Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На рӯз хобем, на шаб, аз бӯю дуди партов безор шудем" ВИДЕО


Партовгоҳи канори мактабе дар 8-километрии шаҳри Душанбе ва дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ хонандагону омӯзгорон ва сокинони биноҳои атрофро дар вазъияти ногувор гузоштааст. Раиси деҳаи Мавҷ мегӯяд, ба зудӣ роҳи ҳалро пайдо мекунанд. Дар корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ гуфтанд, ки бояд аввал сокинон бо онҳо шартнома банданд ва сипас даст ба кор мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки аз аввали моҳи сентябр боз дар мактаби рақами 83-и деҳаи Мавҷи ноҳияи Рӯдакӣ дару тирезаи синфхонаҳоро кушода наметавонанд, ҳарчанд ҳаво гарм асту нишастан -- мушкил. Дар мактаби рақами 83-и деҳаи Мавҷи Рӯдакӣ 600 хонанда таҳсил мекунанд.

Омӯзгорони мактаби рақами 83 аз масъулон талаб доранд, ки ҳар чӣ зуд ин партовгоҳро ба ҷойи кӯчонанд ё ақалан партови онро ҳамарӯза бибаранд.

Заргуна Наимова, омӯзгори мактаб мегӯяд, бӯйи ғализи партовгоҳ ва ба синфхонаҳо даромадани пашшаи зиёд баъзан садди роҳи таълим шудааст. "Хонандагон шоҳиданд, ки мо як рӯз барои пашша шуда, дарс дода натавонистем. Бӯйи дуди партов бисёр бад аст ва хонандаҳоро бетоқат мекунад," -- гуфт омӯзгор.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

"На рӯз хобем, на шаб, аз дасти пашша безор шудем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Ба гуфтаи сокинон, раиси деҳа ҳар моҳ барои кашондани партовҳо аз ҳар кадоме онҳо пул ҷамъ мекунад, "аммо интиқоли партовҳо дар ду-се моҳ як бор сурат мегирад".

Юнус Тешаев, раиси деҳаи Мавҷ мегӯяд, барои интиқоли як "Камаз" партов қариб 500 сомонӣ сарф мешавад ва маблағе, ки аз сокинон мегиранд, кофӣ нест.

Баъзе аз коршиносони ҳифзи муҳити зист чунин партовгоҳҳоро "нақзи меъёрҳои экологӣ" медонанд. Чанде пеш Абдулҳаким Маҳмудов, раиси бахши Идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҳолати ногувори партовгоҳи деҳаи Мавҷ изҳори бехабарӣ карда буд, вале гуфт, ҳамкоронашро мефиристад, масъаларо баррасӣ кунанд.

Cаёҳат Додоҷонова, раиси ҷамоати Мирзо Турсунзода, ки деҳаи Мавҷ ба ҳамин ҷамоат дохил мешавад, гуфт, дар назар аст, дар ҷойи дигаре замин ҷудо намуда, партовгоҳи паҳлӯи мактабро кӯчонанд. Ӯ таъкид кард, ки "масъалаи тозагии деҳаҳо, аз ҷумла деҳаи Мавҷ зери назорат аст", вале сокинон мегӯянд, масъулони мақомоти маҳаллӣ ҳеҷ ба нигарониҳояшон аз вазъи ногувори муҳити зист расидагӣ намекунанд.

Духтар ва писари Зебо Ҷамолиддинова, сокини деҳаи Мавҷ дар мактаби деҳа таҳсил мекунанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳамарӯза ба назди мактаб омада, назорат мекунад, то фарзандонаш ба партовгоҳ наздик нашаванд.

"Аз ҳисоби ин партовгоҳ писару духтарам чанд дафъа бемор шуданд. Ҳамеша мегӯям, ки ба тарафи партовгоҳ наравед, аммо кӯдак ҳастанд, боз мераванд",-гуфт Ҷамолиддинова.Табибони деҳаи Мавҷ ҳам тасдиқ мекунанд, ки вуҷуди партовгоҳ дар назди мактаб ба саломатии наврасони деҳа зарар расондааст. Ба гуфтаи Таҳмина Шокирова, "кӯдакон бештар бемории пӯст мешаванд. Онҳо дар дохили партовгоҳ мегарданд. Партовҳоро шабона касе оташ мезанад ва дуди он то чанд рӯз мемонад, ки хеле зараровар аст."

Дар корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сокинони деҳаи Мавҷ бо ин корхона шартнома надоранд ва барои ҳамин онҳо дар кашонидани партовҳои деҳа муваззаф нестанд. Абдусаттор Болтаев, масъули корхона ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо фақат партови марказҳои шаҳру ноҳияҳоро мекашонанд. "Кашонидани партови деҳаҳо ба ӯҳдаи раисони ҷамоатҳо аст. Дар сурати муроҷиати раиси ҷамоат, роҳбарияти корхона аз рӯи имконияти техникии худ метавонад бар асоси шартнома кашондани партови деҳаҳоро низ ба роҳ монад", -- афзуд ӯ.


Корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ барои кашонидани партовҳо аз ҳар нафар то 7 сомонӣ мегирад. Бархе аз сокинон мегӯянд, нархномаи ин корхона барои онҳое, ки аъзои оилаашон зиёд аст, гарон меафтад, бинобар ин чандон аз бастани шартнома ба ин корхона ҳавасманд нестанд.

Атрофи партовгоҳи деҳаи Мавҷ на танҳо мактаб, балки боғчаи кӯдаконаву бунгоҳи тиббӣ ва дӯкони фурӯши маводи ғизоӣ низ аст.

Мавҷ ягона деҳае нест, ки сокинонаш аз камбуди партовгоҳҳо, бӯи ғализи партовҳо ва бетаваҷҷӯҳии ниҳодҳои марбута шикоят мекунанд. Қаблан чунин шикоятҳо аз деҳаҳои дигари наздики пойтахт, аз ҷумла аз ноҳияи Варзоб низ садо дода буд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG