Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Касе, ки "ҳаётамро сӯзонданд", гуфта буд, ба дуздӣ айбдор шуд


Умед Ҳикоятов
Умед Ҳикоятов

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбати Умед Ҳикоятов, як сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ин дар ҳолест, ки Умед Ҳикоятов қаблан аз шиканҷа шуданаш дар идораи пулис шикоят дошт.

Ҳарчанд ин хабар танҳо ҳоло ошкор шудааст, байни шикояти Умед Ҳикоятов аз бадрафтории милиса ва ба дуздӣ айбдор шудани ӯ се моҳ фарқ аст. Дар ҳоле ки Додситонии шаҳри Душанбе парвандаи шиканҷа шудани Ҳикоятовро "ба далели исбот нашудан" қатъ намуд, акнун худи шикояткунанда ба дуздӣ муттаҳам мешавад. Яъне парвандаи дуздӣ пас аз се моҳи шикояти ӯ боз шудааст.

Бо айбномаи дуздӣ боз шудани парванда зидди Умед Ҳикоятовро рӯзи 29-уми август ду манбаъ дар Вазорати умури дохилии кишвар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳодисаи дуздии Ҳикоятов ҳудуди ду моҳ қабл ба қайд гирифта шудааст ва таҳқиқи парвандаи ӯро пулиси ноҳияи Сино дар ӯҳда дорад. Манбаъ гуфт, "дар тафтишот далелҳои дуздии ӯ исботи худро ёфтаанд", вале шарҳ надод, ки Ҳикоятов дар дуздии чӣ чизе муттаҳам мешавадва воқеа дақиқан кай рух додааст. Вай афзуд, акнун Ҳикоятов таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо Умед Ҳикоятов бенатиҷа буданд ва вакили ҳуқуқии ӯ, Гулчеҳра Холматова, гуфт, хабари боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар нисбати зерҳимояашро аз мақомот шунидааст, вале аз тафсилоти он огоҳ нест. Вай афзуд, телефони Умед Ҳикоятов чанд вақт боз хомуш аст.

Наздикони Умед Ҳикоятов аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ изҳорӣ бехабарӣ карданд. Садаф Ҳидоятова, хоҳарбузурги Умед, рӯзи 30 -юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, касе онҳоро аз боз шудани парванда огоҳ накардааст. Ҳоло ба гуфтаи Ҳидоятова, сиҳатии Умед аслан хуб нест ва дар яке аз минтақаҳои кишвар пайи табобат аст.

Хоҳари Умед Ҳикоятов афзуд, баъд аз ҳодисаи латукӯби бародараш дар идораи пулис ва шикояти ӯ зиндагии бародараш ба ҳам зад.

"Ҳамсараш аз ӯ ҷудо шуд ва Умед акнун тавони кор кардану зиндагии худро пеш бурданро ҳам надорад. Худаш дар иҷора менишаст, дар сохтмонҳо кор кардаву зиндагиро пеш мебурд. Баъд аз ҷарроҳӣ вазъаш якбора бад шуд, аз кор монд ва занаш ҳам дигар фишор овардан гирифту рафт. Ҳоло аз моядонаш зардоб меравад. Хулоса бачаро маиб карданд,"-гуфт Садаф Ҳикоятова.

Наздикони Умед Ҳикоятов мегӯянд, ӯ дигар умеде ба адолат надорад ва барои идомаи мубориза талош намекунад. Ба гуфтаи Садаф, Умед ҳоло дар Душанбе нест ва ҳар гоҳе худаш хосту ба наздикон занг зад, метавонанд аз ҳолаш пурсон шаванд.

Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Умед Ҳикоятов дар ҳоле сурат мегирад, ки панҷ моҳ қабл ӯ аз шиканҷа шуданаш дар идораи пулис шикоят кард. Ҳикоятовро рӯзи 31-уми марти имсол бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва кафидани мояҳои чапу рост" ба бемористон бурданд. Ӯ даъво дорад, ки ду нозири минтақавии милиса шиканҷааш карда, "ҳаёташро сӯзонданд". Кормандони милиса гуфтанд, Ҳикоятовро барои шоша карданаш дар ҷойи ноҷоиз боздошт кардаанд, вале ӯро назадаанд.

Дар пай расонаӣ шудани қазияи Ҳикоятов, мақомот нисбати ду корманди пулис - Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров бар асоси қисми сеюми моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ – "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ", парванда боз карданд. Додситонӣ ин қазияро чаҳор моҳ таҳқиқ кард, вале ахиран хабар дод, ки "бо далели наёфтани таркиби ҷиноят" парвандаро бастааст.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Умед Ҳикоятов рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба мақомоти додситонӣ далелҳои зиёд пешниҳод карда буд, вале онҳоро ба инобат нагирифтаанд.

Қазияи латукӯби Умед Ҳикоятов 5 моҳ қабл расонаӣ шуд ва нигарониҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард. Фаъолони ҷомеа ва садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ тақозо карданд, то омилони шиканҷа сахт муҷозот шаванд.

XS
SM
MD
LG