"Гуфтанд, аз пешонияш захм бардоштааст ва устухони паси гарданаш низ кафидааст. Коғазаш дар инҷост." Ин нақли Сайиднисо Қосимова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бораи писари 34-солааш, Аюбҷон Неъматов, аст. Мақомот ӯро баъди як занонзании гурӯҳӣ дастгир кардаанд.
Сайиднисо Қосимова мегӯяд, дар занозанӣ дар қаҳвахонаи "Арбоб" қариб бист кас иштирок карда, вале танҳо писари ӯ дастгир шудааст. Чизе, ки ӯ беадолатӣ меномад ва аз чунин бархӯрд норозӣ аст.
Қаҳвахонаи "Арбоб" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ҳодиса шоми 23-юми майи имсол рӯй дода, Аюбҷон Неъматов аз он замон то кунун дар боздоштгоҳи муваққатист.
"Дар умум, 20-25 кас будаанд. Дӯстон бо ҳам ҷанҷол кардаанд. Аз байни бист нафар танҳо бачаи ман дар боздошт аст. Ду-се рӯз аз гулӯяш об нагузашт. Ҳангоми занозанӣ буғӣ кардаанд. Дар ин ҷо хулосаи духтур ва санҷиши пизишкӣ аст. Ин мактубҳоест, ки мо ба мақомот навиштем," – гуфт Сайиднисо Қосимова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи мақомот дар бораи ҳодиса то ин дам бенатиҷа буд. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, маъмурони милиса нисбат ба Аюбҷон Неъматов парванда боз кардаанд ва ӯ ба авбошӣ гумонзад аст.
Дар ҳоле ки модараш Аюбҷон Неъматовро "ҷабрдида" меномад, дар навори дурбинҳои назоратӣ, ки Радиои Озодӣ дид, ӯ ширкатдорони дигари ҳодисаро душному ҳақорат додааст. Дар он навор шахсони зиёде дида мешаванд.
Инро ҳам хонед:
Аввал киро заданд ва чаро заданд? Ҷузъиёти нави моҷаро дар "Парламент""На ҳукм медиҳанд, на раҳо мекунанд"
Масъулони қаҳвахонаи "Арбоб" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахостанд, ки дар бораи ҳодиса суҳбат кунанд. Танҳо дар гуфтугӯи ҳузурӣ ишора карданд, ки дар ин моҷаро онҳо низ зиён дидаанд.
Сайиднисо Қосимова мегӯяд, баҳсу хархаша дар қаҳвахонаи "Арбоб" бар сари пули хӯрок байни меҳмонон сар зада, сипас, намояндагони қаҳвахона ҳамроҳ шудаанд. Дар ҳоле ки мақомот шарҳ намедиҳанд, Қосимова иддао дорад, ки эҳтимол ширкатдорони дигари муноқиша аз кишвар берун шуда ё аз ҷавобгарӣ озод гаштаанд. Радиои Озодӣ онро мустақилона тасдиқ ё инкор карда наметавонад.
Сайиднисо Қосимова
"Як бор мурофиа шуд. Мо дар даст факти ҷангро дорем. Ҳамонро дида, дигар давом надоданд. Мурофиа ҳамагӣ як бор дар суд (додгоҳ)-и вилоятӣ гузашт. Ин 13-уми июн буд, то ҳоло дигар суд нашудааст. На ҳукм медиҳанд, на аз боздоштгоҳ раҳо мекунанд," – афзуд ӯ.
Ин зан мехоҳад, додрас ҳарчӣ зудтар қазияи писарашро баррасӣ ва хулосаи худро эълон кунад.
Ҷанҷолу занозанӣ дар тарабхонаву қаҳвахонаҳои вилояти Суғд дар моҳҳои охир зиёд шудааст. Дар занозанӣ дар тарабхонаи "Парламент"-и шаҳри Хуҷанд, ки моҳи феврали имсол рӯй дода, сарусадои зиёд барпо кард, додситони пешини шаҳри Бӯстон низ ширкат дошт. Баъди расонаӣ шудани ҳодиса ӯ аз соҳа ронда шуд ва чанд нафари дигар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Мақомоти умури дохилӣ на ҳамеша дар бораи чунин ҳодисаҳо маълумот медиҳанд, ҳарчанд дар бораи ҳодисаҳои дигар зуд ва ботафсил гузориш нашр мекунанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Даҳҳо нафар ҷанҷол карданду танҳо писари ман ҳабс шудааст"