммо мақомот гуфтаанд, то поёни тафтиши қазияи ошӯб дидор бо маҳбусон мамнуъ аст.
Сабрина Абророва, шатранҷбози 12-солаи тоҷик, ки ахиран дар як мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар Русия бо шикасти рақибонаш сазовори медали тилло гардид, мегӯяд, ҳадафи "гроссмейстер" шуданро дорад.
Як майори фирории тоҷик, ки ба қавли худаш ду сол қабл аз таҳдиду фишори зиёди мақомот кишварро тарк кардааст, талош дорад, бегуноҳиашро исбот кунад ва ба Тоҷикистон, назди фарзандонаш баргардад.
Бархе аз сокинони Душанбе мегӯянд, роҳандозии истифодаи корти электронии "City Card" натавонист камбудиҳо атрофи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро аз байн бубарад.
Додситонии ноҳияи Фирдавӣ тафтиши парвандаи ду корманди пулисро, ки дар шиканҷаи Умед Ҳикоятов, сокини 38-солаи пойтахт муттаҳам мешаванд, боздоштааст. Мақомот ва вакили дифои Ҳикоятов мегӯянд, ки муттаҳамон фирор кардаанд.
Дар ҳоле, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳадафи тамдиди соли хонишро тадриси комили барномаҳои таълимӣ ба муҳассилин меномад, дар бархе аз макотиб ба сабаби анҷоми барномаҳои таълимӣ, хонандагон дарсҳои такрорӣ мехонанд. Дар баъзе дигар хонандагон ба мактаб намераванд.
Порлумони Тоҷикистон истеҳсол ва воридоти орди, ба гуфтаи вакилон, бе витаминро манъ кард. Дар Маҷлиси намояндагон гуфтанд, орде, ки дар ҳудуди Қазоқистон манъ аст, феълан дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи гарон ба фурӯш гузошта шудааст.
Мақомоти шаҳри Душанбе ба тахриби боз як қаҳвахона дар пойтахт дасту остин барзадаанд. Онҳо гуфтанд, моликони қаҳвахонаи "Дидор" дар маҳаллаи "Воданасос" барои фаъолият санади зарурӣ надоранд ва бинои он худсарона сохта шудааст.
Мақомоти шаҳри Душанбе ба тахриби боз як қаҳвахона дар пойтахт дасту остин барзадаанд. Онҳо гуфтанд, моликони қаҳвахонаи "Дидор" дар маҳаллаи "Воданасос" барои фаъолият санади зарурӣ надоранд ва бинои он худсарона сохта шудааст ва бояд вайрон гардад.
Баъд аз шикояти зиёди сокинон аз дуди ғализи корхонаҳои оҳангудозӣ дар Душанбе, мақомот фаъолияти бархе аз онҳоро манъ кардаанд.
Давлати Тоҷикистон аз тарси афзоиши бемориҳои шушу саратон дар байни аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки қимати сигорро баланд бардорад, то аз ин роҳ дастрасӣ ба тамоку камтар шавад.
Гурӯҳе аз деҳқонони ноҳияи Турсунзода шикоят доранд, ки заминҳои онҳоро, ки ягона манбаи даромаду таъмини рӯзгорашон аст, хоҷагии деҳқонии маъруфи "Боғи Сомон" аз дасташон гирифтааст. Вале раҳбарони ин ниҳод иттиҳомро рад мекунанд.
Ёфтҳои бештар