Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади ронандаи тоҷикро дар минтақаи зери назорати Толибон ёфтанд. ВИДЕО


Нозимшо Худойдодов
Нозимшо Худойдодов

Ҷасади Нозимшо Худойдодов, ронандаи 56-солаи тоҷикро, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ба дарёи Панҷ сарозер шуда буд, аз қаламрави Афғонистон ва аз як минтақаи зери назорати Толибон ёфтаанд.

Садамаи мошини борбари навъи "Чакман" шаби 9-уми сентябри имсол дар ҳудуди деҳаи Зиғар-Яхчисори Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон рух дод. Нафари дувумро, ки дар ин садама ба дарё афтодааст, ҳанӯз наёфтаанд.

Мухбиршоҳ Худойдодов, писари Нозимшо Худойдодов, рӯзи 18-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади падарашро баъд аз шаш рӯзи ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Дарқади вилояти Тахори Афғонистон ёфтаанд. Ин минтақа дар оғози моҳи сентябри имсол дигарбора ба зери назорати Толибон гузашт.

Худойдодов гуфт, афғонҳо ҷасади падарашро баъд аз "ду рӯзи гуфтугӯ" бо мақомоти тоҷик ба онҳо супурдаанд. Вале ӯ ҳозир нашуд, ҷузъиёти "гуфтугӯ"-ро ошкор кунад. "Мақомот ба мо хабар доданд, ки ҷасади падарам дар он сӯи марз ёфт шудааст. Ман ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафтам. Афғонҳо баъд аз гуфтугӯ ҷасадро дар болои балон гузошта, ба тарафи мо фиристоданд. Дигар чизе нагуфтанду рафтанд", -- нақл кард Мухбиршоҳ ба Радиои Озодӣ.

Ноҳияи Дарқади Афғонистон дар рӯ ба рӯи ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон ҷойгир аст. Пайвандони Нозимшо гуфтанд, ҷасади падари худро дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ аз афғонҳо гирифтаанд.

Дар идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ин хабарро тасдиқ карданд, вале ҷараёни чи гуна ба даст овардани ҷасадро нагуфтанд. Мақомоти нерӯҳои марзбонӣ низ дар ин бора ҷузъиёт надоданд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки Нозимшо Худойдодов шаби 9-уми сентябр аз уҳдаи идораи мошини боркаши навъи "Чакман" набаромада, онро ба дарё чаппа намудааст. Дар ин ҳодиса Хушбахт Бачабекови 19-сола низ ҳалок шудааст ва ҷустуҷӯи ҷасадаш идома дорад.

Нозимшо Худойдодов ва Хушбахт Бачабеков, зодагони ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон буда, ба қавли наздиконашон ба корхонаи хишти ин ноҳия ангишт бурдаанд. Ҳодиса ҳангоми бозгашт рух додааст.

Нозимшо Худойдодов соҳиби шаш фарзанд буда, солҳо боз ба ронандагӣ машғул будааст. Ҷасади ӯро пас аз нисфирӯзии 16-уми сентябр ба Душанбе оварданд ва бегоҳии ҳамон рӯз дафн карданд.

Ҳарчанд мақомот далели чаппа шудани мошини Худойдодовро "аз уҳдаи идораи мошин набаромадан" гуфтанд, баъзе аз ронандаҳо шоҳи "Душанбе-Хоруғ"-ро "роҳи вайрон ва душворгузар" тасвир карданд, ки ба иддаои онҳо "эҳтимоли садама ва чаппа шудани мошинҳо зиёд аст".

XS
SM
MD
LG